Бахшҳо

Ҷамолиддин Амонуллозода дар бораи шиа ва Қаззофию Ҷаноби Олӣ

Ҷамолиддин Амонуллозода, сархатиби ноҳияи Рӯдакӣ ва писари марҳум Амонуллоҳ Неъматзода -- муфтии пешини Тоҷикистон аз зуҳури мазҳаби шиа дар кишвар шадидан нигаронӣ карда, аз сокинон хост, ба гуфтаи пайравони ин равия гӯш надиҳанд.

Амонуллозода дар намози ҷумъаи 31 январ дар маҳаллаи Оқтоқи ноҳияи Рӯдакӣ гуфт, “ҳоло шиаҳо баромада, мардумро аз мазҳаб бемазҳаб мекунанд ва мо набояд ба гуфтаҳои онҳо гӯш кунем.” Ӯ аз суханони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон иқтибос оварда таъкид кард, ки сокинони кишвар ҳамагӣ бояд аз мазҳаби Ҳанафия пайравӣ кунанд: “Ҷаноби Олӣ мегӯяд, мо пир дорем, мо имоми Аъзам дорем!”

Инчунин, сархатиби ноҳияи Рудакӣ аз сокинони Тоҷикистон даъват кард, аз доштани чунин раҳбари сулҳовару сабти номшуда дар гуруҳи 500-нафараи мусулмонони бонуфузи ҷаҳон шукрона карда, танҳо ба гуфтаҳои ӯ гӯш диҳанд: “Ҳоло мо набояд, ба гуфтаи бархе аз муллову эшоне, ки як бор мардумро гумроҳ карда буданд, гӯш диҳем. Ба мо касе сулҳ овардааст, бояд танҳо ба гуфтаи ӯ амал кард.”

Писари муфтии пешини Тоҷикистон аз нооромиҳои солҳои 90-уми кишвар ёдовар шуда, гуфт, аз доштани сулҳу суботи кунунӣ дар кишвар бояд шукрона кард, то дубора гирифтори он рӯзҳое, ки ба қавли ӯ гӯиё занони тоҷик ба хотири нон танфурӯшӣ кардаанд, гирифтор нашуд: “Як бор ношукрӣ кардем, дар чӣ балоҳо задем, ҳама аз ин мардум безор шуданду гурехтанду рафтанд. Ин рӯзҳое буд, ки занҳои мо барои як нон занакии худро медоданд. Ин ҳама дар пайи як фитна ба миён омада буд.”

Сархатиби ноҳияи Рӯдакӣ дар шарҳи ин суханронии худ вазъи бархе аз кишварҳои арабиро мисол оварда, аз Муаммар Қаззофӣ, раисиҷумҳури пешини Либия, ки бар асари норозиигии сокинони ин кишвар аз ҳукумати ӯ даст ба муборизаи мусаллаҳона зада, кушта шуда буд, қадрдонӣ кард. Ӯ гуфт, Муаммар Қаззофӣ дар ҳаққи дини Ислом хидматҳое зиёде кардааст. Вале ба қавли ӯ, бо ворид шудани равияи Салафия ба ин кишвар ҳукумати ӯ сарнагун гашт: “Бо даъвати ин марди хирадманд, мо ҳамроҳи падарам ҳар сол ду бор ба Либия сафар карда, дар нишасти уламои тамоми ҷаҳони Ислом иштирок мекардем. Ин мард дар ҳоле аз курсии раёсат барканор ва кушта шудааст, ки дар ҳаққи Ислом хидматҳои зиёде кардааст. Аммо бо ворид шудани мазҳаби салафӣ ин давлат пош хӯрда чӣ қадар клет шуд!”

Номи Ҷамолиддин Амонуллозода тайи ҳафтаи охир мешавад, ки дар сархати расонаҳои хабарии кишвар қарор дорад. Як ҳафта пеш дар Ютуб (YouTube) наворе бо номи “Ҷанозаи Ҳоҷӣ Қурбоналӣ” гузошта шуда буд, ки мавриди баҳси зиёди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифтааст. Асли баҳс сари ин аст, ки наздикони Ҳоҷӣ Қурбоналӣ аз рӯи васияти падарашон барои гузоштани намози ҷаноза Эшони Нуриддинҷон, яке аз рӯҳониёни шинохтаи кишварро, даъват кардаанд. Вале Ҷамолиддин Амонуллозода, писари муфтии собиқи Тоҷикистон, монеи пеш гузаштани ӯ мегардад ва мегӯяд, “Ҳазрати Эшон, ин ноҳия соҳиб дорад. Дар куҷое аз ноҳияи Рӯдакӣ намози ҷаноза аст, касеро намемонам, худам мехонам.”


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
сауд
реклама доред хами чоплуса шарм дор мо худамон медонем чи шуду гузашт да тчк мансабат мефорад аз АЛЛОХ тарс дунёи дуруза бако надорад

ozod
boz yak nosehi digar paido shud.bas budagist in qadar mazhabboziho.domulo amonulo asri 21 asri ilmu tekhnikavu fathi kaihon ast shumo boshed az doirai tangi mafkurai asri
miyonagiaton yak qadam pesh nameraved.hamajora khudaton klet karded.tafriqa meandozedu mardumro muqbili ham meshuroned.

абдул
ин холо аввали кор аст,баъди 2-3 мохи дигар маош гирифтанашон
баъд мебинед.кутбахои намози чумъа бо дуруду санои Ч.О.сар мешавад.
наузубиллох...

Яъкуб.
Ин боз максади сиех кардани Турачонзодахоро дораду худро назди ин ширин кардани хаст.Хол онки бо хафтод пушти гузаштаву меомадааш ба як муи Турачонзрдахо намеарзанд Ах Худо тарсу нисбати ин мардони шариф бадгумониро бас кун,ки шармандаи ин дуневу охират мешави......

Кулоби
Ту мискин Амонзода аз салафию шиа хабаре надори ту шарманда аз шарм бояд болои минбар набарои бесаводи бехирад

Ту мискин чамол на аз акидаи салафи хабар дори на аз шиа аз он шармандагие ки карди дар чаноза агар номус медошти харгиз болои минбар намебаромади

холид
Аз хар ояд дуруст гуфтаанд

Хамин муллои дарбори як бор точикистона хуб назар кна бад Россия биея мебинад духтарону занони точик дар чи холанд? Сулх кардед 150,000 овардеду ду миллиона аз ватан ронда кардед шарм надошта мисол мезанад!

БЕНОМ
Ин Чамоли аз кай боз худро мулло метарошад?
То солхои 2000-ум ба ФР ш-Тольятти хар мох то 10кг сафеди бурда мефурухту шарм накарда боз худро мулло мегуяд

Суни
Чамолиддин нусхаи Мукаррам аст. Рузе мешунавем чойиваз мешаванд. Аллакай барои мансаби раиси шурои уламо шудан "хизмат" карда истодааст. Лекин дар мавриди хифзи мазхаб аз дигар равияхо бо у мувофикам. Шиахо вокеан хатар ба мазхабу амнияти Ислом доранд. Бояд ин чидди кабул карда шавад.

рохгузар
Э шармандаи тарсончак будай и муллои бесавод!

Ин муллои макор дуруст мегуяд замони чанги шахрванди у дар бозорчаи гардиши колхози Ленингради нохияи Рудаки ба зани миллати тотор ки ба нонфуруши машгул буд робита баркарор намуда уро аз худ намуда буд. Худованд аз фитнаи ин макор нигохбон бошад! ,у хатто падари худашро эхтиром намекард. Ман шахсан фахмидам ки падараш уро дуои бад мекардааст.

Бехуда устод Лоик нагуфтаанд,ки Бе савод аммо савод омузи сад омузгор.

Крест
Хамин Ҷамолиддин Амонуллозода-ро Чаноби Ъолияш фармон дихад ки Крести калон дар гарданат кун баъд ба намоз рав бо тамоми ифтихор КРЕСТИ масехиро дар гардан карда мегардад.
худои ин бо ном мулло Чаноби Ъолияш аст.

Исллм
Ин муин бародар асли бахсро е нафахмидаст е ба Э. Нуриддин душмани дорад е ба хамин чамолишайтони фосик хешу табор аст ва мехохад мавзуъи бахсро дигар су барад.

абу хузайфа
ин мехохад вазифай падарашро гирад магар хамин хизиат дар дин аст шумо доред обу руй исломи азизро мебарад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)