Бахшҳо
16 апр 2014 12:33Тоҷикистон / Сиёсат

Озода Раҳмонова аз пасванди русӣ дар насабаш даст кашид

Дар пайи “маърака”-и густурдаи берунсозии пасвандҳои “ов”-у “вич” ва “ова”-ю “овна” Озода Раҳмонова, духтари раисиҷумҳури Тоҷикистон низ насабашро иваз кард. Ин духтари Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки ҳоло ба ҳайси муовини вазири умури хориҷии кишвар ифои вазифа дорад, аз ин ба баъд Раҳмон Озода Эмомалӣ ном гирифта мешавад.

“Маърака”-и берунсозии пасвандҳои русӣ аз ному насаби миёни мақомдорони тоҷик дар ҳоле вусъат ёфт, ки ахиран Шерхон Салимзода, додситони кулл, дар ҷаласаи солонаи ҳукумат, аз боқӣ мондани ному насаби мансабдорон дар шакли русӣ шадидан интиқод карда, тоҷикӣ накардани насабро далели заъфи ғояи миллии афроди алоҳида донист, дарҳол ба тағйири насабашон гузаштанд.

То ҳол бисёре аз мақомдорони тоҷик, аз ҷумла Бег Зуҳуров (Бег Сабур), раиси Хадамоти алоқа, Фаттоҳ Саидов (Абдуфаттоҳи Ғоиб), раиси Оҷонсии зидди фасоди молӣ, Бахтиёр Худоёров (Бахтиёр Худоёрзода), раиси дастгоҳи иҷроияи президент, Шарифхон Самиев (Шариф Самӣ), собиқ раиси Қӯрғонтеппа, Гавҳар Шарофова (Гавҳар Шарофзода), раиси Кумитаи забон ва истилоҳот ва Нусратулло Салимов (Нусратулло Файзулло) насаби худро иваз кардаанд.

Ҳазфи пасвандҳои русии “ов”-у “вич” аз ному насаби мансабдорони тоҷик дар пайи даъвати раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи марти соли 2007 сурат мегирад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
хакикат
аз ин ном дигар кунихо ягон фоидае ё суде нест . Агар шумо мехохед то ба таърихи точики баргардем хатти форсию -точикиро рохандози кунем то бидонанд ки точикон дар хакикатан давлвтдоранду давлат доштаанд.

бояд мо бо забони точики хатти точики баргардем, ки бузургони мо бо ин хат яъне форси точики бузург шудаанд . Тамоми давлатхои пешрафта хатту алифбои худро доранд. Давлате ки мустакил хаст бояд 1 символи худро дошта бошад. 2) пул, сархад, нишон, парчам ,гимн аз хама бештар бояд хату алифбои худро дошта бошад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)