Бахшҳо

Раиси ҲНИТ: Душмани дохилии суботи Тоҷикистон ҷасуру қавӣ шудааст (ВИДЕО)

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили парлумони Тоҷикистон дар баёнияе гузоришҳои ахир алайҳи ҳизбашро тарҳрезишуда ва ҳадафмандона хондааст.

Дар баёнияи ҷаноби Кабирӣ гуфта мешавад, ки ҳадафи аслии “таблиғоти густардае алайҳи ҲНИТ” эҷоди фазои адовату кина ва нобоварӣ байни қишрҳои гуногуни ҷомеа, бахусус нерӯҳои асосии сиёсии кишвар мебошад.

“Вақт, шакл ва муҳтавои ин маъракаи таблиғотӣ тасодуфӣ интихоб нашудааст. Дар арафаи ҷашни навбатии Ваҳдати миллӣ бо назардошти шароити ноҳамвори сиёсию иҷтимоии минтақа, бахусус ҳодисаҳои Украина ва дар оғози соли омодагӣ ба интихоботи парлумонӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ шуруъ кардани ин таблиғот баёнгари он аст, ки ҳадафҳои тарроҳони ин барнома танҳо зарба задан ба ҲНИТ набуда, балки барҳам задани сулҳу субот ва оромии кишвар мебошад”,-гуфтааст Муҳиддин Кабирӣ.

Дар идомаи баёния омадааст, ки “аз услуб ва муҳтавои ин барномаҳо, инчунин шабоҳати онҳо ба барномаҳое, ки қаблан аз тариқи мақомоти расмӣ омодаву паҳн мешуданд, бармеояд, ки на ҳамаи курсинишинону мақомдорони давлатӣ ва афроди наздик ба долонҳои ҳукумат дар фикри сулҳу субот ва рушди минбаъдаи кишвар мебошанд. Агарчи ин гуна афрод дар мақомот ва идораҳои давлатӣ ақалият мебошанд, вале бо истифода аз ваколату салоҳиятҳои дар ихтиёрдошта, он ҳам дар пӯшиши ҳимоя аз “сиёсатҳои роҳбарияти кишвар ва манфиъатҳои давлатию миллӣ” бо равиши “тафриқа андозу ҳокимият бирон” дунболи ҳадафҳои маҳдуди шахсӣ ва гурӯҳии худ мебошанд. Вагарна барои ҳар инсони солимақлу огоҳ маълум аст, ки барангехтани кинаву адоват нисбати ҳизби конститутсионӣ ва парлумонӣ, он ҳам як тарафи сулҳ ва ваҳдати миллӣ, танҳо пояҳои суботи ҷомеъа ва амнияти миллиро заъиф мегардонад. Гузашта аз ин ин тарзи барномарезиҳо пеш аз ҳама бар зидди ҳукумат ва роҳбарияти Тоҷикистон равона гаштааст”.

Вакили парлумон меафзояд, ҲНИТ, ки дар авҷи қудрат ва тавонмандиҳои худ ба хотири миллату пойдории давлат сулҳ кард ва ҳазорҳо пайравони мусаллаҳашро дар тобеъияти ниҳодҳои расмии кишвар даровард, имрӯз аз тарафи ин доираҳо ҳамчун нерӯи барҳамзанандаи суботу оромиш муаррифӣ мегардад.

“Ба касе пӯшида нест, ки сиёсатҳои зиддинаҳзатӣ маҳз пас аз интихоботи парлумонии 2010 оғоз гаштанд, он ҳам аз тарафи мақомоти давлатӣ ва расонаҳои хабарии расмӣ. Нигаронии мо ҳам бештар дар ҳамин аст. Чӣ гуна дар мақомоти давлатӣ касоне кор мекунанд, ки сиёсатҳои ошкори зидди сулҳу субот ва ваҳдати миллиро роҳандозӣ намуда, фосилаи мардумро аз ҳукумат бештар месозанд, бо кадом ҳадаф ва алайҳи кӣ? Чаро ҳеч масъули баландпояе дастури ошкору қотеъ барои қатъи ин амалҳои иғвогарона содир намекунад ва касеро ҷазо намедиҳанд? Агар сулҳу ваҳдати мо душмани хориҷӣ дорад, ин табиист ва набояд аз ин нигарон бошем. Аммо нигаронии шадид ва нороҳатӣ он аст, ки ваҳдат ва суботи мо душмани дохилӣ пайдо кардааст ва онҳо беш аз пеш қавитару ҷасуртар мешаванд. Шояд вақти он расида бошад, ки роҳбарияти кишвар ҳамчун кафили амнияти давлат ва суботи ҷомеъа, инчунин имзокунандаи Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ин кор дахолат намуда, пеши роҳи тафриқаандозони миллатро бигирад?!”,-омадааст дар баёния.

Муҳиддин Кабирӣ дар идома навишта, ки дар ин ду се соли ахир ба хотири зарбаи иттилоотӣ расонидан ба тарафи дигар чеҳраи миллат ва дини худро хадшадор кардем. Аз ҳарду тараф тоҷикон ва тоҷикистониён якдигарро сиёҳ мекунанд, ки сазовори як миллати огоҳу худшинос нест. Новобаста аз он ки ин маъракаи таблиғотии нангинро алайҳи миллат ва дин кӣ оғоз кард, вақти он расидааст, ки ба он хотима дод: “даъвати мо бештар ба масъулин, аъзо ва тарафдорони ҲНИТ мебошад, ки то имрӯз аз сабру таҳаммули тоҷикона кор гирифтаанд ва бояд дар ин сиёсати худ устувору собит бимонанд”.

Ба қавли раиси ҲНИТ, “фарҳангу арзишҳои мо иҷозат намедиҳанд, ки аз равишу усулҳои мухолиф ба қонун, шариъат ва ахлоқ истифода намоем. Бояд дар чорчӯби фарҳангу ахлоқи исломию миллӣ, бо истифода аз тамоми имконоти мавҷудаи қонунӣ аз сулҳу ваҳдат ва ҳуқуқу обрӯи худ ҳимоят кард, ҳамон коре, ки то имрӯз кардаем, шояд боз ҳам ҷиддитару қавитар”.


Филми "Дар сояи мунофиқони ҲНИТ", ки 15-уми март дар Ютуб нашр шуд:

Мӯҳр
гайрихизби
Кабири комилан дуруст гуфтааст, душмани дохилии точикон чехрахои хабиси мугули ва аураи хунуки лакайидоштаи макомотанд, ки бо бахонаи пуштибони аз сиёсати Президент ба миллату ватан хиёнат карда истодаанд.
Мухтарам Кабири тахаммулпазир бошед ва мардумро ба вахдату якпорчагии ватан даъват намоед. Мо дида истодаем, ки Шумо муътадил ва барои пешрафти Точикистон захмат мекашед, мисол дар расонахо мебинем, ки гурух гуруъ аъзоёни хизби шумо дар маъракаи ободони ва нихолшинони сахм мегиранд ё силсилаи чорабинихои фарханги, гиромидошти фарзандони номдори миллат, кумак ва дасти хайр дароз намудан муфовики имконот ба хона интернату парваришгоххо ва амсоли ин. Ягон вакт ман хис накардам, ки шумо мардумро ба табадуллот даъват карда бошед, пас аз ин кувваи солим ва созанда истифода бояд кард ва ба душмантарошии бехуда хотима бояд дод.

табиб
Кабири е бизнеса бкап е сиесата ки окибати хилагари хуб нест.

Ба Сорбон! Хаму Ленини хештон, тибки тахкикот у бачабози мекардан. Точик шрам накарда аз Ленин гап мезани.

кишвар
абе,
бародар магар ба марги ин 2 000 нафар гуфтаи ту факат ХНИТ гунахгор аст ба фикрам тамоман маълумот оиди он вокеъахоро надори!!! кумондонхои Фронти миллиро низ ба ёд ор чигуна Точик куши карданд, ки хочат ба баёни номи онхо нест ту худат хуб медони онхоро. Аввал андеша бад гуфтор!

Диндор
Аввалан саломи Худро ба хамаи он шахсоне, ки дар ин сомона иштирок доранд, мерасонам ва баъдан ба саволи бародарам Сорбон чунин посух додан мехохам: -Дар асл фикрхои шумо оиди нахзатихо содда аст, чунки шумо хамаи ин гуфтахоятонро тарики оинаи нилгун (Телевизор) дидаед, на аз наздик ва аз ин бармеояд, ки шумо шахси мунофик ва бедин хастед, Ленин бобоят аст ё тагоят, фардо дар рузи киёмат хамрохи Ленинат Мехези.
Хак бар чониби Мухиддин Кабири аст.

Саврулло
Бародарам Табиб! Айни хол дар Точикистон 2-хизб пешсаф аст: "ХНИТ ва ХХДТ" Агар рохбарони ин 2-хизб бо бизнес сару кор надошта бошанд, фаолияти хизбашон чи хел пеш меравад. Агар шумо Дар Донишгох тахсил карда бошед, дар ончо фанни Сиёсатшиноси мавчуд аст, ки: "масъулони дин, одамони сохибкоранд, яъне ба воситаи пули ба даст овардаи худашон фаъолияти хизбияшонро пеш мебаранд". Мисол: агар худи шумо як вазифа дошта бошед ва бо хамон маошатон акаллан оилаатонро пурра таъмин карда метавонед, албатта ки на, пас худатон казоват кунед, ки рохбари хизб будан чикадар душвор аст.
Худованд ба Мухиддин Кабири умри дарози пурбараккат дихад.

бандаи Аллоҳ
Кабири собит ҷадаму сабур бош шерри нар ҳоло инон намедонанд ки ихтилофро худашон андохта истодаанд.

Тоҷик
Саид, Ҳамватан, ин чи навъи таҳлиле буд, ки ту кардӣ? Диндорӣ минталитет аст гуфта, ин ноҳияҳои ҷудо карда, ном бурдагиат, ин тарзи муқоисаат умуман ба тарзи фикрронии одами соҳибмаълумот монандӣ надорад. Мулло Абдураҳиме,ки гуфтӣ, хеле пеш аз мухолифони ҳукумат ҷудо шуда буд. Дар бораи аъзои роҳбарияти ҳизб...ва умуман гап дар сари қаротегинию ғайри қаротегинӣ шудани аъзои роҳбарияти ин ҳизб нест. Ин ҳизб аз оғози ташкил шуданаш то ба имрӯз ҳеҷ як кори қобили таваҷҷӯҳ накардааст ба ҷуз инки аз номи дин мардуми соддалавҳу бесаводи моро ба манфиати шахсии роҳбаронаш истифода бурдааст. Ягона тасмими ҷиддие,ки ин ҳизб гирифт, пас аз тахминан 20 сол дар арафаи интихоботи президентӣ бо дигарон ҳамроҳ шуда бону Бобоназароваро пешниҳод намуд, ки ба таври хандаовар ва шармандавор шикаст хӯрд. Дар кӯчаю бозорҳо касетаю видёҳои "даъват"-и муллоҳои аъзои ин ҳизбро дида, одам мехохад дуртар гурезад. Ана тарзи даъвату... Дуюм инки, ту як-як ба хонаи мардуми Айнию Дарвоз ё Панҷакент даромада хабар ёфтӣ,ки усулу қоидаҳои динро риоят мекунаду кӣ не?! Масалан ба фикри ту дар Тоҷикистон,кӣ коидаҳои динро ПУРРА риоят мекунад? Онҳое,ки духтаронашонро аз синфи 5 аз рафтан ба мактаб манъ мекунанд ё онҳое,ки ба духтаронашон то чои имкон доштанашон шароити тахсил дуруст мекунанд? Онҳое,ки 5 вакт намоз хонда, боз хам ришвахурию, дуруггуию мардумфиребӣ мекунанд ё онҳое,ки намоз хондан ё нахонданашонро мо намебинему вале беозору босаводу дурустрафториашонро мебинем? Ҳамватан, умуман пеш аз онки ба баҳсе шарик шавӣ, марҳамат карда, аввал камтар мутолеа кун. Ва дигар мусулмонҳоро инхел аз рӯӣ ҷои зисташон баҳо надеҳ.

Салом бародаро бие ябор ба чаши сар не ба чашми акл бинем хай якбор устод Кабирира сикаву суратша бинен мисли Шераст Шере ки хама гургу Бузони чангалро ба тарсу ларз овардаст Зеби президенти Миллати Точика Дора мисли кахрамони филми водии гургон Полат Алемдар борин Шери майдони гургону сисесати точикистон шудааст устод сиесататон як тараф истад сурататон гургонро ларзон кардаст бад бузакое ки чанги 91 мисол миерен имруз пага хохарои мову шумо ру ба фохишаги миеран ва ИРА хуккмат цивилизатсия бга Кабул мекне лижби чанг нашава гуфта милата сразу намеган кофир шавен ки хайбатзада нашаван ойста ойста аввал намоз бад румол бад никохи мусалмони бад тахолати падару модар ба фарзанда амихе зина ба зина чори мекнан еврее

Аз ин тухматнома ман чунин хулоса баровардам ки Хизби презиент Эмомали ХХДТ заифии худро э[сос кардааст ва мехохад бо ин рохи тухмат ракиби БУЗУРГИ худро заиф кунад вале ин хама ба зарари худи онхост ИН хукуатро хаводиси украина интизор аст.
БО ИН НАВОРАТОН ХАШМИ МО НАХЗАТИХОРО МЕОРЕД АКНУН САР МЕШАВАД ХИЁЛ НАКУНЕД ТАРСОНДЕД БАР САРИ ХУДАТОН БАЛО ОВАРДАИСТОДЕД

Охи хар як бузу бузгола шарт нест Устода насихат КНА

Сарвар
Ин ба ном чанги шахрвандии байни точикон хеч гох чанги шахрвандии байни точикон набуд ва намешавад.Ин чанги сиёсии турку славян аз Маскаву Тошканд бо дастгрии туркони дохили ва туркони точики хонаи кишвар буд.Дар кирдори туркон-точикони болшевики ва хучаинони берунаашон тамоми чиноятхои байналмилалии генотсиди точик дида мешавад. Холо он,ки ин руз бояд рузи шартномаи сулхи байни точику турк ва хотима ёфтани генотсиди точик шуморида шуда,дакикаи хомуши ба хотири 200 хазор точики кушташуда эълом мегашт.Точик имруз низ аклаш ба чизе намерасад.Афсузи миллат.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)