Бахшҳо

Фармони президент дар бораи даъвати наваскарон: “Облава” намешавад?

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар мавриди даъвати баҳории наваскарон ба хидмати ҳарбӣ фармон баровардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармон дод, хизматчиёне, ки муҳлати хизмати ҳарбиро адо намудаанд, ба эҳтиёт рухсат дода шаванд ва тибқи ин фармон, “моҳҳои апрел-майи соли 2014 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синну соли калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъват карда шаванд."

Эмомалӣ Раҳмон Вазорати фарҳанг, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистонро вазифадор намудааст, ки омодагӣ ва рафти даъвати шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба таври васеъ инъикос намуда, хизмати ҳарбиро дар Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон тарғибу ташвиқ намоянд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон муваззаф гардидааст, барои муоинаи назоратии тиббии даъватшавандагон табибону мутахассисони ботаҷрибаро таъмин намояд.

Ин дар ҳолест, дар остонаи маъракаи наваскарон Эмомалӣ Раҳмон, таъкидан ба масъулин супориш дод, ки аз роҳҳои ғайриқонунии ҷалби наваскарон ба артиш кор набаранд. Дар пайи ин супориш бархе аз таҳлилгарон интизоранд, ки имсол “облава” коҳиш хоҳад ёфт.
Мӯҳр
лагви 'облава' икдоми назаррас барои пешрафти артиш аз тарафи рахбари давлат аст.
икдоми навбати дар асоси шартнома(контракт) даъват кардани наваскарон, сафи артишро пуркувват мекунад.
Пароканда лашкар наояд
ба кор,
Хазор марди чанги бех аз
сад хазор.

лагви 'облава' икдоми назаррас барои пешрафти артиш аз тарафи рахбари давлат аст.
икдоми навбати дар асоси шартнома(контракт) даъват кардани наваскарон, сафи артишро пуркувват мекунад.
Пароканда лашкар наояд
ба кор,
Хазор марди чанги бех аз
сад хазор.

Хамин облава ё даъват ба сафи артиш то кадом мухлат бошад ? Ё то кадом мох давом меёфта бошад ?

Озод
Облава яъне даъват ба сафи артиш аз 1апрел то охири мохи май давом мекунад

03 регион
Генерали 26 соларо ба армия бурдан лозим. Ку мардум хизмати генералчаи 26 солаи бинад

пайкон
хизмат бидуни аблава намешавад зеро ки чавонони мо тарсуянд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)