Бахшҳо
02 окт 2013 11:30Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Рустами Эмомалӣ дар паҳлӯи падар. Роҳ ба сӯи сиёсати бузург?

Рустами Эмомалӣ, писари калонии раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки то кунун аҳён-аҳён дар робита ба бозии футбол дар телевизионҳо пайдо мешуд, ҳамакнун дар канори падараш бештару бештар рӯи экранҳо меояд.

Махсусан, дар лаҳзаҳои ифтитоҳи нақби “Чормағзак” (ҳоло “Хатлон”), ки рӯзи 1-уми октябр сурат гирифт, Рустам падараш Эмомалӣ Раҳмонро ҳамроҳӣ мекард. Ҳатто дар дохили мошине, ки Эмомалӣ Раҳмон меронду дар паҳлӯяш масъули ширкати “China Road” нишаста буд, Рустам низ ҳузур дошт.
Дар як акс аз ин маросим дидан мумкин аст, ки писари калонии раисиҷумҳури Тоҷикистон ба лентабурии ӯ ҳам кумак мекунад, дар ҳоле ки раиси шаҳри Ваҳдат ва вазири нақлиёти Тоҷикистон аз онҳо хеле канортар истодаанд.

Абдулфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, иштироки якҷоя ва паҳлӯи ҳам истодани раисиҷумҳур бо писараш паёми хосе надорад. Ба гуфтаи ӯ, инро ҳатто намешавад оғози роҳи Рустами Эмомалӣ ба сӯи сиёсати бузург номид. Ба қавли Шарифзода, “ҳар як падару модар орзу дорад, ки дар лаҳзаҳои барояш муҳим фарзандаш дар паҳлӯи ӯ бошад. Барои Президент, мисли садҳо ҳазор мардуми Тоҷикистон, маросими ифтитоҳи нақби “Чормағзак” рӯзи таърихӣ ва хотирмон буд.”

Аммо мухолифони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, ки бештар аз бист сол боз зимоми қудрат дар Тоҷикистонро ба даст дорад, дар ин замина назару пешбиниҳои дигаре доранд. Онҳо мегӯянд, эҳтимол оқои Раҳмон писари худро ба унвони ҷойнишини худ дар оянда омода ва аз ҳоло муаррифӣ мекунад.

Шокирҷони Ҳаким, доктори илми ҳуқуқ ва муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ҳам мегӯяд, “дар баъзе давлатҳо чунин рафтор ишора ба он аст, ки кӣ вориси оянда хоҳад шуд”. Вале ба гуфтаи ӯ, “гумон намекунам, дар Тоҷикистон ин ҳолат ҷой дошта бошад. Дар ҳар сурат, вобаста ба натиҷаи интихоботи президентии 2013 ва интихоботи парлумонии 2015, шаҳрвандон раҳбари ояндаи худро интихоб хоҳанд кард. Ин ирода ва хоҳиши мардум аст, ки оё дар курсии президентӣ писари раисиҷумҳури ҳозираро дидан мехоҳанд, ё на.”

Шокирҷони Ҳаким мегӯяд, таҷрибаи ҳузури раисиҷумҳури кишварҳои дигари пасошӯравӣ бо писаронашон вуҷуд дорад. Вай аз таҷрибаи Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Беларус ёдоварӣ намуд. “Лукашенко кӯшиш мекунад, дар маъракаҳои оммавӣ бо фарзанди хурдии худ бошад. Мазмуни чунин рафтори ӯ ин аст, ки ӯ падари намуна будан ва ба арзишҳои оилавӣ устувор буданашро нишон медиҳад.”

Рустами Эмомалӣ, писари калонии Эмомалӣ Раҳмон, тақрибан шаш соли охир дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад. Вай дар ин муддат бахши иқтисодии Донишгоҳи миллиро хатм карда, корро аз Кумитаи сармоягузорӣ оғоз намуд. Соли 2009 дар Анҷумани Иттифоқи ҷавонон ба ҳайси муовини раиси ин созмон, соли 2011 президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб гардид. Ҳамзамон баъди роҳбарӣ дар Раёсати бахши мубориза бо қочоқи Хадамоти гумруки Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ айни ҳол ба мақоми муовини раиси Хадамоти гумрук таъин гардидааст. Рустами Эмомалӣ фарзанди дувуми президенти Тоҷикистон аст, ки мақоми расмӣ дорад. Озода Раҳмонова, духтари раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳоло муовини вазири умури хориҷист. Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмӯъ 9 фарзанд - 7 духтар ва 2 писар - дорад.
Мӯҳр
Агар пули ун мухочироне ки бо хуну араки чабин равон мекунанд набошад ин хама "дстовардахои" солхои охир дар 2 руз хеч чиз шуда мемонад.Ин хакикат аст аммо касе эътироф кардан намехохад.Офарин ба ун бачахои точике ки ба хамин шароитхои сангин нигох накарда ба мо пул равон мекунанд.Худо ягон руз ба ин миллати чафокаш мехрубонии худро арзон мекардагист.

Бибисоро модаратон,
Хоҳари гиромӣ, шумо ягон бор паҳлуи Путин фарзандашро дидед?
Чунки ҳар як кор шарту шароити худро дорад, ҳамчунин ин гуна маросимҳо.
Дар он бояд президент, намояндаи Чин, вазорати нақлиёт, намояндаҳои ҳамон минтақа ва иҷрокунандагони ин лоиҳа бояд иштирок мекарданд. Набояд писари раҳбари давлат дар он ҷо ҳузур медошт. Агар медошт, мебоист дар қатори мардум, на дар сафи аввал!!!
Агар дар маросими хонагӣ бошад, марҳамат, Сомонҷон ҳам иштирок кунад.
Одоби ҳама гуна маросимҳо ҳаст. Афсӯс, писар бехабар аз ону падар ҳам.
Ин гуна худнамоишдиҳӣ борҳо аз ҷониби хориҷиён масхара шудааст.

Баъд, тамоми роҳҳое, ки сохтаанд, бо пули ҚАРЗ сохтаанд. Танҳо яз Чин барои роҳҳо мо 1 миллиард қарз гирифтаем ва ҳар сол қариб 15 миллион доллар суд аз ин қарз медиҳем. Дар сохтумони ин роҳҳо даҳҳо нафар миллионер шудаанд.

Тоҳир -ака!
Ақаллан як бор аз худ напурсидӣ, ки чаро мардуми бечора барои домоди президент тавассути IRS пул медиҳад?
Агар мард бошӣ, ба ҳамин савол ҷавоб диҳӣ, баъд ман мегӯям, ки ту беҳуда Шерро таъна накардаӣ!

Ранги оташ хушрувай ошуш шава

аз душанбе
бародаро чи даркор душмани

Ман шахсан хамчун шахрванди Точикистон фикри худамро гуфтаниям ки хар кас монанди мухтарам Эмомали Рахмон хизмати шоистае карда наметавонад агар писари чаноби оли дар хакикат чонишини падари худ шудани бошад ман зид нестам танхо ба он шарте бошад ки монанди падари худ хизматхои шоистаю намоён кунад

ФАРАНГЕЗИ А
МАН АЗ Н.ПАНЧ БА ПОДШОХИ ЧТ ВА БА КОРГАРОНАШ ГУФТАНИЯМ,КИ ХУДОВАНД БА ШУМО УМРИ ДАРОЗ ТАНИ СИХАТ ВА ДОИМО САРБАЛАНД БОШЕДф,

Мирзоев и
Рахмат ба чаноби оли

Рахмат ба чаноби оли Ман балечики чаноби оли

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)