Бахшҳо
03 мар 2014 12:39Тоҷикистон / Сиёсат

Зоиров мегӯяд, мардон ба хонаи ӯ "ҳамла" кардаанд, на дафтари ҲСДТ

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), бо пахши баёнияе ҷузъиёти “ҳамла”-и гурӯҳе аз мардон ба манзилашро шарҳ додааст. Ин ҳамлаи севум дар як моҳи охир аст, ки ба дафтари ҳизб ва хонаи Зоиров сурат мегирад.

Раиси ҲСДТ гуфтааст, инчунин, ба Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Синои пойтахт ариза навишта, таҳқиқи ин ҳодисаро талаб намудааст. “Ин аризаи чоруми ман аст, ки ба мақомоти Вазорати умури дохилӣ месупорам. Аммо то имрӯз ба ягон аризаи худ посух ё қарори дахлдор нагирифтаам”,-афзудааст ӯ.

Ба нақли Зоиров, ҳамлаи мардон ба хонаи ӯ (ин манзил то соли 2010 ба ҳайси дафтари ҲСДТ сабтином шуда будааст) дар ҳоле иттифоқ уфтода, ки онҳо ягон ҷаласаи сиёсӣ надошта, балки ба истиқболи баҳор ва 120-солагии Акашариф Ҷӯраев сари дастурхон ҷамъ омада буданд. “Дар ҳамин вақт бо фишору таҳдид қариб даҳ “мард”-и супоришгирифта ба манзили истиқоматӣ ворид гашта, Идро ба ҷангу моҷаро табдил доданд”,-мегӯяд Зоиров.

Раҳматилло Зоиров дар идома гуфтааст, ҳатто ҳамлаварон ба куҷо омадану аз кӣ норозӣ будани худро намедонистанд: “Охирин гуруҳи “мардон” вақте ба манзил ворид гаштанд, маълум буд, ному насаби одами лозимиро фаромӯш кардаанд ва саволи аввалашон «кӣ инҷо сардор мебошад?» буд. Вақте худро муаррифӣ карда «чӣ хидмат?» гуфтам, савол шуд, ки “Зоиров Шумо-мӣ?” Албатта, дар ин ҳолат гуфтушунид натиҷа надод ва яке аз роҳбарони ин гуруҳ, варақеро аз ҷайбаш бароварда гуфт, “Зоиров ҷангхоҳ, балоҳои Украинро ба сари Тоҷикистон бор карданист”. Супоришӣ будани ин гуруҳ, бардуруғ ва супориши будани даъвои онҳо ҳоҷати эзоҳ надорад. Аз ҷумла, онҳо худро муаррифӣ карда таъкид карданд, ки як қисмашон аз бозори «Корвон»ва як қисми дигар аз бозори «Султони Кабир» меошанд.”

Даъвогарон гуфтаанд, ки дар бораи ин нишасти Раҳматилло Зоиров “аз интернет фаҳмидаанд”. Дар ҳоле ки ба қавли Зоиров, “ин пурра дурӯғ аст, чунки мо дар ягон ҷой дар бораи гирд омаданамон маълумот надода будем.”

Ҳафтаи гузашта як гуруҳ аз занону мардон ба адфтари Ҳизби наҳзати исломӣ дар Кӯлоб низ ҳамла оварда, хсотанд, то монеи сӯҳбати Муҳиддин Кабирӣ бо фаъолон бишаванд.
Мӯҳр
Ака и корхо хама накшахои пешаки кашидашуда аст. Ва хадафи асосиаш аз байн бурдани хизб аст.

нозим
салом вахадат ин туйи точики бегурур ва мехохи худат ва миллат як умр гуломи хукумат бошанд тубаринхо точикистонро ба чунин вазъи ногувор овардед кош ту хам мисли зойров гами миллатро мехурди ва акалан 1о фисад саводи уро медоштиву мисли у баройи ватан талош мекарди точикистон гул_гул мешукуфт бинобар ин баройи гуломиат фахр кун.

Вахадат
нозими Чосус ! Акоси сагон кам накунад ризки гадоро.

Круглосуточная доставка закиси азота в баллонах и шариках в МСК.
Качественный веселящий газ для безудержного веселья.
В наличии баллоны 2л, 3.5л , 5л , 10л.
К 10 литровому баллону прилагаются итальянские шарики.
Ваш gazgold24.ru

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)