Бахшҳо
08 апр 2014 10:10Тоҷикистон / Сиёсат

Нашри наворҳои нав алайҳи ҲНИТ дар Ютуб (ВИДЕО)

Дар шабакаи Ютуб ду навори нави видеоӣ алайҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон нашр шудаанд, ки гӯиё аз ҷониби студияи “Нури наҳзат” ва хадамоти амнияти дохилии худи ҳизб таҳия гардидаанд.

Ин навор дар зовияе таҳия гардидааст, ки гӯиё худи ҲНИТ барои ифшои бадахлоқиҳои аъзоёнаш хадамоти махсуси амнияти дохилӣ созмон додааст. Дар ду наворе, ки аз номи хадамоти амнияти дохилии ҲНИТ паҳн шудааст, қаҳрамонҳо узви ҳизб муаррифӣ шудаанд.

Дар яке аз наворҳо Холов Иброҳим, имомхатиби масҷиди деҳаи Сомони ҷамоати Чимтеппа ва узви ҲНИТ муаррифӣ шудааст, ки гӯиё ба баҳонаи табобат бо як зан муносибати маҳрамона мекардааст. Дар навори дуюм қаҳрамон Ризоев Маҳмадраҷаб, ноиби раиси ҲНИТ дар шаҳри Турсунзода муаррифӣ шуда, ҳамҷинсгароии ӯ намоиш дода шудааст. Навори дуюмро Ютуб ба далели риоя нашудани талабот ва муҳтавои бадахлоқона лағв кардааст.

ҲНИТ то ҳол мавқеяшро ба наворҳои нав дар ютуб баён накардааст. Ин наворҳо алайҳи ҲНИТ якумин набуда, се ҳафта қабл низ як навори дигар зери унвони “Дар сояи мунофиқони ҲНИТ” дар Ютуб нашр шуда буд:



Дар робита Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, 4-уми апрел, зимни мулоқот бо ҷавонони тоҷик аз нашри матлабҳои сиёҳкунанда бо имзои мустаор ва бад нишон додани як қисми ҷомеа барои дигар изҳори нигаронӣ кард. Кабирӣ зимни ин мулоқот, ки дар дафтари ҲНИТ дар Душанбе идома дорад, ин равандро нодуруст хонда, пайомади чунин таблиғотро манфӣ арзёбӣ кард: “Ман аз ҷавонон даъват мекунам, ки додаи ин гуна иғво нашаванд.”

Кабирӣ аз афроди алайҳи ҲНИТ даъват кард, ки дар матбуоту шабакаҳо ғайбат накунанду биёянд бо онҳо суҳбат кунанд: “Мо омода ҳастем, ки бо уламо, ҳуқуқшиносону дигар коршиносон нишасти илмию фикрӣ баргузор кунем.”

Кабирӣ сахттарин ҷавоб ба навору матлабҳои омодакарда алайҳи ҲНИТ-ро сабр ва таҳаммул хонд: “Баъзан сабр ва таҳаммул сахттарин ҷавоб аст. Ба тундӣ нагӯед. Шумо бояд бо ин исбот кунед, ки Шумо ватандуст ҳастед, на оне, ки байрақи баландтарро мебардорад....”
Мӯҳр
Эй мардум ин чи гап аст?! Хизб чи айб дорад?! Охир чунин гумрохон бисеран ва дар хама хизбхо хастанд! Хамаи коргарони давлатии мо аьзои ХХДТ хастанд! Шумо якбор аз паси рохбарони идоранишини мо шавед, пас мебинед онхо дар утоки корию дар дачахошон ба чи коро машгуланд!!!! Як ахмак ахмаки кард, набояд хамара баьд сиех кард!!! Ин ангезаи сиеси дорад!!! Пас фирефтаи хар игво нашуда аз паси хакикат бояд шуд, зиндагии мардуми бечораро бехтар бояд кард! То ба кай истисмору беадолативу чохили !!!

ba hizbi Nahzat tavsiya doda meshavad, ki yak videoi jolib dar borai iflosihoi azoyoni hizbi Khalki Demokrati omoda karda, ba youtube partoyand!!!

ОХИР 22 СОЛ ХУКУМРОНИ МЕКУНЕН ЧИ ХИЗМАТ БА МАРДУМ КАРДЕН ГАЙ АЗ ИН КИ МАРДУМРО БА РИШВА ОМУХТЕНУ МУХОЧИР КАРДЕН ДАР ВАКТИ ЧАНГ МУХОЧИРОН 1 МИЛОН БУД АММО ДАР ХОЛИ ХОКИМИЯТИ ХОЗИР 2 МИЛОН МЕРАСАД.

alloh haqiqatro nusrat medihad

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)