Бахшҳо
30 янв 2014 15:22Тоҷикистон / Сиёсат

Генерал Шоҳ Искандаров нагуфт, дар Исфара аст, ё ҷои дигар

Генерал Шоҳ Искандаров, раиси Идораи пулиси ноҳияи Турсунзода ва аз размандагони собиқ Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюни тоҷик (ИНОТ), рӯзи 30 январ дар як сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо “Озодагон” ҳузураш дар Исфара, ҳаммарз бо Бодкандро, тасдиқ ё такзиб накард. Ӯ танҳо гуфт, "посухи ин суол дар ихтиёри мо нест".

Ин дар ҳолест, ки 29 январ Вазорати умури хориҷии Қирғизистон аз ҳузури генерал Шоҳ Искандаров ва нерӯҳояш дар Исфара изҳори нигаронӣ карда, ба Душанбе нота ё номаи эътирозӣ фиристодааст. Ин нотаи чоруми Вазорати умури хориҷии Қирғизистон дар пайи тирпаронии 11 январ ба Тоҷикистон аст.

Дар як ҳафтаи охир бисёре аз расонаҳои русӣ ва қирғизӣ дар бораи пайдо шудани нерӯҳои Шоҳ Искандаров, аз собиқ размандагони Иттиҳоди Нерӯҳои Оппозитсиюни Тоҷик ва ҳоло раиси Идораи пулиси ноҳияи Турсунзода дар Исфара хабар доданд. То ҳол мақомоти расмии Тоҷикистон дар ин замина изҳори назар накарда, ҳузури Шоҳ Искандаров дар марз бо Қирғизистонро рад ё тасдиқ нанамудаанд. Вале Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон ин хабарро дуруст дониста ва гуфтаст, Шоҳ Искандаров дар марз бо Бодканд қарор дорад ва ин боиси нигаронии онҳост.

Номи Шоҳ Искандаров соли 2010 дар пайи даргирии нерӯҳои давлатӣ бо мухолифони собиқи мусаллаҳ дар Рашт вирди забонҳо шуд. Баъдан, тобистони соли 2012, ӯ дар амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар Хоруғ низ иштирок карда, тирамоҳи соли гузашта унвони генералиро соҳиб шуд. Дар пайи тағйироти ахири кадрӣ дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон раҳбари Идораи пулиси Турсунзода таъин гардид.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
точик
Охир у низ фарзанди точик аст

Ватандӯст
Ман ба андешаҳои баъзеҳо, ки Алимардонов дар чунин баҳсҳое, ки масоили марзӣ ҳал мешаванд, шахси босалоҳият ва бодониш нест, пурра розиам. Бояд ягон нафари аз ҷиҳати сиёсӣ пухта ва аз дипломатия огоҳ ба ин баҳс мерафт. Вале дар ҳукумати мо, ки онро бештар ҳокимияти хешутаборӣ мегӯянд, оё чунин шахс ҳаст? Як нуктаи рӯшан ҳаст, ки шахсиятҳоро ҷомиаи озод ва демократӣ ба вуҷуд меоварад ва баръакс ҷомиаи худкома шахсияткуш аст. Аз ин нигоҳ Қирғизистон аз мо бештар шахсиятҳо дорад ва як худи доштани муовини сарвазир оид ба масоили марзӣ ҳам баёнгари ин ки онон дар ин масъалаҳо дурандешанд ва аз ҳама асосиаш ба мардуми худ такя мекунанд ва онро дӯст медоранду андешаи ононро эҳтиром менамоянд. Ҳукумати мо ҳам бояд чунин шеваи корро пеш гирад, вагарна бо хешу таборбозӣ ҳукумат ба ҷое намерасад... Вале ин ки Шоҳ Искандаров бо сарбозонаш ба марз оварда шудааст, ин кори хуб аст. Қирғизҳо эҳсос карданд, ки бо дуғу даранг онҳо моро тарсонда наметавонанд. Боз, ба андешаам, баъзе сиёсатмадорони дурандешашон пас аз ин дӯғу дарангҳояшон ононро фаҳмониданд, ки ба ҷуз муҷоҳидони ҷангдидаи худи Тоҷикистон боз ин кишвар ва мардуми тоҷикро садҳо ҳазор тоҷики муҷоҳид дар Афғонистон--шогирдони Аҳмадшоҳ Масъуди бузург дар лаҳзаҳои душвор танҳо намегузоранд ва дар соати зарурӣ ба ёриашон меоянд. Чи тавре ки муҷоҳидони мо дар солҳои ҷанг муқобили Толибон ҳаммиллатони худ --муҷоҳидон таҳти сарварии Аҳмадшоҳ Масъудро ёрӣ дода буданд... Ҳамаи инро баъзе сиёсатмадорон ва сиёсатшиносони қирғиз хуб медонанд ва ба андешаам, яке аз сабабҳои паст шудани даму нафасашон ҳамин омилҳост... Аз ин рӯ, ҳукумати Тоҷикистон ҳеч гоҳ ба гузашт розӣ нашавад ва танҳо барои аз рӯи адолат ва бар асоси қонунҳои байналмилалӣ ҳаллу фасл шудани масъала бикӯшад ва заррае аз хоки Ватанамонро ба бегонагон надиҳад. Ҳамчунин он 350 гектар заминро, ки барои ичора ба қирғизҳо дода будем, бозпас бигирад. Он хоки поки Ватани мост!

Рустам
Чй гапе хаст, Дустум дар Казокистон гаштасту Шох Искандар дар Исфара...

Ин мардак "источник повышенной опасности", аз зохираш маълум, ки факат барои айёми чангу парешони зоида шудааст ва рузе дар он саркуб хохад шуд,

Нахудак
Беҳтарин ход аз тарафи Раҳмон!!
Қирғизҳо дар ҳақиқат беақл будаиян. О омаданаша ку фаҳмидтон, чува овозаю дарвоза мекунед?! Ягонта дошта боштон, оварда монед... мо ку аз военни учениёи шмо як мижа хам накардем ку. Агар мо военни учени мегузарондем, ин қирғизҳо ба ООН шикоят мебурданд, чӣ?

курбонали
Овозаи омадани Шох Искандар ба Исфара киргизро ба ларза овардааст бехад хуб мешуд рохбарии ин гурухи кориро ба у медоданду ба чои баьзехо точикони асил мисли Курбони Чолу Саидшо Шамолов,Сухдроб Косимро Хамрох мекарданд кайхо ин бахс хали худро меефт дигар киргизу узбак даьвои заминхои моро намекарданд.

joi nang nang ast joi jang jang-alimardon nameshavad oxir.vazironi jasuru notarsu milatu vatandustro firisted.nafiristed xudashon boyad biyand ba joi bahs.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)