Бахшҳо
07 дек 2013 13:12Тоҷикистон / Сиёсат

Раиси Хатлон: "Ҳукумов марди сахӣ аст, ҳар чизе хоҳед, медиҳад"

Иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон масъулини ноҳияи Бохтарро талқин кард, то барномаи компютеркунонии макотибро аз ҳисоби мансабдорону пулдорони бумӣ ба сомон расонанд.

Давлатшо Гулмаҳмадов зимни вохӯрӣ бо сокинони ноҳияи Бохтар бо ироаи он, ки барномаи зикрёфта ҳамагӣ 76 дарсад анҷом шудааст, Кибриё Сафарова, муовини раиси ноҳияро ҳушдор дод, ки иҷрои он мушкил нест. “Аз Ҳукумов (Амонуллои Ҳукуматулло, сардори КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”) сар карда ҳама бохтарӣ ҳастанд. Пешаш равед, чизе хоҳед, медиҳад. Бисёр марди сахӣ аст. Сироҷиддин Валиев низ дар Бохтар замин дорад. Оё пеши ӯ рафтед?”,-афзуд волии Хатлон.

Мавсуф талаботи якмоҳаи ноҳияро ба маблағи аз ҳисоби андоз рӯёнида низ ба риштаи таҳлил кашида, садри нозироти андозро зери тозиёнаи танқид гирифт. “Ҷамъмекардагиатон 1,5 миллион, мехӯрдагиатон 7 миллион сомонӣ. Аз ҳисоби кӣ хӯрда истодаед, оё фикр кардед? Имрӯз талаботи Сандуқи Байналмилалии Пул (МВФ) ин аст, ки ҷамоатҳо ҳисоби хӯронидану пӯшонидани худро ёбанд. Бо ин ҳол чӣ тавр зебогии ноҳияро таъмин мекунед?”,-изофа кард Гулмаҳмадов.

Зимнан, бархе аз иштирокчиёни ин ҷаласа бар он назаранд, ки раиси вилоят бисёре аз масоили муҳимро, аз қабили меъёри барқ ва дигар мушкили хоси ноҳияро зикр накард. “Сабабаш аз ноошноии ӯ ба ҳолу аҳволи ноҳияи мо аст”,-гуфтанд ин нафарон.

Давлатшо Гулмаҳмадов баробари ба курсии раиси вилояти Хатлон такя задан аввалан бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва баъдан бо намояндагони ВАО-и давлатӣ дар минтақаи Қӯрғонтеппа мулоқот анҷом дод. Ҳоло шиносоии хешро, дар мисоли фавқ аз Бохтар, дар ҳама шаҳру навоҳии Хатлон, бидуни даъват аз ВАО-и мустақилу байнулмилалӣ, барпо кардан дорад.
Мӯҳр
Зоиршо
Ахсан ба Шумо Мухтарам Гулмахмадов Д. Шуморо ба ин вазифаи пурмасъул , ки ба зимма доред табрик мегуем. Рости бовар кунед хурсанд шудам, ки кори худро аз насли наврас сар кардед. Ахсан ба Шумо бояд мо дуруст фахмем максад на онки, ки ба мактабхо компютер таъмин мекунад максад он аст, ки бояд насли навраси мо дониши мукамал дошта бошад. Шумо мухтарам Раис исбот кардед, ки гамхори бахри халк бояд аз насли наврас сар карда шавад Ахсан ба Шумо, ки камбудихои пинхонкардаи собик рохбарони Вилоятро ошкор кардед. Аз ин маълум мешавад, ки ба Шумо бовари хаст, ки дар оянда Вилояти Хатлон ба пешравихо ноил мегардад. Аз Шумо мухтарам Раис хохиш дорам, ки тамоми Рохбарони бемасъулиятро аз вазифахояшон сабукдуш кунед.

Зоиршо
Аз Озодагон хохиш дорам, ки хамин мавзуро дар сатри аввал монед

Шумо кадом раисро дар назар дорен бо ин суханхотон.

Зоир
Шумо як чизро намефахмед масалаи буча руз то руз вазнин шуда истодааст, маблагхои бучаро агар дар самти компютеркунонии мактабхо равона кунанд, дигар самтхои ичтимоиету икдисодиетро чи хел пеш баранд. Раиси вилоят дуруст дарч намудааст, ки рафта аз Хукумов Амонулло ва Валиев Сирочиддин ердам талаб намоед, то дар самти компютеркунони кумак намоянд. Дуруст мегуяд раиси вилоят Валиев С. Бояд ердам кунад, маблаги калонро аз кучо чам кард, аз хисоби вазифахои давлатиро ишгол намудааст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)