Бахшҳо
26 фев 2014 09:17Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Мухолифати Хидирова ва ҷонибдории сеяки сокинон аз дузанагӣ

Назарпурсӣ миёни корбарони интернет дар Осиёи Миёна муайян кардааст, ки ҳар сокини сеюми минтақа ҷонибдори дузанагӣ мебошанд. Зимни ин назарпурсӣ, ки аз ҷониби пойгоҳи хабарии CA-News давоми моҳи феврал гузаронда шудааст, 53 дарсади иштирокдорон зидди дузанагӣ баромадаанд.

Тибқи ин назарпурсӣ 11 дарсад иқрор шудаанд, ки зани дуюм доранд ва 4 дарсад гуфтаанд, ки худашон зани дуюм мебошанд. Ин дар ҳолест, ки муҳоҷирати оммавии мардон аз Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон, азҳампошии хонаводаҳо ва бе шавҳар мондани занонро ба бор овардааст.

Бар асоси як омори Созмони Миллал феълан ҳудуди 300 ҳазор зани аз 30-сола болои Тоҷикистон бе шавҳар мебошанд. Бархе аз таҳлилгарон барои ҳалли ин мушкил роҳандозии таҷрибаи дузанагиро пешниҳод кардаанд. Аммо Мағфират Хидирова, раиси Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон дар посух ба суоли “Озодагон” дар робита ба дузанагӣ гуфт, “қонунгузории Тоҷикистон ба ин масъала ҷавоби қотеъона додааст ва он манъ мебошад.”

Ин дар ҳолест, ки аз нигоҳи Ислом, ки 99 дарсади сокинони Тоҷикистон пайрави онанд, бисёрзанагӣ иҷозат дода шудааст ва он ҳам ба шарте ки агар мард тавоноӣ дошта бошаду баробар бо ҳамаи занҳояш муносибат ва таъмин кунад.
Мӯҳр
Бахил
Занхо бахил хастанду бадрашк. Дар инчо ягон кас таргиб ба 2 занаги намекунад. Масъалаи зани дуввум гирифтан, мушкилии чомеъаро каме хам бошад хал мекунад. Дуюмаш ин ки обуруву иффати занхои бева хифз мешавад. Соябони сари худ ва фарзандонашро пайдо мекунад. Хамин занхои даг дага мекардаги, агар дар чои хамон бечора занхои бева, ки зор хастанд зани дуввум шаванд, мебуданд баъд ба кадри суханхои Худованд мерасиданд. Хуроки гарму, либоси хубу огуши гарм доранд, кай парвои он бечорахо доранд. Охир зан хам мехохад огущи гарм дошта бошад, чи кор кунад? Кучо равад? Аз кучо сохиби огуши гарм шавад? Поида мешинад ки кай ягон занмурда е муйсафед пайдо шавад ва ба шавхар барояд. Аз бефахмии мо точикон, занхо туалеттозакунак, пешхизмат, косашуй ва гайра шудаанд ва фарзандонашон дайдуву фохиша. Зани дуввум ки шуд дар хона нишаста фарзандонашро тарбият мекунанд Ин хонумхои мо аз Ислом куллан бехабаранд вагарна мухолифи фармудахои Худованд намебаромаданд. Шумо мухтарам хонумхо он дузанагие, ки дар Точикистон вучуд дорад фарк гузоред ба он дузанагие, ки Худованд фармудааст. Аксари 2-зан гирифтагихо аз руи Ислом амал намекунанд, барои хамин нафрати чомеъаро ба бор овардааст. Факат барои айшу ишрат. 2-занаги ин гуна нест. 2-занаги масъулият дорад назди Худованд. Паембар фармуданд, касе 2-зан дорад ва адолатро байни ин занон барпо намедорад, рузи Киемат фалач( паралич) аз кабр бармехезад.

наврузшо,

Бародар Наврузшо! Куръон китоби давру замон нест. Ин китоб дастурамалест барои мусалмонон то рузи Киемат. Фикру акидаи шумо галат аст, чунки мухолиф бо сухани Худованд аст. Агар ба хамон ояте, ки дар бораи то 4 зан гирифтан ичозат аст, назар кунед, Худованд мегуяд, АГАР метавонед ва бовари доред, ки байни занхо адолат барпо мекунед, то 4 зан бигиред, агар бовар надоред, бо як зан бимонед. Яъне фармон аст, ки дигар зан нагиред. Албатта хар кас бо чи максад зан гирифтаашро назди Худованд чавоб хохад гуфт.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)