Бахшҳо
20 май 2016 11:47Тоҷикистон / Сиёсат

Шикояти падар аз “облава”-и писари донишҷӯяш

Маҳмадалӣ Саидзода, як сокини шаҳри Ваҳдат мегӯяд писараш-Эмомалӣ, донишҷӯи Коллеҷи омори Ваҳдат шоми 19-уми май ҳадафи “облава” қарор гирифтааст.

Саидзода дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, писараш дар яке аз кӯчаҳои шаҳр боздошт шудааст: “Ҳуҷҷати донишҷӯияшро нишон додааст, вале масъулини комиссариат ба инобат нагирифтаанд”.

Хабарнигори “Озодагон” дар пайи огоҳӣ аз ин қазия ба комиссиариати ҳарбии шаҳри Ваҳдат ҳозир шуд, то асли ҳодисаро фаҳмад: “Вақте назди комиссариат расидем, соат 20:50 дақиқа буд ва волидайни чанд нафари дигар аз боздошти ғайриқонунии фарзандони худ гила мекарданд. Як ҳамсабақи Эмомалӣ Саидзода, ки дар он ҷо ҳузур дошт, дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, бояд бо Эмомалӣ кори курсӣ менавиштем. Бояд вомехӯрдем, ман аз ин тарафи роҳ будам Эмомалӣ аз тарафи дигар. Ногаҳон як мошин дар наздаш истоду гуфт “ҳе бача ин ҷа биё”. Ӯ фаҳмид, ки “облава”-ай ва рӯ ба гурез овард. Мара гуфт, “ту ҳам гурез, ки меқапандта”. Аммо мошин аз паси Эмомалӣ рафт, дигар намедонам чӣ шуд? Чанд бор ба телефонаш занг задам, вале банд мекарданд”.

Хабарнигори “Озодагон” афзуд, ки масъулини комиссариати ҳарбӣ ба суолҳо, ки чаро супориши раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва Шералӣ Мирзо, вазири дифоъ дар мавриди кор набурдани “облава”-ро иҷро намекунед, бо баҳонаи набудан роҳбарият посух надоданд: “Равед ин гапҳора ба худшон бген. Буроед ай дарвоза...”

Исматулло Икромов, як сокини 50- солаи деҳаи кӯчаи Баҳористони деҳаи Холбеқараи шаҳри Ваҳдат, ки дар назди дарвозаи комиссариат ба “Озодагон” суҳбат мекард, гуфт: “Бори сеюм аст, ки писарам мавриди облава қарор мегирад. Писарам муаллими таърики мактаби рақами 39 ҳаст ва вақте аз мактаб барои қабули ҳуҷҷатҳои раъйпурсӣ мерафтааст, дар роҳ ӯро облава кардаанд. Боз туҳматаш карданд, ки гӯиё бо санг кормандони комиссариятро зада бошад”.

Исматулло Икромов афзуд, ки писараш Равшанҷони Исматулло қаблан низ ҳадафи “облава” ва латту кӯб қарор гирифта буд: “Ман гуфтам, ки ташхиси тиббӣ карда, аз болояшон ба додгоҳ шикоят мебарам, вале маро зора карданд, ки ин корро накунам ва дар ивазаш писарамро озод карданд. Дар деҳа чанд нафари доранда ҳаст, вале кормандони комиссариат боз ба хонаи камбағалон мераванд. Писарамро туҳмат кардаанд, ки гӯиё кормандони комиссариятро зада бошаду шишаи мошинашонро шикастааст”.

Афроде, ки дар назди Комиссариати ҳарбии Ваҳдат ҷамъ омада буданд, аз қавли масъулини ин ниҳод ба “Озодагон” гуфтанд, “то ҷамъбасти даъват 70 нафари дигар намерасад, бояд нақшаро иҷро кунем”.
Мӯҳр
шер
донишчуени колеч хизмат мекунанд.Донишчуени донишкада то хатм аз хизмат озод хастанд,мегуфто ки бачахотона Афгонистон мебурда бошан,монед хизмат кунанд

ба шер гуфтаниям суханат аз мантиқ берун аст аз ҳавою ҳавас гап назан чаро имруз одамои сумдор хизмат намекуна аммо камбағло хизмат о ин аблава ки хукук додай ки халқа 0ами барзиёдати мета охи дар суғд як бача ҳангоми абалава худашро ба дарё партофт ҳалок шуд ина ки ҷавоб мета ин аи рӯи инсоф нест

Ҷавоб ба поён;Пас чаро худат ё фарзандатро пинҳон мекуни аз дур истода лоф мезанӣ. Агар фармон дар бораи андоз ё буҷаи давлат бошад бечуну чаро иҷро мекунен, пас чаро фармони раиси ҷумҳур дар бораи манъи облава ҳаст инро иҷро намекунед.

Писари ман дар синфи 11 мехонад. Сину солаш холо барои даъват нарасидааст. Локин 2- бор шуд аз деха ш.Вахдат уро облава мекунанд. Комисариат мегуяд, писари ту аз 9 ум синф аз мактаб баромадаст ва дар баробари ин бачат бузбала аст. Дар ин холат уро ба аскари мебаранд. Ин комисарияти ш. Вахдат аз хад гузаронидаанд. Илтимос ягон чора бо маколахо нависед, ки бинанд. Медонам, ки кор дигару гап дигараст дар Точикистон ба хар хол. Барои мардуми Вахдат дар ягон чо кор намедиханд, аммо барои аскари бачахои сину солашон нарасидаро мебаранд. Мардак шавед чоп кунед. Ман дар се рузи охир 21 шарх навистам аммо ягонташа чоп накардед.

Иброҳим
шер, аз паси монитор гапҳои беҳуда назан. Мард боши аввал рафта хизмат кун бад суҳбат мекунем, окей???

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)