"Облава" дар Душанбе... баъд аз супориши президент

Як сокини ноҳияи Шӯрообод дар шаҳри Душанбе ҳадафи “облава” қарор гирифта, нисфи рӯзро дар комиссириати ҳарбии ноҳияи Синои пойтахт паси сар кардааст.
Ин ҷавон, ки нахост, номаш ифшо шавад, дар суҳбат бо "Озодагон" гуфт, ӯро рӯзи 8 апрел дар назди фабрикаи “Ширин”-и Душанбе як гурӯҳи 6-нафарӣ бо либоси мулкӣ боздошта, маҷбуран савори мусофирбари тамғаи “Хундай” кардаанд. “Маҷбурӣ дохили мошин дароварда, ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино бурданд. Гуфтам, ман 5 сол донишгоҳ хондаам, маълумоти олӣ дорам ва синнам аз хизмати ҳарбӣ гузаштааст. Таъкид кардам, ки фармони президент аст, бояд облава набошад. Аммо ба гапҳои ман аҳамият надоданд. Танҳо баъд аз нисфирӯзӣ, вақте фаҳмиданд, воқеан синни ман аз хидмати ҳарбӣ гузаштааст, раҳо карданд. Он ҷо мегуфтанд, фармони раис аст, ки бояд нақша саривақт иҷро шавад”,-нақл кард мусоҳиби мо.
Шикояти ин сокини ҷавони Шӯрообод аз “облава” ва он ҳам дар шаҳри Душанбе дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон -- раисиҷумҳури Тоҷикистон супориш дода буд, аз усулҳои ғайриқонунии ҷалби наваскарон ҷилавгирӣ шавад ва ҷавонон тариқи тарғиби ватандустӣ ба хидмати ҳарбӣ оянд. Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон, низ дар пайи нашри фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар бораи даъвати баҳории наваскарон гуфт, ин раванд тибқи талаботи қонунҳои кишвар сурат мегирад ва “облава” намешавад.
“Чунин мафҳум умуман дар қонунгузории кишвар вуҷуд надорад”,-афзуда буд ӯ. Маҳмадалиев таъкид карда буд, он ҳама гуфтугузорҳои қаблӣ, ки гӯиё дар гузашта аз роҳҳои ғайриқонунӣ барои ҷалби наваскарон истифода мешудаанд, беасосанд ва далели мушаххасе вуҷуд надорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |