Бахшҳо

Таъсиси “Телевизиони мардумӣ” аз сӯи созмони Иззат Амон дар Маскав (ВИДЕО)

Як гурӯҳ аз ҷавонони тоҷик дар Русия шабакаеро бо номи “Телевизиони мардумии Тоҷикистон” созмон дода, дар ҳоли ба анҷом расондани корҳои техникии онанд. Иззат Амон, раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Маскав, гуфт, ин телевизиони фарҳангӣ ва омӯзишӣ буда, дар бораи ҳаёти муҳоҷирон низ гузориш хоҳад дод.

Мусоҳиби мо афзуд, феълан бо сармояи худ чанд дастгоҳи наворбардорӣ харида, машғули омода кардани студияҳои телевизион ҳастанд ва нахустин барномаҳои санҷишии он дар Ютуб низ ҷо дода шудааст. “Ҷавонон мехоҳанд, Телевизиони мардумии Тоҷикистон як шабакаи воқеан мардумӣ бошад. На мисли телевизионҳои Тоҷикистон, ки танҳо ва танҳо аз таърифу тавсифи як нафар ва ё хонаводаи як нафар иборат аст”,-таъкид кард Иззат Амон.

Раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия мегӯяд, ба далели ин ки шабакаи нав моли созмони ҷавонон аст, масоили марбут ба ҷавонон низ матраҳ хоҳад шуд. Дар тӯли як соли охир ин дувумин телевизиони тоҷикист, ки дар Русия фаъол мешавад.

Моҳи августи соли гузашта нахустин телевизиони тоҷикӣ дар Русия бо номи “Сафо” ба пахши барномаҳояш шурӯъ карда, то анҷоми интихоботи президентии Тоҷикистон дар моҳи ноябр фаъол буд. Ҳоло ин телевизион барнома пахш намекунад.


Яке аз нахустин барномаҳои санҷишии Телевизиони мардумии Тоҷикистон:

Мӯҳр
ХАЙРХОХИ ШУМО
Айб аст. Айб. Охир ин хам баранда шуд? Худаш маънои гуфтахояшро намефахмад. Ин лахн русист. Аслан точики нест. Иззат Амон, илтимос ин кадар худхох набошед. Мачбур накунед ки дар як подводка (пешгфтор) шуморо се бор "устод" гуянд. Охир устод унвони илми, хитоб ба ихтирлъкорон ё акаллан муаллими чандсолкоркаода аст. Шумо кадоме аз инхоед? Бо хурсанди ба тамошо омадам. Идомаашро ниглх каода хам натпвонистам. Дилам тах кашид. Гайрикасбият аз сару руи хамаатон меборад. Тарзи нишаст, ракурсхои оперптор, тагзими коргардон, нутк ва лахни баранда, тарзи нишаст ва сухбати худи шумо.... хулоса чи гуям, ки ногуфтанам бехтар аст? О чаро саросема мешавед? Аввал хуб омода шавнд. Коргаоони эчоди ва техникиатонродар ягон шабака бурда монед ки чанд муддат кор кунанд. Тнлевизион ташкил кардан кори осон нест. Хайрият хаминро санчиши гуфта дар интернет додед. Тлтимос бо ин вазъ аслан эфир набароед, ки моро маъюс ва худро шармсор хохед кпрд.....

Khudo ghuvvat dihad, barodori aziz Izzat Amon. faghat az shumo yak khohish, iltimos roviro digar kuned...! Be in ham dar televizion va radoi vatanamon Tajikistan guishi tojiki gharib az baayn raftaast...! Sobit kuned ki zaboni forsi-tojiki chi guna shirinu guvorost va sohib dorad....!!!

Диловар
симои барандатонда гап нест неки точики гап задана кам едш бтен охи

ин хамааш хеле хуб офарин. аммо бафикрам мисли К+ ва дигар шабакахои МАРДУМИ боз монеахо эчод мешаванд.

Одамхудо
Худо накунад, умраш мисли тв-сафо бошад! мардум мухточи як шабакаи вокеан мардуми хастанд!

ОФАРИН ба ташаббускорон! Ин икдоми хеле нек аст. Он хам барои точикон ва хам барои пешрафти худи Русия ба суи давлати мутамаддин, демократи ва инсонпарвару тахаммулпазир хизмат хохад кард.

Фмкр мекунам ин боиси ракобат бо телевизионхо давлати мешавад ва мардуми точик то як андоза шуури сиёсашон баланд меравад. Ин хатогихое ки дидаистодааем дар ин телевизион бовари дорам бо дастгирии мову шумо бародарону хохарони точик ислох мешавад. Бар шумо мувафакият!

камол
ОФАРИН!!!!!!
ХАТМАН КОРЕ КУНЕД КИ ДАВОМДОРУ БО СИФАТ БОШАД .ИНТИЗОРИ ОН РУЗ МЕМОНЕМ.

Тамошобин
МошоАллох, Офарин!

Адл Москва
“Телевизиони мардумӣ” -ро созмони Иззат Амон, агар бо хамин максаде, ки дар он хамин тавр наворхоро намоиш медода бошад, хеч пешрави ва дастгирие нахохад кард, зеро нисбати гунахгорони шиканчахои номбаршуда кайхо дар Точикистон чорахои конуни андешида шудааст. Агар ин телевизион акалан пешравихои Точикистонро ба намоиш пешниход мекард, бо ин рох акалан ба боварии хамватанон медаромад. Набошад ин телевизион мисли телевизиони "Сафо" ба як чашмаи бахори мемонаду халос.

ОЗОДАГОН ЧОП КУН. Ба Хакикат, Хайрхо, Бехи. Ту +маълум ки як кас аст+ дар телевизион кор мекуни ё рохбарии онро ба ухда дорй. Аз субх то шом номи ЯК касро мегиред. Телевизиони шахсй. Бисёр журналистону дикторхоятон забони точикиро намедонанд. шумо аз пули давлат фаъолият доред. Мардум налог месупорад. Шарм надошта ту пешравии як чавони точикро дар хорича намебинй. Санг мезанй. Хайфи ту барин мард.

расим
АЧАБ мардуманд мардуми мо. дарро зани девор мекафад. инчо сухан дар бораи шиканча шудани хамватанон меравад шумо бошед нотики тв-ро мухокима мекунед...иззати амон чи хидмате кардааст мепурсед. бигуед КИ хидмати мусби карда барои ин миллат дар 20 сол???????

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)