Вазорати мудофеа: Зимни даъвати баҳорӣ “облава” намешавад

Вазорати мудофеаи Тоҷикистон мегӯяд, даъвати баҳории наваскарон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ дар доираи қонунгузории кишвар сурат хоҳад гирифт.
Фариддун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорат дар пайи нашри фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар бораи даъвати наваскарон гуфт, ин раванд тибқи талаботи қонунҳои кишвар сурат мегирад: “Облава намешавад. Чунин мафҳум умуман дар қонунгузории кишвар вуҷуд надорад.”
Маҳмадалиев таъкид намуд, ки он ҳама гуфтугузорҳои қаблӣ, ки гӯиё дар гузашта аз роҳҳои ғайриқонунӣ барои ҷалби наваскарон истифода мешудаанд, беасосанд ва аксаран далели мушаххас надоранд.
Ин дар ҳолест, ки истифодаи роҳҳои ғайриқонуниро зимни ҷалби наваскарон ба артиш ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ таъкид карда, супориш дод, ки аз онҳо ҷилавгирӣ шавад ва даъвати наваскарон тавассути тарбияи ватандӯстӣ ташкил гардад. Аммо то куҷо Шералӣ Мирзо, вазири навтаъини мудофеаи Тоҷикистон аз уҳдаи иҷрои ин супориши президент мебарояд, ба гуфтаи таҳлилгарон мавсими баҳории даъвати наваскарон нишон хоҳад дод.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |