Бахшҳо

Изҳори эҳтироми Абдулқодирзода ба исмоилиён ва ҳушдор ба салафиҳо

Сайидмукаррами Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, ки дар мавъизаи гузаштааш аз эътиқоди баъзеҳо ба вуҷуди Имоми замон интиқод кард, имрӯз, 4-уми апрел зимни адои намози ҷумъа дар Масҷиди марказии Душанбе гуфт, ӯ Имоми замони пайравони Исмоилияро дар назар надошт.

Абдулқодирзода изҳор дошт, ки ба пайравони мазҳаби Исмоилия эҳтироми зиёдеро қоил аст, “чун мо солиёни дароз бо исмоилиён дар як кишвар дар сулҳу оромӣ якҷоя зиндагӣ дорем.” Раиси Шурои уламои Тоҷикистон илова кард, Имоми замонеро дар назар дошт, ки ба бовари баъзе гуруҳҳо 1300-1400 сол пеш дар кӯҳ вориди ғор шуда, ҳанӯз ҳам зинда ва интизор берун рафтан аз ғор аст: “Нафаре назди ман даромаду шикоят кард, ки ба ӯ гуфтаанд, агар ба Имоми замони ҳазору 400 сол пеш, дар ғор даромадаасту то ҳол набаромадаасту касе ҳам ӯро надидааст, имон надошта бошӣ, кофир ҳастӣ, ман инро дар назар доштам.

Дар идома Абдулқодирзода бе зикри ном аз бархе торнамоҳои кишвар интиқод намуд, ки ба гуфтаи ӯ бо маблағи хоҷагони хориҷияшон кор мекунанд ва тоқати дидани пешравиҳо дар Тоҷикистонро надоранд: “Чун пешравии ҳаррӯзаи миллату давлатро мебинанд, чашмонашон сих мезананд.”

Дар баробари ин раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ зимни адои намози ҷумъа аз пайравони салафия ва шиаи "Исноъашарӣ" интиқод намуда, гуфт, куҷое пайравони ин ду гуруҳ аст, он ҷо нооромӣ аст. Сайидмукаррам Абдулқодирзода ҳушдор дод, ки вақтҳои охир дар Масҷиди марказии Душанбе ба онҳо хабарҳо расида истодаанд, ки бархе намозгузорон пояшонро паҳн мемонанд ва ба намозгузории дигарон халал мерасонанд.

Ҳоло чанд нафаре дар инҷо ҳастанд, аз салафиҳо мебинед, ки дар саф халал меоранд. Дар намоз ҳаст, то охири намоз пояшро мебараду меорад. Халал мерасонанд, ба намозгузорон. То охири намоз фикру ҳушаш ба ҳамон ду пояш ҳаст, бечора... Чанборҳо шикоят кардаанд, "ҳазрати муфтӣ! Ҷавоне дар намоз пояшро мебараду болои поям мемонад, поямро мегирам, боз оварда мемонад. То охири намоз фикрамро парешон кард, ки намедонам, чӣ гуфтам." Масъалаи пойро дар намоз паҳн мондану наздик мондан, инро фуқаҳо ҳал кардаанд. Бар асоси мазҳаби Ҳанафия пой баробари китф бояд монда шавад. Муҳим саф рост бошад, ки ин афзал аст.”- илова намуд, ӯ.

Абдулқодирзода хост, ин афрод ба амалашон хотима бахшанд ва бо ёдоварӣ аз расман мамнуъ шудани ҳаракати Салафия дар Тоҷикистон афзуд, “коре накунед, то ба мақомоти дахлдор ва ҳифзи ҳуқуқ арзу шикоятҳо кунанд, ки омада инҷо чандин нафарро ба маҳкама кашанд. Ӯ сабаби ба такрор дахл карданаш ба масоили шиаҳои “Исноашарӣ” ва ҳаракатҳои мамнуулфаъолият ба мисли Салафияро шарҳ дода, гуфт, “бо ду чашми сарам дидаам, ки ингуна ихтилофоти динӣ чи гуна мардумро ба хуну обу оташ кашидаанд. Садҳо ҳазор нафар сарсону овора шуданд. Бас нест, якбор?! Боз ҳамин ҳаракатҳову низоъҳои динию мазҳабӣ?!”

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар идома таъкид кард, ки ба ҳеч гуруҳ вобастагӣ надораду пайрави мазҳаби Имоми Аъзам мебошад: “Аз аввали рӯзҳои кориам таъкид мекунаму ҳанӯз ҳам дорам, ки ба ҳеч гуруҳ вобастагӣ нестаму динам дини Ислом ва мазҳабам мазҳаби Ҳанафия аст, ки гузаштагони ману Шумо аз ҳамин мазҳаб пайравӣ доштанд.
Мӯҳр
Таърихчаи исмоилихо
Дертар исмоилихо боз ба ду мазхаб таксим мешаванд, ки сабабаш аз ду нафар Низар ва Таййиб чонибдори кардани онхост, яъне ба низарихо (помирихо низари хастанд) ва таййибихо. Гурухи таййибихо даррав имоми худ Таййибро "имоми пинхон" эълон мекунанд ва то имруз интизори у хастанд. Яъне боз як имом Махдии дигар. Яъне имомбози. Исмоилихои таййиби камтар буда, асосан дар Хиндустон зиндаги мекунанд. Хатто дар байни ин гурухи майда хам боз гурухчахо хастанд, ки яке аз онхо ахиран эълон кардааст, ки бо "имоми пинхон" алока баркарор кардаанд. ((

Яъне исмоилия ва мазхаби шиа асосан аз имомбози иборат аст. Аз ин чихат он бештар ба дини яхуди монанди дорад, ки яхудихо интизори Мессия мебошанд. Хар як гурухи исмоилия ва шиа интизори Мессия-Имоми пинхон мебошанд.

Дигар масъалаи дурии исмоилия аз Ислом дар ин аст, ки исмоилихо намозро факат 3 бор мехонанд (агарчи дар хамаи мусулмонон аз руи Куръон 5 бор намоз мехонанд), масчид надоранд, руза намегиранд ва майнуши дар байнашон хеле ривоч дорад.

Дигар масъала, исмоилихо конунхои Исломро риоя намекунанд. Бовар доранд, ки оятхои Куръони карим маънои ботини доранд ва онро факат имомхо шарх дода метавонанд. Яъне маънои зохирии оятхоро кабул надоранд.

Исмоилихо ба мисли хиндухо ба интиколи рухи инсон ё реинкарнация бовар доранд. Ба фикри рухониёни онхо, рухи Пайгамбар (са) ва хазрати Али ба имомхои баъди мегузарад. Баъзе аз гуруххои исмоилия чунин бовар доранд, ки рухи одам баъди марг як муддате дар чаннат ва ё дузах истода боз ба дунё бармегардад, то ки имоми замонро гуш кунад.

Аслан имоми замон (феълан Огохон) барои исмоилихо танхо як пешво нест, балки хамонест, ки муфтии Точикистон дар назар дорад, яъне нафари комилан бегунох ва интихобкардаи Худо барои рохнамоии бандахояш. Эронихо феълан имоми замон надоранд, ин мафхум хоси исмоилихост.

Муслим
Ин на муфти балки як хизматгори давлати хаст, ки ба чои амри маъруф сиёсати давлатиро пеш таргиб мекунад. Рузи киёмат дар назди парвардигор чи чавоб медода бошад?

Dushanbe
Инро бо забони руси "Блеф" меноманд. Ин одам саводи кофи надораду кичихо мегуяд.

naxod pomiriho bosavodashon ziyodandu in afsonaro nakobandu nadonand hakashro???

касе ки аз кафои и намоз мхонад намозаш фосид аст

sfjkhty
Точик
Озодагон! Хар хафиа шумо ин "муфтии" ро реклама мекунед. Супориш гирифтаги хастед е мукофотпули???

S B
Рости мардум имруз бо ин акидаи хато чунон побанд шудаанд, ки намехоханд чизи дигарро кабул кунанд. Ба гуфти онхо гуё падару бобоёнашон дуруст рафтор мекарданеду (Огохон мепарастиданд) инхо низ пайрави мекунанд. Вале дар мизони акл якбор санчиш хам намекунанд, ки ин фикри онхо хатост. Суханро дур намебарем, зеро баъзехо фитнаангези фикр хоханд кард. Вале чуноне шоир мегуяд:
Ба хар ранге хохи чома мепуш,
Ман аз тарзи хиромат мешиносам.

сангак
[b]Таърихчаи исмоилихо/ Бародари азаиз пеш азон ки дар боаи ягон мазхаб навиштани шави камтарак аз фалсафаи мазхабии онхо бохабар шав Барои шумо ягон китоби мазхаби исмоили ходан даркор нест факат Н.Хусравро мутолиа намо бас аства таьрихи онро аз киоби ФАРХОДИ ДАФТАРИ ВА Иванов омуз Дар масьалаи имомбози бошад мо дар 20 миллон як имом дорем.ка ахли байти хазрати МУХАММАД С,А,С аст.Чунки имом ки бисьер шуд онхо дар чанозахо чанчол мекунанду хар кас хар хел фатво додан мегирад.3 вакт мо 5 намозро мехонем вале ин маьнои дур аз ислом будан надорад.Ман хукуи маьнави надорам барои он бачабозу духтарфурушу дар масчид гайбати зани хамдигар кардану.бо азоимашон ба номуси духтарон даст задану бо духтарашон хамхоб шударо дурии ин е он мазхаб аз ислом гуям.Конуни исломро ягон кас риоя намекунад факат ба забон мегуян Конуни исломро танхоон шахсон риоя мекунанд ки аз худо метарсанду исломро бо эьтикодашон ба худо кабул намуданд.Онхое ки исломро бо шамшеру табар ва аз барои надодани андоз кабул карданд хеч вакт риоя намекунанд.Бародари е хохари гапи маро ба дурушти кабул накун бубахш маро агар ба эхсосот дода шуда бошам Ислом ягона аст ва у таксимнашавада

Аз Пайравони Муфтӣ
Салом бар Муфтӣи гироми!
Ман яке аз пайравони воқии ҳазрати Муфти будам!!!
аммо аз инки шумо Эмоми Замон ро намешиносед, ман дар аҷабам. чаро,ки ҳадисеро аз Расули Акрам(с) дар китобҳои Аҳли Суннат дидам он ҳазрат(с) фармудаанд: (من مات و لم یعرف امام زمانه مات میتتاً جاهلیتاً) Яъне Ҳаркасеки аз дунё биравад дар ҳолеки эмоми замони худашро нашинохта бошад, дар ҳоли ҷоҳилият мурда аст.
пас агане Муфти мо ҳозир дар ҷоҳилият ба сар мебарадю

Мухаммадчон
Бародари таърихчаи исмоили,чизеро,ки намедони сухан накун.Мардуми исмоилимазхаб тамоми расму русуми исломиро ба чо меоранд ва ба Куръони карим арч мегузоранд.Шохаи исмоилии низори калонтарин шохаи мазхаби буда,пешвои рухонии онхо Огохони 49-ум аст(агарчанде,ки аз замони пайгамбари ислом 50 пушт гузашта бошад хам,зеро имоми 48-ум Султон-Алишох писари худ Шохзода Алихонро бинобар сабаби суръати баланди тараккиёти илму техника ва электроника ва атом лоики имомати надонист,ба гуфти ин бузургвор,ки солхои 20-ум ва 30-юм Раиси лигаи Миллатхо дар Женева буд, муридони у ба имоми чавони фарогири тамоми илмхои дини ва дуняви дар давраи бемисли тараккиёти илму фан ниёз дорад дошт).
Огохони 49 дар рохи химояи олами ислом ва исмоилиёни чахон фуру аз соли 1957 инчониб хизмати арзишмандеро ба чо овардааст.Талаби аввали у аз муридонаш ин содик будан ба конунхои давлату хукумати чои зисташон ва дониш гирифтану ба таври аъло кор кардан аст. Масчиди исмоилихо бародари азиз чамоатхона ном дорад ва он дорои тамоми васоити лозимаи тоату ибодат ва куръонхонию ошнои бо таърихи ислом аст.Ин мазхаб хамчунин як хусусияти хоси худ,яъне хусусияти дуст доштани забони модари ва фарханги кадимаи халки худ,яъне ориёихоро таъкид мекунад ва бесабаб нест,ки устодон Рудаки,Фирдавси,Сино,Носири Хусрав,Насариддини Туси ва гайрахо дар асрхои миёна дар байни мардуми форс исмоили буданд,зеро арчи худшиносии милли дар ин мазхаб ва аклгарои таъсири зиёде дар он дорад.Фалсафаи озодандешии олами ислом низ аз фалсафаи исмоили бародари азиз сарчашма мегирад.Имруз низ актёри машхури Хинд шодравон Мугамбо,Салмонхону Шохруххон ва гайрахо исмоили хастанд.Устод Мухаммад Икболи Лохури бо он дустдорие,ки ба хонаи ин бузургворон дошт,соли 1913 ба чои асп аробаи савории Огохони 48-умро кашида буд.Шоири маъруфи миллати мо Лохути падараш исношари ва модараш курди исмоили буд.Чун инкилобчи баъди пахши шуриши у ,ки дар таърих бо номи шуриши Лохутихон маълум аст уро ба зиндон андохтанд.Якинан рузи дигараш уро сар мебуриданд.Шабона аз зиндон у овози суруди ватанхохонаи сарбози курдиро шунид ва бо у хамовоз шуд.Сарбози курд дари зиндонро кушода иброз дошт:Аз кадом сарчашма об хурдаи?Устод чавоб дод,ки аз хамон сарчашмае,ки хеч гох гилолуда намешавад.Сарбоз шабона устодро гурезонид ва устод соли 1921 вориди СССР шуд.Хизмати устод дар назди давлату миллати точик он кадар бузург аст,ки хочати шархаш хам нест.У буд,ки чун обури азим дошт "Намунахои адабиёти точик"-и устод Айниро бо сарсухан дар Маскав чоп кард.Соли 1937 тухмати пантуркистонро нисбати устод Айни фуру шинонд.Аз ин ру нисбати мардуми исмоилиямазхаби точиктабор сухани кабех задан аз руи инсоф нест.Хосатан,ки хизмати Огохони 49 дар сулхи точикон бехад бузург аст.

самад
хо бародарон ,шумо хами чанчоли мазхабиро бас кунед, ин ба чи меорад ,худатон медонед,ё мехохед ки байни мардуми точик боз чанг андозед? точикистон 8 милион ахоли дорад ,аз он 40 фоизаш узбек,агар щумо байни точикон чудои андозед миллат аз байн меравад,номуси милати точикро паст назанед ЗИНДА БОД ХАЛКИ ТОЧИК(КУЛОБИ,ЗАРАВШОНИ,БАДАХШОНИ ВА РАШТ) дигар ин хамааш сиёсат хаст,вай исмоили бошад ва ба точикистон хиёнат накардаст чаро бо у душмани кунем,номуси точики дар помирихо бисёртар хаст,онхо бародарони моянд

Otash bizanam bisuzam in mazhabu kesh,
Ishqat biniham ba joi mazhab dar pesh!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)