Бахшҳо
29 янв 2016 12:04Тоҷикистон / Тема дня

Ҳукми муттаҳамон дар қатли тиллофурӯшҳо эълон шуд

Додгоҳи вилояти Суғд имрӯз, 29 январ ҳукми афродеро, ки дар куштори аҳли оилаи соҳибкори тиллофурӯш аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муттаҳам мешуданд, эълон кард.

Бародарон Муҳиддин ва Олим Раҳматовҳо ҳамроҳ бо чанде аз наздиконашон дар қатли хонаводаи соҳибкори тиллофурӯш аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - Аҳмадхӯҷа Бобоев ва саррофон аз шаҳри Хуҷанд - Бурҳоновҳо муттаҳам мешуданд. Муҳиддин Раҳматов, ки аз саркардаи ин гуруҳ гуфта мешуд, моҳи сентябри соли сипаришуда дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд ба ҳалокат расид. Сабаби марги ӯро сактаи қалб гуфтанд.

Бо ҳукми додгоҳ Олим Раҳматов барои як умр равонаи зиндон шуда, Адиба Раҳматова, завҷаи Муҳиддин Раҳматов 30 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Сарвиноз Раҳматова (духтари Муҳиддин), Аҳлиддин Раҳматов, Қиёмиддин Раҳматов ва Ваҳҳоб Раҳматов (падари Муҳиддин) 28 солӣ равонаи зиндон шуданд. Валӣ Раҳматов 7 сол ҳукм гирифт.

Ҳукми муттаҳамон дар қатли тиллофурӯшҳо эълон шудВазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар дода буд, бародарон Раҳматовҳо рӯзи 2 июни соли 2013, тахминан соати 03:00 тавассути девори ҳавлии ҳамсоя вориди манзили зисти соҳибкори инфиродӣ - шаҳрванд Аҳмадхуҷа Бобоев шуда, бо истифода аз силоҳи оташфишони “Калашников” соҳибхона – Бобоеву ҳамсараш – Ҳаётхони 39-сола ва фарзандони ноболиғи онҳо – Рухшона Бобоеваи 16-сола ва Суҳроб Бобоеви 15-соларо қатл карда, фарзанди хурдии хонавода – Санҷарбек Бобоеви 7-соларо дар ҳаммоми ин манзил маҳкам намудаанд ва тамоми ҷавоҳироти тиллоиро тасарруф ва бо мақсади рӯйпуш намудани ҷиноят хонаро оташ зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд, ки бар асари сухтор фарзанди хурдии хонавода низ аз дуди оташ заҳролуд шуда, ба ҳалокат расид.

Инчунин, онҳо дар қатли саррофон аз шаҳри Хуҷанд айбдор мешуданд. “Бародарон Раҳматовҳо давоми ду шабонарӯз реҷаи кории фаъолияти соҳибкор - Юлдош Бурҳонов ва писараш - Фарҳод Бурҳоновро омухта, рӯзи 28 декабри соли 2011 дар назди манзили зисташон дар кучаи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд тавассути силоҳи “Калашников” ба онҳо ҳамла карда, баъди ба ҳалокат расонидани падару писар сумкаи варзишиеро, ки ҳомили беш аз 200 000 сомонӣ буд, тасарруф карда, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд",-гуфта буд дафтари матбуоти ВУД.
Мӯҳр
B
Badbakhtho hamashonro boyad to okhiri umr medodand

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)