Бахшҳо

Амонулло Ҳукумов: “Аз Расул умеди зиёд дорам” (ВИДЕО)

Амонулло Ҳукуматулло (Ҳукумов), раҳбари корхонаи “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, ки дар пайи садамаи шаби 9 октябри соли гузашта бо иштироки БМВ-и писараш -- Расули 16-сола камнамо буд, дар нишасти хабарии 29 январи ин ниҳод ҳозир шуд.

Ҷаноби Ҳукуматулло дар сӯҳбати рӯбарӯ бо хабарнигорон дар мавриди ин садама низ ҳарф зада, аз ҷумла гуфт, "агар гап дар бораи шахси ман равад, гапи дигар аст, вале дар бораи фарзанди ман меравад, ман талаб мекунам, чизе қонун мегӯяд, бояд ҳамон шавад. Журналист чӣ ҳақ дорад, ки мегӯяд, писари ман се нафарро куштааст? Шаб, соати 2, ин садама шуд. Ман ба Ҷаноби Олӣ ҳам гуфтам. 6 соат ягон кас ба ман хабар надодааст, бояд ба ман мегуфтанд. Барои ба Олмон рафтани Расул ва таҳсилаш дар он ҷо ду моҳ талош кардем. Бисёр бачаи чаққон асту забони тоҷикию англисиро хуб медонад. Ман аз ӯ бисёр умед дорам”.

Амонулло Ҳукуматулло таъкид кард, баъд аз анҷоми тафтиши садама бо иштироки писараш ҳатман аз болои бархе аз рӯзноманигорон ба додгоҳ шикоят мебарад: “Ман то ин ҳад бе виҷдон нестам, ки дар Тоҷикистон кору фаъолият дошта, писари худро ба хориҷ гурезонам.”



Дар пайи садамаи шаби 9 октябри соли гузашта, ки дар маркази шаҳри Душанбе иттифоқ уфтод, се нафар ҷон дода, се нафари дигар маҷруҳ шуданд. Мақомот дар лаҳзаҳои аввали ин садама Асрор Ҳукумови 22-сола, бародарзодаи раиси ширкати Роҳи оҳанро, муттаҳам эълон карданд. Аммо баъдан гуфтанд, ин садама бо иштироки Расули Амонулло, писари 16-солаи Амонуллои Ҳукуматулло, рух додааст.

Ҳоло мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, бо ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ нафареро бо ному насаби Умар Шарифов ҷустуҷӯ доранд, ки зоҳиран гунаҳкори қазия ӯ буда, сари фармони БМВ-и Расули Амонулло қарор доштааст. Дар пайи ин қазия модари Расули Амонулло барои нақзи қонун дар бораи масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзандон аз сӯи Додгоҳи Исмоили Сомонии пойтахт 120 сомонӣ ҷарима шудааст.

Ҳарчанд Амонулло Ҳукуматулло иштироки писараш дар садамаи шаби 9 октябри соли гузаштаро рад кард, вале наздикони ӯ чанд бор ба ҷабрдидагони садама ва хонаводаи онҳое, ки ҳалок шудаанд, кумакпулӣ додаанд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Dev
Бисёр бачаи чаққон асту забони тоҷикиro bo lahmi kishlokash balad ast. Ohir ba hamin chakkonho moshini BMW nameshavad, du chakon yakjo sharora dar tagi poj...Rasulchiki chakon ba zuddi ba Olmon raft,ki ba sohibi BMW-i shikasta izhori hamdardi bajon kunad...

Ватандуст
Милиса, Ба милиса. Ҷони гапро гуфтед. Хайрият дар байни милисаҳо ҳам одамони ростгу ва адолатпарвар будаанд... Ҳукумову фарзандонаш ва наздиконаш дуруғгӯю қаллобанд ва мехоҳанд бо дуруғҳои худ ба чашми ҳамаи мо хок пошанд ва писари шабгардашро бегуноҳ бароранд. Ман ҳайрон мешавам, ки боз тафтишчиҳо ва кормандони милисаву суду прокуратура ба ун гапҳои дуруги вай бовар мекунанд...Ё ун бечорахоро мачбур мекунанд, ки ба даҳанашон об гирифта шинанд ё сиёро сафед гуянд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)