Бахшҳо

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ ба номи Худо қасам хӯрд, ки...

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, аз сокинони кишвар даъват кард, дар баробари таблиғгарони аҳзобу мазоҳиби ифротӣ хомӯш наистанд.

Ӯ дар намози ҷумъа дар масҷиди марказии Душанбе гуфт, “мову Шумо бояд даҳани ин таблиғгарони салафию шиащои "Исноашария"-ро бандем”. Дар ҳоле ки ба қавли муфтӣ, “ин таблиғгарони мазоҳиби ифротӣ дар бағал пачкаҳои доллар вориди ҷомеаи мо шуда, мехоҳанд, бархе аз сокинони кишварро аз мазҳаби Ҳанафия берун созанд”.

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон таъкид кард, ӯ борҳо аз ҷавонони кишвар даъват кардасту боз ҳам мекунад, ки ба ҳеч гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ напайваста, зиндагии хешу атрофиёнашонро табоҳ насозанд. Абдулқодирзода аз афроди таблиғгари равияи шиа ва салафия дар ҷомеаи мазҳабии тоҷик хоинони Ислом ном бурда, гуфт, ҳоло фарҳангу маърифати динии мардуми мо ба ҳадде поин аст, ки бардошти гуногунмазҳабию барангехтани масоили ихтилофии диниро надорад: “Ба Худо қасам ҳар кас масоили ихтилофиро дар ҳамин замон мебардорад, душмани Ислом аст.”

Ин дар ҳолест, ки ахиран Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ гуфта буд, ҳар кӣ дар Осиёи Миёна алайҳи арзишҳои мазҳаби “Ҳанафия” таблиғ ва мубориза мебарад, душмани Ислом бояд хонда шавад. Раиси ҲНИТ дар мулоқот бо донишҷӯёни тоҷики муқими Эрон таъкид карда буд, тӯли садсолаҳо мешавад, мардуми Осиёи Миёнаро дини Ислом ва мазҳаби “Ҳанафия” дар канори ҳам ҷамъ кардааст ва ба миён омадани равияву мазоҳиби дигар дар минтақа боиси низоъ ва нооромӣ хоҳад шуд.

Даъват ва пуштибони аз мазҳаби Ҳанафия дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки дар муқаддимаи Қонуни нави кишвар оид ба дин ҳам навишта шудааст: “Бо эътироф ва тасдиқи ҳуқуқи ҳар кас ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, инчунин баробарии ҳама дар назди қонун, новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод, дар асоси он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ аст, бо арзи эҳтиром ва таҳаммул ба тамоми дину мазҳабҳо, бо эътирофи нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи Тоҷикистон, Қонуни мазкур қабул карда мешавад.”


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ahnof
Bachai amakash salafist muftira. inro hama medonad. avval az u sar kun

Дилшод
Руш сиёх писари бародари худаш бо номи Мухтади айни замон пешвои салафиён мебошадСабури,

Дилёб
Ба банда хеч муясар нагардид, ки бидонам, хамин худи Саидмукаррам пайрави кадом мазхаб аст? Зеро худи уро хамеша дар тарки суннатхои Паёмбар (с) дармеёбем. Хусусан эътирози охирини пур аз гарази у дар мавриди васиати майит, ки чанде кабл расонаи шуд, шаку шубхаи зиёдро дар дилхо чой гузошт. У бисёр мекушад кавонини Аллох ва аходиси Расули Акрам (с)-ро ба манфиати худ истифода кунад. Хёл мекунад, ки конуни шариатро низ мисли конунхои Точикистон бо харгуна хадафхои сиёси мувофик кардан мешавд. Шахсан барои камина хамчун як чавони манзури Саидмукаррам, Саидмукаррам аз козихои даврони амири беш наменамоад.

Одамхудо
Абдукодирзода аввал худаша бояд ислох кунаду баъд дигаронро даъват кунад.тафрикаандози NO-1 худаш аст.боз дар бораи бефархангии дини гап мезанад. о вакте рафтани чавононро ба масчит манъ карди,дар намозхои чумъа ба номи ЧО хутба хонди мардум аз кадом фарханг бохабар мешавад.шармандаги наздик аст!

Man karib dah sol dar eron dar shahri qom dars khondam . Ba vallohi kasam mekhuram ki hanafi hastam . Va guftai muftiro tayid mekunam. Va lokin avval man tojikam bad musulmon va har kadame ki memomonam mafiathoi milli ro na shaxsiro dar nazar megiram. Okoi mufti man ba vallohi harfi shumoro kabul doram.

Точ
Мухидин Кабири худаш шиъа аст чихел бо насихат мекна

муъмин
[quote=чорч буш.]Набояд шумо шиъахои ифротгароро хакки озодона фаъолият карданро диханд. Чунки шумо хамаро ба кабрпарастиву имомпарасти даъват мекунед. Худатонро бо Н.Хусрав киёс накунад. У ба сахобагони киром дашном намедод ва модари муъминон хазрати Оиша(р)

Савобчу
ОЁ ДАР Точикистон дигар гапу кор ва мушкилоти дигар нест, то мардум хама ахлона бахри ислохи он кор кунад, факат бахси муллову мурда ва таракаи мерос дар бахси хам муллову хам омми.Биёед бародарон хамаро як тараф гузошта боре бахри халли мушкилоти зиндаги ва пешрафти Точикистони азиз андеша кунед.! Бас аст, нагмаи чудоиандози байни мардуми мусалмони точик1 То кай чомеаи чахони ба холи м мардуми гумроху бесавод механдад1

Бародар муфти ту аз муфти буданад, набуданад бех аст. Мо фахмидем, ки дар Точикистон хатто вазифаи муфти фурухта мешавад. Ва ту ин вазифаор низ харидаи!!!

Ин сайид мукаррам дар асоси амри Раиси Кумитаи дин факат корхоеро анчом медиханд, ки тахкурсии онро Мухиддин Кубири ниходааст. Ба инхо як савол оё намешавад як амри мухиммеро ки бояд анчом дод ба чои хоб ва дар паи чамъи мол пештар икдом мекарданд. Ва чои пушида нест ки хар коре ки барои хифзи манфиатхои давлату миллату мазхаби Ханафи анчом мегирад танхо аз чониби Мухиддин Кабири ва Турачонзодахо сурат мегирад ва баъдан инхо онро обу ранг медиханд. Дар масъалаи дашном додан ба сахобахои Расулуллох аз Осиёи Миёна ягона Хочи Акбар Турачонзода буд ки ба Хукумати Эрон нома навишт вале Муфти ва Холиков дар хобюи гафлат буданд.

Комил
Агар муфтӣ худ аш дар мазҳаби ҳанафӣ холисанлиллоҳ муътақид бошад, пас дарҳол ба ин суол ҷавоб гӯяд, ки барои чӣ ҳаққи вориси майитро ва ё васияти марҳумро дар бобати тайини шахси ҷанозахон бекор намуда гуфтааст, ки ҷанозаро танҳо имом хатибони маҳаллӣ хонанду халос. Дар ҳоле ки ин хилофи мазҳаби ҳанафӣ аст. Посухро интизорем.

Джеко
Чун дар асри пешрафтаи нанотехнология ба ин бахсу мунозирахои фарзандони миллат назар меандузи ба вохими меафти.Чомеъа ба суи феодализм рафтост чи бало?Аср асри аклхост на бахсхои асри миёнаги ва феодали!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)