Бахшҳо
11 апр 2014 14:27Тоҷикистон / Сиёсат

Муроҷиати “ҷабрдида”-и таҷовуз аз болои Шуҳрат Қудратов ба додгоҳ

Моҳира Бобораҷабова – духтаре, ки Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари Ҳизби Тоҷикистони навро, дар таҷовуз ба номус муттаҳам мекард, акнун аз гиребони вакили мудофеъ Шӯҳрат Қудратов гирифтааст. Ӯ бо ирсоли аризаи шикоятӣ ба Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе гуфтааст, Қудратов дар мурофиаҳои додгоҳии Зайд Саидов гӯиё шаъну шарафашро паст задааст.

Дар ин бора ба “Озодагон” Шӯҳрат Қудратов, яке аз вакилони мудофеи Зайд Саидов хабар дода, афзуд, Моҳира Бобораҷабова бо ҳамроҳии модараш -- Гулнора барои паст задани шаъну шарафи худ аз ӯ 200 ҳазор сомонӣ, муодили 40 ҳазор тдоллар ҷуброни зарари маънавӣ мехоҳанд. Ӯ дар шарҳи аризаи даъвогии Бобораҷабоваҳо афзуд: “Дар ариза омадааст, гӯиё ман дар интернет нисбат ба ин ду хонум маълумоти бардурӯғ паҳн кардаам ва таҳқиру ҳақоратро ба унвонашон раво дидаам. Мушаххасоти ин иддао, то ки донам сухан аз хусуси кадом амалу рафторам меравад, ҳанӯз бароям номаълум аст. Дар аризаи даъвогӣ аз ин ҷузъиёт ҳарфе нест ва дар ин маврид ишора ба фиттае бо сабти овоз меравад, ки дастрасии онро додрас ба шарте имконпазир донист, ки дар ин хусус хаттӣ муроҷиат намоям.”

Қудратов мегӯяд, аризаи даъвогии мазкур идомаи фишор ба вакилони дифои Зайд Саидов мебошад. Пештар аз ин, Фахриддин Зокиров, вакили дигари Зайд Саидов низ ба иттиҳоми ҷинояти иқтисодӣ боздошт шуда, тафтишот алайҳи ӯ идома дорад.

Соли гузашта бо даъвои Моҳира ва Гулнора Бобораҷабоваҳо духтару модараш Оҷонсии зидди фасоди молии Тоҷикистон алайҳи Зайд Саидов "барои таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ ва ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан" парвандаи ҷиноӣ оғоз намуда буд ва ҳатто иддао пеш гузошт, ки “ҷабрдида” аз Зайд Саидов соҳиби фарзанд мебошад. Аммо баъдан ташхиси ДНК ин иддаоро рад кард ва додгоҳ парвандаро барои тафтишоти иловагӣ бозгардонд.

Номи Моҳира Бобораҷабова баъд аз он вирди забон шуд, ки тобистони соли гузашта дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук аксҳои ӯ, ки баъди рӯбарӯкунӣ бо Зайд Саидов, дар лаҳзаҳои берун рафтан аз Боздоштгоҳи муваққатӣ гирифта шуда буданд, нашр гардиданд.
Мӯҳр
олими и
зайд саидов баьдаз 6 сол аз зиндон озод мешад иншааллох

Фарид,
Инро боз дигар хел ҳам мегӯянд:"ДУЗДИ ЗӮР СОҲИБИ ГОВРО БАСТААСТ"
Ин падар, бародар, дигар хешу табори наздики бо нангу номӯс надошта бошад? Чаро онҳо дахолат намекунанд? Магар шарманда нестанд?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)