Бахшҳо

“Аз роҳи раъйпурсӣ мехоҳанд, тақдири интихоботи 2020-ро ҳал кунанд”

Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), ба муқобили пешниҳоди Сӯҳроб Шарифов, вакили Маҷлиси Намояндагон, дар мавриди баргузории ҳамапурсӣ барои иваз намудани сохтори давлатдорӣ баромад. Ӯ рӯзи 5 март дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, “айни ҳол зарурати чунин раъйпурсӣ вуҷуд надорад”.

АНДЕШАҲОИ СӮҲРОБ ШАРИФОВ

Ҷаноби Ҳакимов мегӯяд, бо амалӣ намудани идеяи раъйпурсӣ доираҳои муайян ҳадафҳои худро пиёда карданиянд, ки он ҳам фароҳам кардани шароит барои иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентии 2020 мебошад. Ба қавли ӯ, “одамоне пайдо мешаванд, ки бо нияти нишон додани садоқатмандии худ шароит ба вуҷуд меоранд, то Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи навбатии президентӣ низ ширкат кунад. Мувофиқи мақсад мебуд, интихоботи 2020 бо иштироки номзадҳои дигар гузарад ва номзаде, ки интихоб мешавад, дар доираи барномаи пешазинтихоботияш ба Қонуни асосӣ пешниҳодҳоро дар мавриди ворид намудани тағйиру иловаҳо омода кунад.”

Шокирҷон Ҳакимов иброз дошт, “шояд Сӯҳроб Шарифов бо назардошти будани вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон мехоҳад, сохти шакли давлат тағйир ёбад, ки ин дуруст нест”. Зеро ба гуфтаи муовини раиси ҲСДТ, тамоми далелҳо барои нигоҳ доштани мақоми ҳуқуқии автономӣ дар Бадахшон вуҷуд дорад ва зарурате барои аз нав баррасӣ кардани ин мавзӯъ намондааст.

Мусоҳиби мо гуфт, вале андешаҳои Сӯҳроб Шарифовро дар мавриди барҳам додани Хуҷанду Қӯрғонтеппа ҳамчун маркази вилоятҳо дастгирӣ менамояд. “Зеро аз будани онҳо бештар зарар аст, на фоида”,-таъкид дошт ӯ. Шокирҷон Ҳакимов гуфт, “чунин марказҳо ба пешрафти ноҳияву шаҳракҳо, ки тобеи онҳоянд, монеа эҷод намуда, маҳалгароӣ, коррупсия ва дигар зуҳуроти номатлубро ба вуҷуд меоранд. Дар ободонӣ ҳам авлавият ба ин марказҳо дода мешавад, ки хуб нест.”


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Хакикат окибат дорад! дар тули солхои охири давлатдории точикистон хамаи он сиёсатхое ки вучуд доштанд чи дохили ва чи хоричи минбаъд дар назди ошкоро мешаванд. Бадахшон вилояти автономи аст ва мемонад,аммо мардуми он медонанд ки дар парламент бесаводхо барои хали ягон масалаи мухимас дасташон намеояд ё онхо аз барои чои мизи кориашон мекунанд хама корхоро ба ихтиёрашон гузоштан. Инак вакти он расидаистодааст, ки хисобу китоб шуруъ мешавад. Акнун конунхоро не балки сарконунро хам агар таъгир диханд ба хадаф намерасанд. Минбаъд мардум худашон сарварро интихоб карданиянд раисони вилоятхою нохияхоро худашон интихоб мекунандва конунро худашон тартиб медиханд ва баъд азон хисобот мекунанд ки заминро ки фурухтаст дар асоси кодом конун дар асоси конуне ки хакикат аст конуне ки аз дахони хар як шарванд мебарояд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Обхезӣ ва шаҳрдорӣ17:44Оғоз15:39Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33
ТАҚВИМ
«    Октябр 2026    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
БОЙГОНӢ
Май 2026 (2)
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)