Бахшҳо

Вокуниши ҳукумати Хуҷанд ба сӯҳбати Илҳомҷон Ёқубов

Ҳукумати шаҳри Хуҷанд бо ирсоли номае унвонии “Озодагон” ба як бахши сӯҳбати Илҳомҷон Ёқубов, раиси дафтари Ҳизби наҳзати исломӣ дар вилояти Суғд, эрод гирифтааст. Оқои Ёқубов рӯзи 17 декабр, дар пайи кумак ба 1000 ятим ва оилаҳои ниёзманди вилоят, ба “Озодагон” гуфта буд, Марҳабо Қазоқова -- сокини шаҳри Хуҷанд агарчӣ аз ҳукумати Хуҷанд кумак хостааст, вале ёрӣ нагирифтааст.

“Аз панҷ оилае, ки шахсан он ҷо будам, гуфтанд, ки аз ҷониби ҳукумат, созмонҳои иҷтимоӣ ва вакилони маҳаллӣ кумак мегиранд. Аммо Марҳабо Қазоқова, ки дар маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд зиндагӣ мекардаасту фарзанди маъюб дорад, гуфт, чанд бор ба ҳукумати Хуҷанд муроҷиат намуд, то ки барояш кумак расонанд, вале аз ҷониби онҳо посухи рад гирифтааст”,-гуфта буд Илҳомҷон Ёқубов.

Вале Маҳмудҷон Додобоев, масъули дафтари матбуоти ҳукумати Хуҷанд менависад, “ба маълумоти Шумо мерасонем, ки мутаасифона ин далел тасдиқи худро наёфт. Баъд аз равшанӣ андохтан ба ин масъала шаҳрванд Қазоқова иброз намуд, ки баъд аз муроҷиат ба ӯ кумак расонда шудааст.” "Баъд аз суҳбат бо модари Марҳабо Қазоқова – Собира Қазоқова маълум гашт, ки бобати фарзандаш, ки маъюб аст, ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд муроҷиат намуда, фарзандаш соҳиби аробачаии маъюбӣ шудааст. Собира Қазоқова баён намуд, ки суханонаш дар бораи радди муроҷиат дар холати ҳаяҷон гуфта шуда буданд",-таъкид шудааст дар нома.

Дар замимаи ин нома як мактуб аз номи Собира Қазоқова ҳам ҷо дода шудааст. Хонум Қозоқова дар ин мактуби худ гуфтааст, аз тарафи ҳукумати шаҳри Хуҷанд аробаи маъюбӣ дастрас карда, инчунин, мақомот дар пардохти пули истифода аз нерӯи барқаш кумак мекунанд. Вай дар охири ин мактубаш, ки 17 декабр навишта шудааст, барои ин ҳама ба ҳукумати Хуҷанд изҳори сипос намудааст.
Мӯҳр
Мирзо аз Мастчох
Казокова бояд шуъбаи ХНИТ-и Сугди миннатдори намояд,зеро бокумаки андаки ХНИТ хукумати ш Хучанд бачунбиш даромада ба Казокова аробача хадия намудааст.Зинда бод ХНИТ хизби мардуми.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)