Бахшҳо

Суҳбати Усмонов: Аз рукуди журналистика то мухолифин ва ошкоргӯияш барои тағйири вазъ

Профессор Иброҳим Усмонов, собиқ мушовири раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, журналистикаи тоҷик дар ҳоли рукуд аст ва онро ба омилҳои сиёсию молӣ рабт додаст. Ин муаррих ва собиқ масъули Комиссияи оштии миллии Тоҷикистон дар як мусоҳибаи худ бо “Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ” гуфтааст, дар расонаҳои мо тақрибан матлабҳои ҷиддӣ ва қобили таваҷҷуҳ намондааст: “Имрӯз, агар тӯли се ҳафта матбуоти давриро нахонӣ чизеро аз даст намедиҳӣ”.

Ба гуфтаи Усмонов нашрияҳоро касе намехонад ва “агар кори онҳо ҳамин гуна идома ёбад эътибори журналистика дар ҷомеа аз даст меравад”.

Ӯ далели ин тамоюлро ба омилҳои сиёсӣ ва молӣ рабт додааст: “Вазъияти кишвари мо онгуна аст, ки рӯзноманигорон ва муҳаррирон худ ба дастгирии молӣ ва маънавӣ ниёз доранд. Дастгирии маънавӣ ба он маъно, ки касе монеи нашри матлабҳои гуногун дар расонаҳо худи онҳо нашавад. Дастгирии молӣ барои идома додани фаъолият лозим аст”.

Иброҳим Усмонов дар мавриди сабабҳои сиёсии камранг будани фаъолияти журналистикаи тоҷик гуфтааст, “ҳукумат бо идеологияи феълии худ, ҳар гунае, ки он набошад, тавонистааст нашрияҳо ва соҳибони онҳоро ба худ тобеъ кунад. Агар соҳибрасонаҳои мо аз назари идеологӣ қавӣ мебуданд, аз рӯи дастури ҳукумат кор намекарданд. Аммо, дар он сурат ба эҳтимоли зиёд расонаҳои худро аз даст медоданд ё дучори даъвоҳои додгоҳӣ мешуданд”.

Усмонов дар бахши дигаре аз суҳбати худ фишанги фишори мақомот ба рӯзноманигорон ва расонаҳоро дастгирии молӣ гуфтааст. “Мақомот метавонанд ба соҳибрасонаҳо пешниҳод кунанд, ки ба ивази нашр накардани малабҳои хос онҳоро дучори монеа накунанд. Соҳибони як-ду расонаи каму беш ҷиддӣ Тоҷикистонро тарк карданд. Аммо, аз хориҷ ҳам ба ҳамкорони худ дастур медиҳанд, ки зиёд сахт нанависанд. Соҳибрасонаҳо ба хотири амният ва даромади худ роҳи муқовимати камтарро интихоб кардаанд”.

Иброҳим Усмонов пешгӯӣ кардааст, ки даврони торики расонаҳои мустақил фаро мерасад: “Аммо, расонаҳои расмӣ ҷойгоҳи муносибтарро касб мекунанд. Имрӯз рӯзноманигорони расонаҳои давлатӣ дар шароити хуб кор мекунанд. Журналистикае, ки мо мехоҳем аз байн меравад. Манзури ман ин нест, ки телевизион, радио ва расонаҳои чопӣ аз байн меравад. Онҳо мемонанд, аммо на ба он шакле, ки мо мехоҳем”.

Проффесори тоҷик шарҳ додааст, ки “дар расонаҳои мо масъалаҳои кӯчаки иҷтимоӣ ба баҳс кашида мешаванд. Баҳсҳои сиёсӣ аз байн мераванд. Эҳтимолан, имкони баҳс дар мавриди мушкилоти мардум, давлат ва воқеиятҳои кишвар барои чанд муддат нопадид мешаванд”.

Иброҳим Усмонов гуфтааст, ки барои ислоҳи ҳамин вазъият фазои сиёсӣ лозим аст: “Фазои сиёсӣ дар шароите пайдо мешавад, ки дар кишвар ду ва ё чандин ҳизби бо ҳам мухолиф вуҷуд дошта бошанд. Аммо, мо ҳоло танҳо як ҳизби ҳукмрон дорем. Ҳизби бисёр дорем, аммо бо ҳизби ҳоким дар роқобат нестанд. Барои ҳамин идеологияи расонаҳои мо бо чизе, ки вуҷуд дорад, маҳдуд аст”.

Усмонов илова намудааст, ки имкони тағйири вазъ ҳамеша вуҷуд дорад, чунин имкон ҳеч гоҳ наметавонад пурра аз байн равад: “Агар ошкоро гуем, бояд ҳизби қудратманде пайдо шавад. Аммо ташкили чунин ҳизб дар солҳои наздик бисёр шубҳаовар мебошад. Барои ин дар ҷомеаи мо бояд шахсияти тавоно пайдо шавад. Имрӯз мо гуфтан наметавонем, ки чунин шахсият пайдо мешавад ё на”.

Иброҳим Усмонов дар поёни мусоҳибаи худ гуфтааст, ки расонаҳои Тоҷикистон ду роҳ доранд: “Роҳи аввал комилан тобеъ шудан ба низом ва тавсифи ҳукумат. Аз ҳамин тариқ вазъияти худро амн мекунанд. Роҳи дигар давом додани кор дар тарсу хатар ва нашр кардани матлабҳои интиқодӣ. Аммо, онҳо дар ин ҳолат барои вуҷуди худ мубориза хоҳанд бурд. Бо фишорҳое ба мисли бозрасиҳои расмӣ дучор мешаванд”.

Суҳбати Усмонов дар бораи рукуди журналистикаи тоҷик дар ҳолест, ки дар гузориши ҷадиди озодии матбуот барои соли 2016 Тоҷикистон якбора 34 зинаро аз даст дода, дар мақоми 150-ум қарор гирифт.
Мӯҳр
Гунги тутала.
Акаи праффессур хозир вакти дигар корхо омадааст.Газету журнал мардумро нону об намедихад.Аккаи праффессур як илоч карда ,як рохи электричка ба Кургантеппаву Кулобро мекушодед.Е ягон дарахти себро ихтироь кунед,мевахои себ мисли хандалак бошанд.Боз хаму газету журнал.Гандуми ангурдона истехсол кунед.Ана праффессор!!!!!

ман
Гунги тутала дамта гири намеша!!! гап ки зада наметони хап кун Акаи праффессурут сохаи худша дора

саид
Хамин Ватан Точикистон факат хофизу шоиру академик профессор о хамаи мол аз Чин халк кучо равад бо ин профессору академик 25 сол шуд баьди истиклолият акаллан як солнечни батарея ихтиро накарданд факат диплом защищат мекнан бо ин халки интелегентмон кучо меравем????

Бале устод дуруст кайд кардаанд. Рузномахои мо хонданбоб нестанд. Онхо вазъиятро ба таври бояду шояд нишон намедиханд. Он хама таърифхои дуруг ки тарики рузномаю телвизиону радио пахш мекунанд, ба чони хамма задааст. Чаро онхоро хонем? Хаммаи маколахои озодагону озоди хонда мешавад чаро дигарон не? Шахси тавоно метавонад бади 100 сол пайдо шавад агар сиёсатмадорон дигар шаванд. Холо сар бардори бе сар мемони.

Ташаккур ба профессори мухтарам. Шумо хамеша вазифаи худро бо сари баланд ва аз руи хисси баланди хештаншиноси ичро кардед. Ташаккур ба Шумо, Устод!!!!
Шумо шахси бо ифтихор ва бошараф хастед. Сахми Шумо дар истикрори сулхи точикон багоят бузург аст.
Суханхои нек дар бораи Шумо зиёд аст. Шуморо Худованд худашон такдир мекунанд ва манзалату мавкеъ додаанд, кам нашавед!!!!!!!!!
Рохи катораи баркиро касоне созанд, ки масъули соха бошанд. Дарахти себро ихтироъ немекунанд. Дарахтро мешинонанд ё пайванд мекунанд...
Хулоса...
Бемазагихои олам аз сухан пайдо шавад,
Пистаи бемагз, агар лаб во кунад, расво шавад.

12345
Гунги тутала.,
бе хамон катора хам хам куч баста омадеду хамарор муру малах барин кашидаву горват карда истодаед, боз агар ин каторахо боз шаванд, дар ин чоёхо мусорка хам намемонад, дар наклиёт дар бозор дар замин дар осмон, дар каъри об, хулоса дар хама чо хастед боз чи кор мекунед поезду катораро - авлод-авлод, айлок-айлок омадаед, боз чи мехохед. Дар автобусу кучаву паскучахои нигар ягон одами бегона баротон хаст ё не, не албатта, боз чи мехохи намедонам, поездро онхо кашанд ки тамоми маблагхо дар дасташон, дар дасти дигар мардум ба гайр аз хамин гапхоро гуфтан чизи дигаре намондааст, тавба кардам-еееее.

Гунги тутала.
ман,
Акаи "Ман" шумо хам шогирди хамин праффессури махалгаро хастед.Точикистон пур аз праффессури филологу газетнависхо шуд,чи пешравихо дидем?Ин акидахои праффессур хеч гох илми нестанд.Инхо фалсафахои по дар хавоанд.Шумо ин газету журнал мехонеду шахси дагалед."Ман" ман маниро дуст медоред,дар сатхи ман маниву манманигуии манпарастони викори манманихо.
Яьне гуфтани хасти,ки праффессури чон хамшахриат манам манам,гар набошам,ман на манам,на ман манам,ман манаме фидои ту хам сару хам чону танам.Бе праффессури хаммахалат боз яке худ дамгир нашави?

12345,
Шахси номаьлум дар зери раками 12345.Чихо гуфта истодаи ,чи харзагуихо дори,мумкин аз боиси дарачаи бадан ва бехобиву гармихои тафсони тобистон ба ин гуфторхо гирифтор шуди?Ин раками махбусии шумо аст?Дар кадом зиндони чумхури бо чунин ракам мухлати адои чазоро гузаронида истодаи?Аз кучо бо кадом каторахо омадем?Кадом айлокхоро ишора дори?Худ магар чорвои айлокии,ки ин кадар мушохидахо дори?Чи гуна кучбандиву омадан? Аз кай боз шумо сохибватан шудаеду дигарон не? Точикистонро падарат насохтааст,Душанберо танхо шумо насохтаед.Агар манзуратон танхо шахри Душанбе бошад,ончо пойтазти Точикистон аст.Барои чи як шахси проффесорпараст,тахти раками 12345 зиндаги мекардаасту шахси дигар "Гунги тутала" хак надоштааст.Барои ин андешазоят махбуси раками 12345- боз мухлати зиед хохед гирифт.

Азиз Муир,
Азиз,осуда хоб рав,себ хоб набини яке.Ман танхо ин профессорро дар назар надорам.Даррав ба пиставу чормагз нагузар.Ман андешаи худро барои он гуфтам,ки Точикистон ба дигар олимону профессорхо эхтиеч дорад.На ба чунин профессорхои филологу таьрихчиву фалсафа.
Гар пистаи бемагз ба кафат ояд боз,
Бемагзи худ хамеша андоза намо,
Чун пистаи бемагз бувад дониши ту,
Дар хобу хаели худ хамеза намо.
Аввал ончо бихон чи навишта шудааст,баьд азизвор бинавис.Азизи Муир хам исми асосии шумо "пистапарвар" несту набуд!

12345,
Пас шумо аз кучо дар шахр пайдо шудед,аз осмони хафтум е хаштум?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)