Бахшҳо

“Капат дуд кадагияй”. СМС-и таҳдидомез ба вакилони Зайд Саидов

Се вакили мудофеи Зайд Саидов, соҳибкор, вазири пешини саноат ва раҳбари зиндонии Тоҷикистони нав, мегӯянд, афроди ношинос пайваста ба телефонашон паёмак (СМС) фиристода, онҳову оилаашонро таҳдид ва таҳқир мекунанд.

Ахиран як чунин СМС-и таҳдидомез ба телефони Шӯҳрат Қудратов, яке аз се вакили мудофеи Зайд Саидов, аз шумораи 915651308 ворид шудааст. Дар ин СМС гуфта шудааст, “гуш ку да се рӯз вақт рафта аризата ай суд гир набоша капат дуд кадагияй фикри хдта накни фикри гудакота к ки хамаша нигах дорем неки ай хад гзаронде таёрита би ба кариби пеши хаму зайдт мере”.

Шӯҳрат Қудратов, ки ин паёмакро дар ихтиёри “Озодагон” гузошт, гуфт, ҳамингуна СМС ба рақами телефони Исҳоқ Табаров ва Фахриддин Зокиров низ омадааст. “Айни замон ҳаёт, саломатӣ ва бехатарии мо ва оилаи мо пурра зери хатар қарор дораду ҳамаи ин бевосита бо иҷрои вазифаи касбии мо нисбат ба ҳимояи ҳуқуқи конститутсионӣ ва шаҳрвандии маҳкумшуда Зайд Саидов алоқаманд мебошад”,-омадааст дар изҳороти ин вакилон, ки рӯзи 25 феврал нашр шуд.

Онҳо дар идома навиштаанд, “мо барои пурра, ҳамаҷониба иҷро намудани фаъолияти касбии худ оид ба ҳифз ва ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои аз тарафи қонун ҳимоятшавандаи зерҳимояамон Саидов Зайд Шероивч аз тарафи шахсони номаълум таҳти таҳдиду фишор қарор дода шудаем.”

Дар ин изҳороти вакилони Зайд Саидов гуфта шудааст, онҳо чанд муддати охир мавриди таваҷҷуҳи Оҷонси мубориза бо фасоди молӣ, бахусус раҳбари он Абдуфаттоҳи Ғоиб, қарор доранд. “Ин таваҷҷӯҳи мақомоти зикргардида аз оғози фаъолияти мо ба сифати ҳимоячиёни собиқ вазири саноати Тоҷикистон Зайд Саидов аз моҳи майи соли 2013 сарчашма мегирад. Сарвари ин мақомот ҳар изҳорот ва дархосту пешниҳоди моро вобаста ба парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Саидов дарднок, бо эҳсосоти ба худаш хос қабул намуда, норозигии худро дар ҳар шакл зоҳир менамояд”,-таъкид шудааст дар изҳорот.

Вакилони мудофеи Зайд Саидов, инчунин, аз мақомоти Вазорати умури дохилӣ ва амнияти миллии Тоҷикистон шиква кардаанд, ки чандин муроҷиату дархости онҳоро бе посух гузоштаанд.
Мӯҳр
Акаи Фахриддин, Хабар дори, ки дар Агентии коррупсия миш- мишхои зиеде нисбати худатон хам пайдо шудааст, ки як миллион доллари " Точиксодиротбонк"-ро кахрамонона тасарруф кардаи, хубтар мешуд, ки аз паи химояи худат мешуди. Ба фикрам чоят бари Акаи Зайд мешавад.

Аку 3 вакт хуроки пицерияро фаромуш кунед

Шухратбой Ай таги пот тар будан тарсидестай, ки ика нагма кардести ??? Хайфт

Dev
22,
Charo gurezand? Tu gurezi , man gurezam, onho gurezand...pas ki memonad dar Tojikiston ,ba juz hamin hel govsuhanho? Umuman man hajroni hamin advokatho , ohir charo onho ba tashkilothoi bajnalhalki murojiat namekunand, ham ba mushkilihoi hudashonu ham ba govsudi Zajd?

якчиро мушохида кардам хамин аз Фабрикаи Чавоб факат шрифти калон кати менависанд ана интавр "ТУ ХУДАТ БАРОИ ВАТАН ЧИ ХИЗМАТ КАРДИ? ИН ХЕЛ ИГВОАНГЕЗИ НАКУНЕД ШАРМАНДАХО..." фикр мекуни чашмашон хира бошад?

In yak ighvo andozi meboshad. Man az khabarguzoroni ozodagon mekhoham, ki Shumo boyad isbot kuned chun ki har khabare ki haqiqat nadorad darav pahn nakuned: Zero milion kasho inro mebinan va mekhonand. Shumo smsro dar tilifoni u kushoda rasmashro girifta moned! yaqin medonam in khabar haqiqat nadorad! Zerro man inkhel sekrethoro medonam!!!

Адвокатхои Точикистон факат аз зерхимояаашон пул талаб карда метавонанду халос.Худам як чанд бор мухточи адвокат шуда будам.Хар як кадамашон пул.Холо ягон натича нашудаааст пешки пулро талаб мекунанд холо он ки аксарият корхо ба фоидаи зерихимояаашон хал намешавад.

Адвокатнашаванда
Шухратчон ба гап нест. Дар шинондани Зайду иштроф кардани Тутубалина хела ёрдам кард. Акун бояд як бало карда худша сафед карданаш даркор ку.

Дустдори Зайд
комментхоро хондам ва дилам комилан аз ин давлат ва мардуми точик монд. ачаб мардуми ноогох ва бехираде дорем. масалаи Зайд Саидов ба хама маълум аст, ки заказ аз боло аст. касе камтар дар Точикистон зиндаги карда бошад медонад ки дар ин давлат ягон конун кор намекунад махсусан агар фармон бошад аз боло.
Онхое ки аз худ хирадманд ва окил метарошед ва аз худ вакил ва адвокатхои барчаста метарошед, як бор худро дар чои ин адвокатхо гузоред. Вакте конун кор намекунад, вакте шохидони ин адвокатхоро суд кабул намекунад, Шумо аз ин бечорахо чи мехохед?
Вакте тамоми структураи кудратии давлат ба ин хонаводаи Зайд ва адвокатхояш хучум мекунанд, бачои кумак шумо ба онхо таъна мекунед? кучо шуд хирад? кучо шуд инсоф?
То вакте ки мардуми мо бедор нашаванд ва талаби хукукхои конунии худ накунанд, чои хамаи ин комментаторхо якта якта оянда назди Зайд аст. чун иншоа Аллох Шумо хам гирифтори инчунин мушкилот мешавед ва онгох хамсояаат мешинаду туро гунахгор гуфта мегардад. чун агар гуяд ту хуби онгох бояд аз пуштат хезад. ин аст ки бехтарин рох чашм пуши аз ин мушкилот моя хата с краю ...

абук
Жемпури Шухрат Кудратова бинен ДОЙЧ ГАБАНА хай wink

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)