Бахшҳо

Норозигии сафири нави Русия аз сатҳи забони русӣ дар Тоҷикистон

Игор Лякин Фролов, сафири нави Русия дар Душанбе мегӯяд, сатҳи рушди забони русӣ дар Тоҷикистон қонеъкунанда намебошад.

Флоров гуфтааст, ҳар чанд сокинони Душанбе бо забони русӣ хуб ошно ва ҳангоми муошират аз он истифода мекунанд, вале мутаассифона аксари шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои шуғли меҳнатӣ ба Русия меоянд, бо ин забон мушкил доранд.

Ба гуфтаи ин дипломати рус, кишвараш барои рушди забони русӣ дар Тоҷикистон ва истифодаи он ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо талош хоҳад кард: “Ҳоло имкониятҳо барои гузаштани дарсҳо пурра бо забони русӣ боз дар як мактаби дигари Душанбе ба баррасӣ гирифта шудааст. Ин масъала дар ҷараёни сафари ахири раиси парлумони Русия ба Тоҷикистон ба миён гузошта шуда буд.”

Ин дар ҳолест, ки ҳоло донишомӯзони ду мактаби миёна ва ду гимназияи пойтахт пурра бо забони русӣ дарс мехонанд.

Сафири рус мегӯяд, ӯ мутмаин ҳаст, ки бо мақомоти тоҷик дар мавриди русикунонии боз як мактаби дигар ба тавофуқ меоянд. Фролов афзудааст, ки ҳоло масъалаи ташкили як факулта дар Донишгоҳи Славянии Русия ва Тоҷикистон барои омода кардани муаллимони забон ва адабиёти русӣ дар ҳоли баррасӣ мебошад.
Мӯҳр
Юсуф,
Аз он хаммиллате, ки забонаш он гуна махлуту кучагии вайрон аст, безорам...Мегуи, русхои мукими Точикистон точикиро намедонанд? Як мисолат меоварам, Костя Бондаренко, аз хазорон "точик"-и безабон точиктар аст. Кадом русеро ки медонам забони точикии адабиро хеле хуб медонад, на забони кучагии вайронро. Як маротиб ба кучахои Душанбе барову бин сохибзабононро, агар 10% бо забони точикии соф сухан бигуянд, номи худро тагйир медихам!!!Холо калимаи "точик" бо калимаи "харом" синоним шудааст, медони? Точикиш бку, яъне харомаш бисоз...Боварии комил дорам, ки 50% -и сохибзабонони мо забони модарии худро агар намедонад ба кадри кудаки 5 солаи точики Афгонистон...

Рустам,
Ҳамин гуна вазъиятро кӣ ба вуҷуд овардааст? Магар сиёсати русификатсияи Русия, не? Мехоҳи забони тозаи тоҷикиро бишнавӣ? Ба ноҳияҳо рав. Душанбе ҳеҷ вақт шаҳри тоҷикон набуд. Ин шаҳрро русҳо барои худашон сохта буданд. Замони Шӯрави 70-80% аҳли он рус буд. Вақте онҳо Тоҷикистонро тарк карданд, хонаҳои онҳоро узбакҳои пулдор аз тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон омада, хариданд. Асосан қавми ургутӣ. Ҳоло он забони фачу каҷи, ки ту мешунавӣ, аз забони онҳо мешунавӣ. Зоҳиран онҳоро аз тоҷикон фарқ карда намешавад. Зеро як замоне онҳо тоҷик будаанд ва ҳоло пӯсти худро тағйир додаанд. Ин қабила нисбат ба ҳар чизе, ки ба миллати тоҷик иртибот дорад, танаффур (нафрат) дорад! Шояд ту ҳам аз ҳамон нажод ҳастӣ, ки нисбат ба тоҷикон ва забонашон инқадар бо нафрат ҳарф мезанӣ. Дар русидонӣ ту як Костяатро мисол овардӣ. Дар маҷмӯъ русҳо тоҷикиро натанҳо намедонанд, балки омӯхтан ва сухан карданро ҳам намехоҳанд. Ман сокини Душанбе ҳастам. То ҳол ягон русро надидаам, ки бо ман рӯбару шуда бо тоҷикӣ ҳарф зада бошад. Ягона русе, ки бо забони тоҷикӣ дар сатҳӣ хуб ҳарф мезад, он ҳам профессор Успенская буд, ки дар донишгоҳи педагогии Душанбе кор мекард. Вале ӯ дар донишгоҳи Ленинград забони форсӣ омӯхта буд! Русҳо рӯи рост мегӯянд: "Мы просто не хотим учить таджикский. Нет необходимости". Баъзеашон дағалӣ ҳам мекунанд: "На чёрта он мне нужен!" Воқеан, аз куҷо "необходимость" шавад, вақте мо "гӯшт" нависта, дар паҳлӯяш "мясо" менависем. Рус гӯштро не, "мясо"ро мехонад. Аз бисёр ҷиҳат сиёсати ғайритоҷикии Тоҷикистон гунаҳгор аст, ки худшиносии мо инқадар паст аст. Ҳукмати мо ҳеҷ вақт миллӣ набуд ва ҳоло ҳам нест, зеро он дар дасти туркони манғиту қатаған аст, ки аз худ тоҷик сохтаанд. Ин сир нест. Агар экспертизаи антропологӣ гузаронда шавад, ҳама чиз дақиқ мешавад.

Суруш
Ачоиб-дар кишвар хамааш шуда -40-50 хазор русзабон зиндаги мекунаду ин мардум аз забони байналмилали сухан мекунанд ё дипломати рус гумон дорад миллати точик бояд як умур хонарубу хочатхонаруби русхо боки монад?Ки моро то ин дарача паст мезанад?Магар худамон,ки чойгох ва мавкеъи истьиклолиятро то кунун дарк накардаем!

Собир
Ман намефахмам ин сафир чи мехохад!Оё у Точикистонро гарибу халкашро як умр мардикори Руссия диданд мехохад?Забони на танхо руси,балки забонхои дигар,бештар аз хама забони руси ва забони хамсоягони бузургамон хинди ва чиноиро мо бояд азхуд кунем.Бо айби хамин мардум наметавонем,алифбои ниёгонамонро чори кунем.Сабаби бесаводии 70 соли шурави ва 22 соли замони истиклолият низ дар хамин аст.Аз мо хуса сохтанд большевикхо!Шояд ин ачиб намояд,лекин кабули кириллик ба нафъи туркзабонхо буд зеро онхо андешаи милли ёфтанд чаро,ки то замони Инкилоби Уктабр аслан онхо хате надоштанд!Мо бошем хати худ ва дар ин асос тамоми андешаю навиштахои 1300 солаи худро аз даст додем!

Расули Порси
Агар дар Гурчистон ва ё Узбакистон мебуд хатман адабашро медоданд.Суоли асоси барои точикон ин аст,ки забони точики кай забони илм мешавад?Чавоб вакто,ки хати порсиро кабул кардем!Ин хакикати бебахс аст.Замони комунистсолори моро фиреб карда аз беху бунамон буриданд.Имруз чун ба пешравихои нанатехнология ва забони илмии чумхури Ирон нигох мекуни дуд аз димор мебарори..Чи тавр моро фиребиданд!

Забони руси низ махдуд аст.Бо забони точики дар Ирон,Афгонистон,Хинду Покистон ва Узбакистон ,ИМА озод харф задан мумкин аст.Танхо дар Ирон ва Афгонистон 120 миллион ахоли.кариб баробари ахолии Руссия харф мезананд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)