Бахшҳо
11 сен 2015 15:18Тоҷикистон

Марги саркардаи “қотилон”-и тиллофурӯшҳо дар “СИЗО”-и Суғд

Муҳиддин Раҳматов, саркардаи эҳтимолии муттаҳамон дар қатлу ғорати тиллофурӯшону саррофони вилояти Суғд бар асари сактаи қалб дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд ҷон додааст.

Дар ин бора ба “Озодагон” аз Раёсати зиндонҳои Тоҷикистон хабар дода, афзуданд, ҳодиса чанд рӯз қабл дар пайи он рух додааст, ки Муҳиддин аз боздошти бародару бародарзодааш дар Русия ва истирдодашон ба Тоҷикистон огоҳ шудааст.

Қаблан вазорати умури дохилӣ бародарон Муҳиддин ва Олим Раҳматовҳоро бо ҳамроҳии дигар наздиконашон дар қатли тиллофурӯшу саррофони шимоли Тоҷикистон муттаҳам кард. Дар қатори ҷиноятҳои мудҳиш қатли Бобоевҳо ва саррофон -- Бурҳоновҳо зикр мешаванд.

Манбаъ мегӯяд, бародарон Раҳматовҳо рӯзи 2 июни соли 2013, тахминан соати 03:00 дақиқа тавассути девори ҳавлии ҳамсоя вориди манзили зисти соҳибкори инфиродӣ - шаҳрванд Аҳмадхуҷа Бобоев шуда, бо истифода аз силоҳи оташфишони “Калашников” соҳибхона – Бобоеву ҳамсараш – Ҳаётхони 39-сола ва фарзандони ноболиғи онҳо – Рухшона Бобоеваи 16-сола ва Суҳроб Бобоеви 15-соларо қатл карда, фарзанди хурдии хонавода – Санҷарбек Бобоеви 7-соларо дар ҳаммоми ин манзил маҳкам намудаанд ва тамоми ҷавоҳироти тиллоиро тасарруф ва бо мақсади рӯйпуш намудани ҷиноят хонаро оташ зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд, ки бар асари сухтор фарзанди хурдии хонавода низ аз дуди оташ заҳролуд шуда, ба ҳалокат расид.
Мӯҳр
Фирдавс
Шахбоз
Исо ба рохе дид яке кушта фитода, Хайрон шуду бигирифт ба дандон сари ангушт, Бигуфто ки киро кушти то кушта шуди зор, То боз ки уро бикушад он ки туро кушт. (узр агар хатоги бошад)

Ромиш
Ачоиб, ин макомотхо аввал зада мекушанд, баъд мегуянд, ки бар асари сактаи дил ё худаш афтоду мурд. Тоба, ин бача гунахгор буд, вале шумо хакки куштани уро надоштен, пагох дар рузи киёмат чи чавоб медихед? Ё ки бовар надоред ба рузи киёмат?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)