Бахшҳо

Паёми “шогирдона”-е ба домулло Ҳикматулло

Агар бинӣ, ки нобинову чоҳ аст,
Агар хомӯш биншинӣ гуноҳ аст.
Вақтҳои ахир мардуми кишвар тавассути шабакаҳои телевизионӣ, сомонаҳои интернетӣ ва рӯзномаву маҷаллаҳо бештар мавзӯъҳои мазҳабиро ба баррасӣ мегиранд. Новобаста ба он ки таълимоти динӣ гирифтаанд ё на, аз донишҳои исломиву дунявӣ бохабаранд ё хайр атрофи ин мавзӯъ ҳарф мезанад, баҳс мекунад, назару андеша пешниҳод менамоянд. Эҳсос мешавад, ки бештари онҳо аз таърихи ҷараёну ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ чизе намедонанд. Онҳо ҳатто боре таҳлилу баррасӣ накардаанд, ки ҳизби исломӣ яъне чӣ? Оё Ислом бо давлату иқтисод ё ҷомеаи иҷтимоӣ сару кор мегирад ё на? Мусалмонҳо тули таърих чӣ давлатдорие доштанд ва дар кадом шакл? Қуръону ҳадис, фиқу мазҳаб, мантиқу калом, иҷтиҳоду фатвои олимони Ислом дар ин маврид чист? Як мусалмон дар шароити феълӣ зиндагиву муомилаи хонаводагӣ ва ширкат дар сиёсату идораи давлатро чӣ гуна бояд амалӣ намояд? Хуллас, ин саволҳоеанд, ки дар мулоқоту баҳсҳо аслан пурсида намешавад ва ҳеҷ мусалмону мусалмонзодае ба он кор надорад.

Ахиран имомхатибону домулоҳо ва аҳли ҷамоатчигӣ дар ҳар суҳбат аз бардоштани калимаи ноби Ислом аз Ҳизби наҳзат сухан меронанд. Онҳо мегӯянд, ин ҳизб аз номи Ислом манфиатҳои худро пиёда мекунад. Ба ин нукта ҳам зиёд ишора мешавад, ки Ислом ба ҳизб ниёз надошта ва ҳатто нафаре гуфт, ки “паёмбар билети ҳизбӣ надошт”.
Ин ҳама раду бадалҳо гирди номи Ҳизби наҳзат бо гузашти ҳар рӯз бештар мешавад ва гумон аст, суръати он ба ин наздикиҳо коҳиш ёбад.

Ман аъзои ҳеч ҳизбе нестам, ба вижа ҲНИТ. Аммо як чиз бароям норушан аст, ки чаро имому имомчаҳо, ки вазифаи аслияшон даъвати мардум ба Исломи ноб аст, аз ин калима дар ҳизб хушашон намеояд? Чаро имрӯз дар ҷомеае, ки 99 дар сади он мусалмон асту дар кишвари дунявӣ ба сар мебаранд доштани ҳизби исломӣ лозим набудааст? Аҷобат ин аст, ки чаро онҳо танҳо имсол ва дар арафаи интихоботи президентӣ ин пешниҳодҳоро мекунанд. ҲНИТ, ки имсол таъсис наёфтааст. Чаро онҳо чанд соли қабл нагуфтанд, ки бояд калимаи ноби Ислом аз ҳизби наҳзат бардошта шавад? Аҷаб мусалмониву аҷаб диндорӣ!

Бо навиштани ин матлаб намехоҳам вориди идеологиясозии носолим, ки охиран ҷомеаи моро ба як бунбаст ва номуаянӣ мебарад, шавам. Аммо вақте андешаи Домулло Ҳикматулло, яке аз руҳониёни шинохтаи кишвар тариқи матбуот расонаӣ шуд, дар тааҷуб афтодам. Суолҳои зиёде зеҳнамро машғул кард. Ҳамчун як фарди мусалмон натавонистам ин андешаҳоро нодида бигирам. Дар навбати худ чанд назару суоле ҳам дорам, ки мехоҳам пешниҳоди домуллои “муҳтарам” гардонам. Домулло зимни маъракаи хайрияве 17-уми август дар ноҳияи Рашт эълон кардааст, ки калимаи «Ислом» аз номи ҳизби наҳзат гирифта шавад. Ҷои тааҷуб аст, ки як фарди «саропо» исломӣ аз будани номи Ислом дар ҳизбе нигарон асту пешниҳоди бардоштани онро дорад.

Домуллои «азиз» ману Шумо ва 99 дар сад мардуми мусалмон дар кишвари дунявӣ зиндагӣ дорем. Дар ин кишвар Ҳизби халқии демократии, Ҳизби комунист, Ҳизби аграрӣ, Ҳизби демокартӣ, Ҳизби сотсиалистӣ ва ғайра фаъолият доранд, чаро мо бояд як ҳизби исломӣ надошта бошем? Шумо аз номи Ислом ё ҳизби исломӣ чӣ бадие дидаед? Оё Қуръону ҳадис фиқу иҷтиҳод мухолифи ҳизб аст? Оё Худованди бузург дар Қуръони азимушшан дар бораи ҳизб чизе нагуфтааст? Мешавад, ки тамоми он ояҳоеро, ки дар бораи ҳизби Худо дар онҳо сухан меравад аз Қуръон бардошт? Оё мешавад тамоми давлатдории Пайёмбари бузурги Ислом (с), хулафои рошиддин, саҳобагон ва онҳоеро, ки то асри бист ва имрӯз давлатдории исломӣ доштанду доранд нодида гирифт ё инкор кард?

Ҷаноби домулло Ҳикматулло! Ману Шумо нағз медонем, ки Ислом танҳо ришу саллаву ҷелак ё дуохониву худоихурӣ нест. Ислом низом, иқтисод, иҷтимоъ, ахлоқу маънавиёт ва сиёсату давлат дошту дорад ва ин роҳашро бидуни ману Шумо идома хоҳад дод. Шумо инро ҳам нағз медонед, ки замоне аз ҳамаи ин пурсида мешавем. Ҳамон паёмбаре, ки имрӯз Шумо аз номи шарифаш мардумро даъват мекунед, замоне барои умматонаш муборизаи сиёсӣ ва ҳақталошӣ карда буд. Чӣ гуна мешавад тамоми муборизаҳоеро, ки тули таърих уммати Ислом барои бунёди давлати исломӣ кашиданд имрӯз нодида гирифт ва инкор кард?

“Муҳтарам” домулло! Агар намедонед, пас бидонед, ки имрӯз дигар замони муборизаҳои шамшеру силоҳ нест. Ҳоло танҳо бо доштани ҳизбу созмонҳои исломӣ мешавад аз ҳақи мусалмонҳо дифоъ кард. Ислом ҳеч гоҳ мухолифи ҳизб ё бисёрҳизбӣ нест. Дуруст аст, ки Ислом ҳамчун дини илоҳӣ ва комилу ҳақ ниёзе ба ҳизб надорад, аммо мусалмонҳо сад дар сад ба як ҳизби исломӣ ниёзманданд. Имрӯз хатибу домуллоҳо бо як овоз “Ислом ҳизб надорад” мегӯянд. Кӣ кафолат медиҳад, ки онҳо рӯзе мазҳаб лозим нест намегӯянд? Билохира замоне Исломро дини арабу аҷнабӣ намехонанд, ки барои ҷомеаи Тоҷикистон лозим нест? Домуллои «мӯҳтарам», он рӯз, кӣ ин ҳама масъулиятро бар душ мегирад?

Агар ин ҳама сару садоҳо маъракаҳои зидди ҲНИТ, хонаводаи Тураҷонзодаҳо ё чанд рушанфикру шахсиятҳо бошад, бояд бидонем, ки онҳо баъди созишномаи сулҳ канори мо оромона зиндагӣ доштаанд. На ҲНИТ ва на Тураҷонзодаҳо пас аз истиқрори сулҳ барои ноором сохтани кишвар коре накардаанд. Гуруҳу ҳаракатҳо таъсис надодаанд ва амали ғайриқонуние анҷом надодаанд. Баръакс, ҳамеша аз ҳақ ва ҳуқуқи мусалмонҳо ва ҳамватанонашон бо риояи қонун дифоъ мекунанд. Пас, суоле ба миён меояд, ки чаро Шумо домуллои «муҳтарам» ва ҳамсафонатон имрӯз алайҳи ин ҳизб баромад доред? Чӣ боис гашта, ки бо исрор талаб намоед, то калимаи Ислом аз ҳизби наҳзат бардошта шавад? Агар ин ҳама ба хотири нуфуз ва обрӯи рӯзафзуни ин ҳизб миёни мардум бошад, пас гуноҳи азим аст, ки мусалмон обрӯи мусалмони дигаро нахоҳад ва ба хотири кадом як манфиати шахсӣ номи Исломро зери суол барад.

Домуллои «муҳтарам», имрӯз гуруҳе аз мусалмонҳо бо ташкили ҳизби исломӣ дар кишвари дунявӣ мехоҳанд тамоми муомилот, кору фаъолиятро тибқи фармудаи Худову паёмбарашон ба роҳ монанд. Онҳо мехоҳанд зану духтарашон бо риояи ҳиҷоби шаръӣ таълим гиранду кору зиндагӣ намоянд. Онҳо мехоҳанд, ки фарзандонашон то синни ҳаждаҳ низ тавонанд озодона вориди масҷид шаванду илми Қуръон биомӯзанд. Онҳо мехоҳанд, ки мусалмонҳо ҳақиру нотавон набошанд. Онҳо шикасту бечорагӣ ва нодории мардуми мусалмонро намехоҳанд. Бо ташкил кардани ҳизби исломӣ мехоҳанд бо риояи қавонини кишвар роҳашонро пеш баранд.

Агар ба ману Шумо домуллои «муҳтарам» ин ҳама писанд нест ҳамчун «мусалмон» набояд бигӯем, ки Ислом ҳизб надорад ё номи Исломро бардоред. Зеро ин гуна фатво дар ҷомеа метавонад фитнаро ба вуҷуд биорад, ҷомеаро ноором созад. Чаро ки ин гуна фатво хилофи Қуръону суннат ва иҷмоъи уммат буда, ҳеч гуна асоси исломӣ надорад. Дар мавриди ҳама гуфтаҳоям инҷо далелҳо фаровонанд (ояву ҳадису фатвои мазҳаби ҳанафӣ), аммо нахостам он ҳама ояту ҳадисро инҷо биёрам, чаро ки шумо домуло муйҳоятонро дар ин роҳ сафед карда ва аз ман беҳтар медонед.

Дар охир мехоҳам ба Шумо як паёмаки «шогирдона» бифиристам.
“Муҳтарам” домулло Ҳикматулло! Биёед ману Шумо агар мусалмонем аз исломгаро будан ифтихор дошта бошем. Ҳизби исломӣ дар кишвари дунявӣ бароямон ифтихор бошад на нафратовар. Аз ҳақи мусалмонҳо дифоъ кунем. Агар ману Шумо узви ин ҳизб нестем ва дар сиёсати исломӣ хидмате ба ҷомеаҳои исломӣ карда наметавонем, пас сади роҳи дигарон, ки қалби огоҳу ақидаи солим доранд, нашавем.

Биёед бародари мусалмонамонро бо чашми ҳирс ва нафрат нигоҳ накунем. Биёед ба мардум исломбезориро номӯзем. Биёед пешрафт ва обрӯи ҳамдигарро таҳаммул карданро ёд бигирем. Биёед фаризаҳои исломиро риоя кунем. Биёед сабаби фитнаву тафриқа миёни мусалмонҳо нагардем. Биёед аз итоати махлуқ даст кашему холиқи ягонаро итоат кунем!

Бо умеди тавфиқ ва сарбаландии мусалмонҳо Далер ШАРИПОВ

Мӯҳр
Ахсант Далерчон, бути пирпарастонро нагз шикасти!

Сироч
Ин домуллои дарбори вактхои охир дар мавзухои руз ,ки муслмонони кишварро махдуд мекунанд аз хукукхои диниашон хомуш аст.Аммо барои манфиати шахси шуда нисбати ХНИТ ин махракаро гармтар карда истодааст.

Сироч,
Сирочиддинчон вох агар медонисти, ки домулло Хикматулло чи гуна шахсаст чунин хар гиз наменавишти.
Ин шахс чунон илме дорад, ки ягон олим ба дарачаи ин шахс намебарояд лекин барои хичобу исломи кардан мебахшед президент агар нахохад хеч кас наметавонад......
Ту дар хотир дори, ки такрибан се чор сол пеш духтарони точик кариб, ки бисёрашон бо хичоб мегаштанд вале макомоти милиса бо онхо чехел муомила карданд кадомеашонро, ки капиданд бурда махкам карданд... Мебахшед агар дар кор шавад барои Точикистони мо амри маъруфкуни намемонад....

Абдулмалик,
Афсус, ки бути вахобипарастони Точикистон аз дунё гузашт.

Niso
Behtarin maqola barodar Dalel haminqadar naqz navishted ki odami khondagi rohat mekunad. Sad sola shaved.

Бародари азиз Далер Шарипов!Аввал ному насабатонро дуруст нависед.Шояд насаби шумо Шарифов ё Шарифзода будагист,на Шарипов ё Шарапов.Домулло Хикматулло -домуллои мардумист,яъне суфиву суфанишини хонаи худ асту масчид.Ин шахс аз муллохои даврони шурави боки мондааст.Чунин муллохову домуллохои замони шурави дар байни мардуми кухистон обруи баланд ва эхтироми хоса доштанд.Онхо хеч гох худро ба сиёсату корхои давлати олуда намекарданд.Хунархои наттокиву баромадхои диниро дар байни мардум намебурданд.Факат гох-гохе кутохона амри маъруфи худро дар чанозахову масчидхо гуфта,боз соатхое мехмон мешуданду пас ба хонахояшон бар мегаштанд.Ислом худ ин сиёсат аст.Онхо хам инро хуб медонистанд.Ба мардум мегуфтанд,ки намозу рузаатонро гиреду фарзандонатонро таълим дихеду аз паси мехнату рузгори худ шавед.Махсусан дар байни мардуми аз водии Каротегин ба водии Вахш кучонида шуда,ислом мавкеи хело хубро нишон медод.Зеро дар хамон минтакахое,ки ин мардум шариату исломро риоя мекарданд,хурмату эхтироми раисону рохбарони хизбиву болои мушохида мешуд.Хатто муллохо мегуфтанд.ки хурмату эхтироми рохбар хам савобу раво аст.Борхо медидам,ки муллохову домуллохои номи назди котибони якуми райкому раисони комичроия даромада,бо онхо сухбат мекарданд.Зимнан,мушкилоти рузгору танкисихо ва дигар душворихоро аз чониби аллох мешумориданд ва мардумро ба сабру токат ва шукр гуфтан даъват мекарданд.Бо замми он,ки вилояти собик Кургонтеппаро минтакаи муллохову исломгароён мегуфтанд,вилоят сохиби мукофоти Ордени Байраки Сурхи Мехнат,ду маротиба сохиби Ордени Ленин ва дигар мукофотхои Кремль гардида буд.Бармегардем ба суи Эшони домулло Хикматулло.Ин шахси бузургро аз собик вилояти Кургонтеппа сар карда то водии Хисору нохияхои Каротегину дарвоз мешиносанд.Мардум худ чунин шахсонро эхтиром мекунанд.Лекин шохахову риштахои шариат,дар хар минтака хар хел аст.Мусулмонхои араб,пас аз гурондани фавтида(маит),маросими "оши сари тахата" ву се бегохаи сермардуму панчшанбегиву бисту чил надоранд.Сари соли шахси фавтидаро дар байни хешу таборони худ мегузаронанд.Мисли мо точикион буккахои сергушту гусфандхои "бурдоки" намекушанду даххо халтаи ордро ба хамиру нонхои гирдачаву хасфатиру чаппотиву кулчаву кадмолхо харч намекунанд.Хатто арабхо худ мегуянд,ки пас аз гуронидани маит,сураву ояте хам кироат намекунанд.Танхо калимахои шаходатро гурухе такрор мекунаду аллох гунохояшро бахшад,гуфта аз кабристон дур мешаванд.Дар байни мусулмонхои кафкози хам хайру худоихо хам мекунанд.Онхо пас аз 3-рузи гурондани мархум,хешу таборони худро даъват мекунанду зиёфатро хамчун садака гуфта,як чанд ояту сура мехонанду хамдардиву тасаллии худро гуфта мераванд.Факат маъракахои чилу сари солро ичро мекунанду халос.Касе хабар ёбаду хохад меравад,касеро даъват накунанд,намеранчанд..Ба доираи сиёсат кашидани ин домуллоро хеч зарурате нест.Синну соли эшон хам акнун ба чое расидааст.

Хуршед
Ба Rustam Rustamov
Салом бародар! Шумо кайд кардед ки домулло Хикматулло хастияшро дар рохи Худо бахшидааст. Хуб ман як суод метиям ва посухашро интизорам:
Агар хастияшро ба Худо бахшида бошад барои чи вакте хукумат хохаронро бо сатр ба мактабу ба донишгох рох надод, ин домулло эътироз накард, вакте чавонхоро то 18 сола аз масчид мвнъ кард, эътироз накард? Ё у садакаву панчшанбегй аз хукми баландтар аз фарзи илохиро дорад?!
Ту хамат курдилед мухлисои "домулло" хикматулло. Ростй ман заррае уро хурмат намекунам,

МУХОЧИРО АЗ РУССИЯ
БАЛЕ ДАЛЕРЧОН ШУМО ДУРУСТ КАЙД КАРДЕД .МОДОМЕ КИБАЗЕ МУЛОХОИ ДАРБОРИ МЕХОХАНД КИ КАЛИМАИ ИСЛОМРО АЗ ХИЗБ БАРДОРАНД.ЧИ ХЕЛ ЭМОНИ КАВИ ДОРАНД НИСБАТ БА ХУДОВАНД. ХАТМАН МО ДИФОЪ АЗ ИСЛОМИ ХУД КУНЕМ МУСУЛМОНХО. ОХИР ИН ДЕМОКРАТХО ЧОМЕАРО ФАСОД КАРДААНД.

ШАРМАНДАГИ АЗ ИН ЗИЁД НАМЕШАВАД. Феълан аз шабакаи №1-Тоҷикистон аз барномаи АХБОР баромади чанд тан аз занону мардони сокинони н. ИСФАРАРО дида, сахт андуҳгин шудам. Онҳо мисли қатолу терорист бо сари хам бо чунин мазмун мегуянд: мо аз соли 2010 узви ХНИТ будем ва фоидаашро надидему аз он хорич шудем ва дигару дигар. Хатто як бинандаи оддӣ чунин сохтакорихоро дарк мекунад. Бисёр бесаводона. Аз руйи варак ки таёр карда додаанд хонда наметавонанд. Забонашон бо душвори мепечад, ки ман гумрох шуда ба ХНИТ пайвастам)). Эй масъулин ман узви ягон хизб нестам, ва як сокини катории Душанбе чунин маъракаи бадномкуниатонро шадидан махкум мекунам. ЧАРО? Шумо баръакс бо ин коратон ХНИТ ро реклама доред. Ва мавч мавч шаҳрвандони ҷумҳури ба ин хизби исломи шомил шуда истодаанд. Накшахоятон барбод рафта истодааст. Масъулин ва супоришгирандахои азиз бо ин амалхоятон назди хоричиён хукумати имрузаи бе ин хам шармандаро шармсортар накунед. Аз ин амалхои номатлуби шумо боз халки оддӣ дар ранчу азоб мемонад. ХУДОВАНДО халкамро аз чунин фитнаандозхо дар панохат нигох дор...ОМИН!

Барои чи якбор ин домулои номухтарам намегуяд ки э чаноби оли хичоб фарз аст инро бояд манъ накунед бачахора аз масчид наронед масчид хонаи худост, масчидора набандед ва мислинхо бисер мушкили дини хаст, хами ин харфхо мондаги мукобили ХНИТ гап мезани охир хамин хнит ба сари кудрат биеяд хамин ба фоидаи ислом нест ки хичоб озод мешавад хама озод масчид мерави калисо мерави рафтан гир ислом дини озод аст.

малик
боракаллох Далер бехтарин офарин.ман фикр мекардум дигар точики богайрат нест.Рустам Рустамова гуфтаниям ки хозир толибилмоне хастанд ки илмошон сад маротиба аз Хикматулло зиёд аст.

Ба рустам. Рустам ту гуфти ки то президент нахоха хечкор када намеша духтарой сатрдора бурда махкам мекарданд пас агар президент нахоха мо аз намозхондан бозистем? Духтару хамсарамон бо хичоб дарс хонда натона коркарда натона мо хомуш истем ки кай президент ичозат мета мо намоз хонем? Ана хизби исломи барой хамин даркорай ки аз хукукхои мусулмонон пуштибони кунад.

ЧУНИН ГУФТАСТ ДАР ХИКМАТ АРИСТОТОЛИСИ ЮНОНИ,
СУХАН ПАЙДО КУН АЗ ДОНИШ, БА ДОНО ГУЙ АГАР ДОНИ.
СУХАН ДУРР АСТУ ПИНХОНИ, СУХАН ШЕР АСТУ ЗИНДОНИ,
ЗАМОНЕ ДАР ТАФАККУР БАХСУ УМРЕ ДАР ПУШАЙМОНИ.
СУХАН БА МАНЗАЛАИ ГАВХАРЕСТ, КИ АГАР ОНРО ДУШМАН ОВАРДА ТАВОНАДУ ГУФТА ТАВОНАД ДУСТОНИ ЧОНИРО АЗ ХАМ ЧУДО МЕКУНАД...
ВАЛЕ БАРОДАР ДАЛЕР ШАРИФОВ ЧУНОН БО АЛАМЕ НАВИШТААСТ, КИ ДИЛИ ХОНАНДАГОНИ БЕ ТАФАКУРРО РЕШ РЕШ МЕКУНАД...
ЧОНИ ШИРИН ХУД КАРДААМ ХУД КАРДАРО ТАДБИР НЕСТ....

Dev
Hamon vakt din purjillo megardad agar mardum ba darajai olii madaniyatu farhang rasad. Holo 99 % Toj. musulmon guftan hatost...Biseriho ozodii dinii davlathoi Avruporo misol meorandu hukumatro ba dinbadbini gunahkor medonand,ki in ham hatost:mavkei jugrofi, fahmishu darki mardum, sohtoru tarzi zindagi...shohid ast.Vakte hizb yagon nakshavu rohe baroi peshrafti minbadi davlat nadorad, alakaj vaj hizb nest , balki yak guruh mardumi sajru gashtkardaro memonadu halos...

РОСТ ГУФТИ БАРОДАР!!!БАРОИ ЧИ АЗ ХНИТ МЕТАРСАНД!!!ЧУНКИ ХНИТ ГУФТИ ХУДОРО МЕГУД ИН ДОМУЛЛОХОИ ДАРБОРИ ВА ТАРАФДОРОНАШ ГУФТИ МАХЛУКРО!!!АЗ ХУДО БИТАРСЕД!!!С-Н

muhammad
Ин домуллои мухтарам яке аз он шахсоне хаст ки хамрохи Кори Амони мархум ва эшони Абдухалил рафтани занхоро ба масчид ман карданашро ФАТФО доданд. Пас аз ин шахс чи мехохед. Садкаи номи доммулоги шавед нафрати инсон ба чунин доммуло меоядки аз номи ИСЛОМ харос дорад. Вакте чунин шахсон нафрат ба номи ислом доранд пас чи умед аз коммунистони солхурда. Худое факат такя ба худат дигар дар Точикистони азиз доммулои халолу на эшон мондааст хама динфурушу разил шудаанд. Чанд муллою эшони хакгу буданд аз минбари Р. Акрам с. с дур модаанд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)