Бахшҳо
07 мар 2014 19:46Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

“Розыск”-и Додоҷони Атовулло аз сӯи Додситонии кулл

Рӯзномаи “Қонун ва ҷомеа”, нашрияи расмии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, бо чопи акси Додоҷони Атовулло -- раҳбари Ҷунбиши сиёсии “Ватандор” гуфтааст, ӯ бо дархости Додситонии кулли кишвар таҳти пайгарди қонунӣ қарор дорад.

Акс ва маълумоти кӯтоҳи мақомоти Тоҷикистон дар бораи Додоҷони Атовулло дар шумораи 8 (315)-и “Қонун ва ҷомеа”, ки рӯзи 27 феврал аз чоп баромадааст, ҷо дода шудааст. Бино ба навиштаи нашрия, гӯиё ҷаноби Атовулло “барои содир намудани ҷиноят дар асоси қисми дуи моддаи 307 ва 207-и Кодекси ҷиноӣ муттаҳам мешавад".

“Қонун ва ҷомеа” дар шарҳи ҳоли Додоҷони Атовулло гуфтааст, ӯ соли 1955 дар рустои Советободи ҷамоати деҳоти Воруи ноҳияи Панҷакент ба дунё омадааст.

Додоҷони Атовулло, муассис ва сардабири нашрияи “Чароғи рӯз”, аз мухолифони сарсахти ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунии Тоҷикистон мебошад, ки дар пайи ҷанги дохилии Тоҷикистон кишварро тарк карда, дар Русияву Олмон ба сар мебарад.

Мақомоти Тоҷикистон ӯро борҳо дар таҳқири раисиҷумҳур ва ҳамчунин даъват ба сарнагунии низом муттаҳам кардаанд. Бори охир Додситонии кулли Тоҷикистон соли 2011 нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноӣ боз намуда, аз Русия тақозо карда буд, Атовуллоро ба Ватан истирдод намояд. Баъдан, ӯ тобистони соли 2001 дар Маскав боздошт шуда, вале баъд аз шаш рӯзи ҳабс раҳо гашта буд. Он вақт созмонҳои журналистӣ ва ҳомии ҳуқуқи инсон аз боздошти ӯ шадидан интиқод карда буданд.
Мӯҳр
Aчиб. Соли 2011 парвандаи чинои боз шудааст, аммо соли 2001 дар Русия боздошт шудааст?

Ачиб! Соли 2011 парвандаи чинои боз шудааст, аммо соли 2001 дар Русия дастгир кардаанд

Шери нар бузбаларам набоша неким я клани калона гох бузшон мега гох дуз чоп накнен агар номарди фурухта шдаен

Мухаммад
Салому алейк! Бародарони мехрубон агар Атовулло барои бехбуди ва ободии миллат ва давлати точикон харакат мекард, дар холате вазъи сиёсии Точикистон чой дошт худро мисли шурандози миллат нишон намедод. Барои чи хозир вай баромад намекунад? Ба фикри ман дар ин мухити сиёси хар як сиёсатмадор хох вай берун аз марз ва ё хох дар даруни марз бошад, барои худнишондихи ба мардум мебошад. Шоире гуфтаастд «Нокарда гунох дар ин чахон кист, бигу?» Аз ин лихоз, ягон нафар аз шумо хак надоред, ки касеро барои чизе таъна намоед, аз он чумла Президенти худро, ки хама медонад бо чихел захматхо ў дар Точикистон вахдат сохт.
Дар таърих аз рўи чунин шахсони ватанфуруш (чингизиён) миллати мо бисёр сахтихоро дидааст ва умедворам, ки миллати мо бори дигар вахдатро аз даст намедихад.

ЯЯЯ
Хакикат талх аст.......................

Дар як китоби зиндагонии Имоми Аъзам хондам, ки эшонро туҳмат карданд, ки вай аз пеши худаш бисёртар ҳукм мебвровардааст. Лекин дар асл инхел набуд вай аввал аз Қурон, баъд аз ҳадисҳо агар аз инҳо намёфт олимҳоро ҷам карда он масаларо ҳалу фасл мекард. Яне қиёсро истифода мебурд. мо дар оила фарзандои худ, хешу табор, ҳамсоя маҳалаи худамонро гап зада наметонему даст ба сиёсат мезанем. Аввал бубин ҷои худ бад бимон пои худ.

Вох! Ин хабарро агар Мирзо шунавад, зор-зор гиря мекунад! Эээ сад хайфееее!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)