Шоҳбулут дорем, дигар чӣ ғам дорем?! (ВИДЕО)

Ҳумайрои БАХТИЁР
Ин шабу рӯз дар баъзе аз кӯчаву хиёбонҳои Душанбе ба шинондани шоҳбулутҳо машғуланд, ки ба қимати 22 миллион сомонӣ аз Белгия оварда шудааст. Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, шоҳбулутҳо ба иқлими кишвар мувофиқанд ва дар ҳоли ҳозир 3 ҳазор бехи он харидорӣ гардидааст.
ЧИНОРҲО ПИР ШУДААНД?
Шояд ҳукумати Душанбе талош дорад, то пойтахтро ба унвони шаҳри зебо оро бидаҳад ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кунад. Вале иддае ин амалро ғайримантиқӣ мешуморанд. Мутаассифона, Душанберо ба ҷуз ном, дигар чизе ҳамчун пойтахти кишвар муаррифӣ карда наметавонад. Албатта, масъулин дар навбати худ далел меоранд, ки харидории шоҳбулутҳо амали мантиқӣ ва ҳатмист. Чун, ба гуфтаи онҳо, чинорҳои кӯчаву хиёбонҳои Душанбе пир шудаанд. Шояд барои ҳукумати кишвар ва Душанбе иваз кардани чинорҳо бо шоҳбулутҳо ҳатмӣ буд. Аммо ин барои шаҳрвандон чандон аҳамияте надорад.
Сарфи 22 миллион сомонӣ (муодили 4.5 милион доллар) аз буҷаи кишвар барои оро доданро наметавон мантиқӣ гуфт, дар ҳоле ки мушкилоти дигар ҷой доранд. Фарз кардем, масъалаи бо об таъмин кардани сокинони Душанбе. Пӯшида нест, ки то ба ҳол дар Душанбе маҳаллаҳое ҳастанд, ки мутобиқи реҷа бо об таъмин мешаванд. Биноҳои баландошёнае ҳам ҳастанд, ки об танҳо то ошёнаи яку ду меояду бас.
1 ШОҲБУЛУТ - 1505 ДОЛЛАР?
Ҳайрон нашавед, ин ниҳолро дар Қатар ё Аморот не, дар Душанбе -- пойтахти давлате, ки сокинонаш аз ҳисоби пули муҳоҷирон зиндагӣ мекунанд, бо чунин нархи гарон харидаанд. Бале, дар кишваре, ки нисфи мардумаш дар зери хатти фақр ба сар мебаранд, як бех шоҳбулутро ба нархи 7 333 (ҳафт ҳазору сесаду сию се!), яъне баробар бо маоши 36-37 нафақахӯр, овардаанд.
Зулфиқори Исмоилиён, коршиноси масоили иқтисодӣ, мегӯяд, 22 миллион сомонӣ пули шоҳбулутҳо барои таъмиру барқарорсозии системаи гармидиҳӣ кофӣ буд. Ба гуфтаи ӯ, чӣ гуна мақомот метавонанд ба 22 миллион сомонӣ ниҳол харидорӣ намоянд, дар сурате ки манзили сокинон сард аст?
“Бубинед, баъзе аз кӯчаву паскӯчаҳо комилан низ хароб аст. Беҳтар мебуд, ба ҷойи ин ниҳолҳо роҳро таъмир мекарданд. Агар 4,5 миллион доллар барои таъмин кардани сокинони Душанбе бо гармӣ кифоя набошад, пас, корро ба марҳилаҳо ҷудо кунанд. Бигзор, дар марҳилаи аввал таъмир бошад. Баъд бо пули дигар корҳои барқарорсозиро идома диҳанд”,-афзуд ӯ.
ДАРАХТ АЗ ШОҲИГАРӢ?
Баръакс, мегӯяд Зулфиқори Исмоилиён, масъулин талош мекарданд, то кишварҳои хориҷ аз Тоҷикистон ниҳол бигиранд. Ба гуфтаи ӯ, масъулин чинорҳоро дар ҳоле комилан аз хиёбонҳои Душанбе мегиранд, ки дар Лондон барои ҳар як дарахти чинор “шиноснома” тартиб додаанд. Дар тақвияти ин суханҳо, профессор, Ҳоҷимуҳаммад Умаров, гуфт, дар асл дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ таваҷҷуҳи бештар ба чинорҳо аст. Профессори тоҷик мегӯяд, мақомот бо харҷи зиёд шоҳбулут меорад, дар сурате ки сад дарсад рушд кардани он дақиқ нашудааст.
“ИҚТИСОДИ СИЁҲ”?
“Иқтисоди сиёҳ” ва ё “пулшӯйӣ” чун дигар масоили марбут ба фасод дар Тоҷикистон масъалаи мубрам аст. Зулфиқори Исмоилиён мегӯяд, одатан пулҳои буҷаи давлатро бо ҳар роҳ аз “худ” мекунанд: “Албатта, ҳоло мо гуфта наметавонем, ки шоҳбулутҳо ҳам як роҳи пулшӯйӣ ҳаст. Инро исбот кардан душвор аст. Вале таҷрибаи Тоҷикистон нишон медиҳад, ки вақте масъулин аз хориҷ маҳсулот ворид мекунанд, ҳатман он амалиёт банди “пулшӯйӣ” дорад”.
Ҳоҷимуҳаммад Умаров ҳам ҳолатҳои сӯистифода аз маблағи буҷаро таъйид карда, вале гуфт, дар масъалаи харидории ниҳолҳо чизеро гуфтан мушкил аст.
ХУДНАМОӢ?
Тасаввур кунед. Як шаҳрванди камбизоат зиндагиашро бо мушкилӣ пеш мебарад. Маблағи муаяйне пайдо мекунад ва бо ин маблағ мушкили зисташро бартараф накарда, якбора онро барои ороиши худ масраф месозад. Ин мантиқӣ ҳаст? Оё амали масъулини кишвар ҳам ба ин худнамоӣ монанд нест?
Яъне бигузор роҳҳои Душанбе хароб бошад, бигузор паскӯчаҳо таъмир нашаванд, бигузор дар асри 21 ба баъзе биноҳои баландошёнка 24 соат об набарояд, бигузор хонаҳо сард бошанд, бигузор мо гази табиӣ надошта бошем, бигузор... Мо, ки шоҳбулут дорем! Барои мо овардани ниҳолҳо аз шоҳигариҳо муҳимтар аз ин зиндагии роҳаттар аст!
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |