Бахшҳо

Талбаков: Аввалин коре, ки мекунам, “Ҷаноби Олӣ”-ро мебардорам

Исмоил Талбаков, номзад ба мақоми президентӣ аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, мегӯяд, дар сурати пирӯзиаш ба касе иҷоза нахоҳад дод, ки ӯро бо ибораи “Ҷаноби Олӣ” хитоб кунанд.

Оқои Талбаков дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, аз ҳамагон хоҳиш мекунад, агар дар интихоботи президентӣ ғолиб шавад ё худ дар ғайри ин сурат низ ӯро на “Ҷаноби Олӣ”, балки “Рафиқ Талбаков” ё “Рафиқ президент” садо кунанд. Ба андешаи ин муддаии курсии раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, хитоб кардани ашхос бо ибораи “Ҷаноби Олӣ” ё худ вожаи “Ҷаноб” ин як навъи хушомадгӯӣ мебошад, ки ҳатто раисиҷумҳури вақт низ онро хуш надорад: “Ҳар вақт вожаи “Ҷаноби олӣ” гуфтӣ, алакай як лаганбардорӣ эҳсос мешавад. Ҳатто борҳо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз раҳбарони вазорату шаҳру навоҳии кишвар хоҳиш кардааст, ки ӯро Ҷаноби олӣ хитоб накунанд.”

Исмоил Талбаков изҳор медорад, принсипи асосии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ин баробарию бародарӣ ва рафоқат мебошад. Аз ин рӯ, ба андешаи ӯ, ҳангоме ки шахс ба мухотаби хуб, сарфи назар аз он ки калонсол ё хурд аст, аз вожаи “Рафиқ” истифода кунад, ин принсип иҷро шуда, як навъи бародарию баробарӣ ба миён меояд: “Яъне аз он шаҳодат медиҳад, ки ту он нафарро баробари худ медонӣ. Чун мо ҳама инсонем ва баробару бародарем. Боқӣ ҳама вазифаи хидматӣ, аз ҷумла вакилӣ ё президентӣ мебошад, ки мардум бар дӯши ту мегузоранд.”

Номзади Ҳизби комунисти Тоҷикистон ба мақоми президентӣ мегӯяд, дар гузашта мушоҳида нашудааст, ки боре раҳбари ҳизб ё худ давлатҳоро ҷаноби олӣ садо карда бошанд, балки рафиқ фалонӣ гуфта, хитоб менамуданд. Барои мисол: Рафиқ Сталин, рафиқ Ленин, рафиқ Чавес ва ғ..

Исмоил Талбаков меафзояд, то ҳол боре аз ибораи ҷаноби олӣ ё худ ҷаноб истифода накардааст, ҳатто дар вохӯрӣ ва хитоб бо раисиҷумҳури кишвар низ: “Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 2006 дар интихоботи президентии Тоҷикистон ба рақибонаш ғолиб омад, моро сари миз даъват кард ва ман дар он вохӯрӣ низ чандин бор ба ӯ на Ҷаноби олӣ, балки Рафиқ Раҳмонов ё Эмомалӣ Шарипович хитоб кардаам.”

Исмоил Талбаков, ки айни ҳол вакили Маҷлиси Намояндагон ва муовини раиси Ҳизби коммунист мебошаду аз тарафи ин ҳизб номзад ба мақоми президентӣ дар интихобот пешбарӣ шудааст, барои бори дувум ба дарёфти курсии президентӣ вориди рақобат мешавад. Вай соли 2006 бо Эмомалӣ Раҳмон, Абдуҳалим Ғаффоров, Олим Бобев ва Амир Қароқулов вориди корзори интихоботи президентӣ шуда, аммо натавониста буд раъйи кофӣ ба даст биёварад.
Мӯҳр
Точикбача.
Чаноби оли..._ ба фикрам касе арзандаи ин маком нест аз тоифаи имрузаи "чаноб"-хои мо. Ман хам агар "чаноб оли" мешудам намехостам маро чаноби оли гуянд.

tojik
Mardumi tojik hamin shakhsro prezident intikhob kuned. Bakhudo pushaymon nameshaved. Barnomai peshazintikhobotiyash ba nafi mardum ravona karda shudaast.

Дехкон
Вожаи "Чаноби Оли" бо худи Э.Рахмон бояд аз байн равад(истеъфо) ва умеду орзу дорем, ки ба мардуми чабркашидаи точик ва точикистониён нафаре сарвари кунад, ки дар хакикат мардуми бошад ва мардумро аз ин сарсону саргардонихо,кашшоки,бекори,бебарки,ноадол
ати ва г.х берун орад.
ИН АСТ ОРЗУИ ДЕРИНАИ МАРДУМИ ТОЧИК.

Чамшед н.Восеъ
Ма амика хавас дорум киии Чоноби Олим бган. Дига гапу кор намондай Чанобон? Касера чизе меган намеган ба мову шумо чи? Бигузор Гуянд чизе мехоханд. Шахсан маро оноби Оли гуфтан хуш аст. Ма на Лаганбардорум на Фабрикаи Чавоб. Як шахси одди ба мисли Шумо. Ягон илоч наёфтанд мегуян думи сагат качала аст. Бошен саломат аз ин бадгуихо ягон кас пул ё мансабмон намедихад. Мехнат кардан лозим захмат кашидан даркор ки сохиби обу рую сарват шавем. Занако вори гапи хамара ов додану гайбати як дигар кати мо пеш намеравем.

Чамшед н.Восеъ,
hak gufti jamshed.

Гиёси
Бародари Бе ном, аз чавобат хеле хушхол шудам. Аммо эхтиромона хохиш мекунам, хамон Раиси махаллаатонро гирифта, агар захрае чавонмарди бошад, бо далелхои дакик оиди пора гирифтани кормандони Кумитаи замин, ба Раиси шахри Душанбе расман бо ариза мурочиат кунед. Бовари дорам, ки агар ин хакикат ошкор шавад шахрдори хамон бинои гуфтагиатро,ки гайри конуни сохта шудааст, дар як они вохид ба мисли бозори "Зарнисор" чаппа роста карда мепартояд ва шахсони ба ин кор даст дошта ба мучозаот кашида хоханд шуд. Дар сурати дигар хар кас бояд барои тухмату сиёх кардани шахсони ба ин ё кор дигар даст надошта, дер ё зуд хам дар назди Худо ва хам дар назди Конун чавоб хоханд гуфт. Мардонавор ратфор намо бародари азиз.

боре яке аз мансабдоронро ҷаноби оли садо кардам бовар кунед аз тарса рангy руяш зард шyдy гуфт астағфирулло астағфируллоҳ маро ҷаноби оли садо накун. Мо дар Тоҷикистон як ҷаноби оли дорем yн ҳам Имомали Раҳмонов мебошад. Аз ман бисёр хоҳиш кард ки дигар yро ҷаноби оли садо накунам ки вазифааш дар хатар мешавад. Яне дигар мансабдорҳо агар фаҳманд барои ҳамин yро аз мансаби давлати меронанд.

Вале калимаи "РАФИҚ" муроҷиати сирф "ҳизбӣ" мебошад. Яъне ин калимаро аъзои як ҳизб дар муносибат бо якдигар истифода мекунанд. Аъзои ҲХДТ танҳо байни худ рафиқанд. Аъзои ҲНИТ ва дигар ҳизбҳо инчунин. Президент наметавонад барои ҳама "рафиқ" бошад. Калимаи англисии MISTER (Mr.) PRESIDENT маъмулӣ буда, дар ҳамаи забонҳои дунё мушобеҳи он истифода мешавад. "Your (His) Excellency (Excellencies - Ҷанобон), Ҳазрат, Аълоҳазрат, Ҷанобашон, Ҷалолатмаъоб" истилоҳоти дипломатианд. Онҳоро вобаста ба рутба ё вазифа ё ҷоҳу ҷалоҳ истифода бурдан шарт аст. Масалан, ба сафири кишвари хориҷӣ ҲАТМАН (YOUR) EXCELLENCY - ҶАНОБИ САФИР гуфтан даркор. Агар ин тавр нагӯӣ, қоида вайрон мешавад. Забони тоҷикии "пириллик" такмил наёфтааст. Аз ин хотир калимаи "Ҷаноби олӣ" хандаовар ва забонзада шудааст. Дар забони форсии тоза ин истилоҳот ҷой ва мавқеъи хоса доранд. Инро бояд кормандони бахши Эрони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон феҳраст карда, ба дигарон пешниҳод бикунанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)