Баҳси журналистикаи сиёсӣ дар Душанбе (НАВШУДА)
Ибодуллоҳи ТОҲИРБархе аз таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, дар ҳоли ҳозир расонаҳо аробаи аҳзоби сиёсии Тоҷикистонро мекашанд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи онҳо, аҳзоби сиёсии Тоҷикистон расонаҳои фаъол надоранд ва ин вазифаро матбуот ба иҷро мерасонад.
Рашид Ғанӣ Абдулло, таҳлилгари тоҷик, ки дар ҳамоиши "Масоили ташакулли журналистикаи сиёсии Тоҷикистони мустақил" рӯзи панҷшанбеи 25-уми июл дар Душанбе суҳбат мекард, гуфт, “ҳоло ба ҷуз Ҳизби Назҳати Исломии Тоҷикистон аҳзоби дигари сиёсӣ, ВАО-и худро надорад ва агар дошта бошад, ҳам фаъол нест.”
Аммо Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон бар ин андеша аст, ки ғайр аз журналистикаи озод, бояд журналистикаи дигаре вуҷуд надошта бошад: “Ман пурра зид ҳастам, ки ғайр аз рӯзномаи озод, ки на давлатӣ аст, на опазитсионӣ ва на ҳизбӣ, рӯзномаи дигаре вуҷуд дошта бошад. Бигзор танҳо ҷамъиятӣ бошанд. Ин аст, ки мо то имрӯз дар ҳизби худ рӯзнома таъсис надодаем.”
Дар ин ҳамоиш, ки масоили ташакулли журналистикаи сиёсии Тоҷикистони мустақил баҳс мешуданд, Раҷаби Мирзо, журналист ва раҳбари созмони тадқиқотии “Бозтоб” гуфт, журналистикаи сиёсӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли рушд аст. Аммо ба гуфтаи ӯ, “аз замони пайдоиши аввалин рӯзномаҳо фишор болои журналистикаи сиёсӣ ҷой дорад. Мушкили дигари журналистикаи сиёсии мо дар ин аст, ки бархе аз журналистони мо дар бораи сиёсат менависанду аз сиёсат хабар надоранд. Махсусан дар байни журналистони ҷавон, ки ҳатто номи ҳизбҳои сиёсиро намедонанд ва роҳбарони онро намешиносанд. Дар бисёре аз факултаҳои журналитикаи ҷаҳон кафедраҳо тақсимбандӣ шудаанд, мутаассифона дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чунин нест ва ҳанӯзам факулта бо қолаби шахшудаи замони шӯравӣ тақсимбандӣ шудааст.”
Хилватшоҳи Маҳмуд, мудири гурӯҳи расонаҳои “Озодагон” дар баромади худ афзуд, журналистикаи сиёсӣ ба унвони як ҷузъи муҳими журналистика имрӯз таъсири чашмгире дар низоми муносибатҳои ҷамъиятӣ ва инсонӣ дорад: “Моҳиятан журналистикаи сиёсӣ ин самти фаъолият ва ё қисмати амалкардҳои васоити ахбори омма аст, ки ба инъикоси амалкардҳои ҳокимияти иҷроия, шохаҳои дигари ҳокимият низоми сиёсӣ, масъалаҳои давлатдорӣ ва иҷрои уҳдадориҳои ҳукумат, ки пеши мардум дорад, сари кор мегирад. Агар мушаххастар суҳбат кунем, тақрибан тамоми расонаҳо ба фаъолияти журналистии сиёсӣ даст мезананд аммо намешавад гуфт, ки онҳо фаъолияти сиёсии журналистӣ дорад. Журналистикаи сиёсӣ як фаъолияти журналистии ҳадафмандона, мушаххас ва моҳитнок аст.”
Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ҳам таъкид кард, ки худи журналистика аз сиёсат берун шуда наметавонад: “Яъне ғайр аз журналистикаи сиёсӣ журналистика вуҷуд надорад ва журналистикаи сиёсӣ ҳама вақт вуҷуд дорад. То замоне равандҳои сиёсӣ вуҷуд дорад, журналистикаи сиёсӣ ҳам вуҷуд дорад. Агар равандҳои сиёсӣ барҳам хуранд, журналистикаи сиёсӣ низ барҳам мехурад. Агар дар ҷомеа сиёсати оммавӣ инкишоф наёфта бошад, журналистикаи сиёсӣ дар ин ҷомеа ҷойи худро гирифта наметавонад. Дар ҳақиқат журналистикаи сиёсӣ вуҷуд дорад ва заиф ҳам нест балки шакл наёфтааст. Шаклгирӣ накардааст. Яъне дар ягон шакли чаҳорчӯбаи қонун шакл ёфтанаш даркор аст.”
Сӯҳроб Шарифов, вакили парлумони Тоҷикистон, ки дар ин ҳамоиш иштирок дошт, гуфт, сиёсатро сиёсатмадорон ба вуҷуд меоранд, “аммо журналистон дар раванди он саҳм доранд. ”
Ин дар ҳолест, ки профессор Иброҳим Усмонов мегӯяд, вақте, ки журналистика қудрати чорум аст ва худашро баробари се қудрати қонунӣ медонад ва баъзан худашро аз он болотар баровардан мехоҳад вай худаш сиёсатро ба вуҷуд меорад: “Журналистикаи имрӯзаи интернетӣ фикрро аз як хонаи майда ба тамоми дунё паҳн карда истодааст ин худ сиёсат аст. Барои ҳамин гумон кардан, ки журналист ва журналистика чун силоҳ асту сиёсатдонҳо аз он истифода мебаранд ин фикри ғалат аст. Журналист худ пеш аз ҳама сиёсатмадор аст. Журналистоне, ки адабиёт не, публисистика менависанд, онҳо сиёсатмадоранд. Аксарияти онҳое, ки ба ҳизбҳо меоянд аз нуқтаи назари сиёсатмадорӣ кор мекунад ва бисёри онҳое, ки ба сиёсат расидаанд, онҳо аз журналистика баромадаанд.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |