Бахшҳо

Гилаи Юсуф аз русҳо дар пайи изҳороти Жириновский

Иддаои Владимир Жириновский, раҳбари Ҳизби либерал-демократи Русия (ЛДПР), дар бораи он ки кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистону Қазоқистон ва Қирғизистон орзуи пайвастан ба ҳайати Русияро доранд, бо вокунишҳои тунди хонандагони мо рӯбарӯ шуд. Ҳоло номаи яке аз шарҳнависонро бо номи Юсуф нашр карда, мехоҳем, Шумо низ дар ин бора фикру андешаҳои худро ба мо фиристед.

ШАРҲИ ЮСУФ:

“Тоҷикон ҳамеша ғуломони ҳалқабаргӯш буданд. Аз аъроб сар карда (ба воситаи дини Ислом) то турку муғулу рус. Ин чизи нав нест.

Ҳамин аст, ки хислати ғуломиро ҳеч наметавонем тарк бикунем. Вале, дар ҳаққи мо бадтарин хиёнатро русҳо кардаанд, бо сад ҳиллаву фиребу найранг. Заминҳоямонро ба дигарон тақдим карданд; хатти бобоиро маҷбуран тағйир доданд; тафаккурамонро вайрон карданд; дар байни миллати тоҷик ҷудоӣ андохта, ба ҷанги бародаркуш кашиданд; миллионҳо фарди тоҷикро дар Русия истисмор карда, боз таъна мезананд; тайи беш аз 10 сол "Ҷамшуду Равшан"-гӯён масхара карданд; лашкараш (дивизияи 201) Тоҷикистонро ишғол кард; сиёсатмадоронаш (Жириновскийбаринҳо) бешармона дар ҳаққи президент, ҳукумат, давлат ва халқи Тоҷикистон суханони таҳқиромез мезананд; русҳои муқими Тоҷикистон забони давлатиро эҳтиром намекунанд ва дигар бадиҳо.

Ба ягонтои ин аъмоли бад русҳо аз тарафи тоҷикон ҷавоби мувофиқ нагирифтаанд. Бояд зикр шавад, ки ин аъмолро ба миллат ва далати тоҷик на Амрико раво дидаасту на инглису франсузу немис. Ҳатто империяи подшоҳии рус!

Он чизе, ки дар солҳои Шӯравӣ сохта шудааст, русҳо барои худашон сохта буданд, на барои тоҷикон. Зеро онҳо нисфи аҳолии Тоҷикистонро ташкил мекарданд (бузургтарин колонияи русҳо!) Акнун ҳамаи он кӯҳнаву фарсудаву нодаркор аст. Ин аст хизмати русҳо назди миллати бечораву фақири тоҷик.

Тоҷикон ба касе ҷабру зулму бадӣ накардаанд. Ин аст ягона боиси ифтихор. ХУДРО ПАСТ НАЗАНЕД. АЗ ИН ДУШМАНОН ИСТИФОДА МЕБАРАНД!”


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Собир
Рост гуфти Озод. Хамачо пур аз гулому гуломтабиату гуломзода.

'амрикотаборон' шумо патриот хастед, бо чашми кур, бо тани луч, шиками гурусна ?
Чашми саратонро дурусттар кушоед ин хама бинову иншоотхо, заводу фабрикахо бо мадад ва дастгирии халки бародари рус сохта шудаанд. Илму фарханг, маданияту тиб дар хамкори бо ин халки бузург то ба ин дарача расидааст. Зиёда аз 1,5 млн нафар хамватанони мо нону намаки ин халкро хурда истода нафакаи боз чандин миллиони дигарро таъмин менамоянд. Бинобар сиёсати дустона ва дастгирии ин давлати бузург душманон наметавонанд ба мисли давлати он тарафи дарёи Ому, Ирок, Либия ё Сурия гирифтор кунанд.
Мо бояд кадрдон бошем, наинки курнамак.

номдор
Бале Озод! Гуломтабиату гуломзодахо кам нестанд, мутаасифона.

Озод
1. Истиклолият бо хамаи камбудиояш неъмати бебахост.
2. Албатта кишвари мо бояд вокеан демократи ва пешрафта бошад.
3. Мо гулом нестем. Касе гулом аст мушахас нависад, ки ман фалони хастам ва гулом хастам, аз номи хамаи точикон гап назанад. Мугулхо ними чахонро гирифтанд, аз чумла 200 сол Россия зери дасташон буд, аммо русхо худро гулом наменоманд, чунки акл доранд ва худро паст намезананд.
4. Агар мухочирони кори дар Россия набошанд ахволи бисёр точикон бд мешавад. Русхо харчи карданд, рафтанд, агар хунар доред кишваратонро обод кунед, бахонаи дигарон накунед, хеч кас пеши рохи шуморо нагирифтааст.

шахид
Баъд аз омадани шурави аз мо дигар на абуали сино баромад на рудакиву на ахмади донишу айниву на беруниву форобиву ва............ана хамин аст хидмати бузурги хукумати шурохо......

ин миллат тамгаи гуломиро гирифтаги аст ва барои онхо бе фоида аст фахмондан. Магар хамин Русхои таърифиатон ба хоки Афгонистон надаромада буданд?, афсус ки он рузхои шумро бобохои мо бо худ бурдаанд ки шумо гумрохон бубинед чи гуна русхо мардуми бе гунохи точика катл карданд. Гуфтахои бародар Юсуф сад дар сад дуруст хастанд.

кобул
айби худамон.мо точикон чашми дидани якдигарро надорем,хучанди-будик,гарми-вовчик,помири-г
анс.кулоби-говсавору флону бисмадон гуфта ахмакии худро бар гардани дигарон бор мекунем.тахаммул кардани фикру андешаи якдигарро надорем.магар дар хадя кардани замини помир ба хитой хам русхо гунахгоранд ё барои чарогох додани замини исфара ба киргизистон,ки имруз ворух бо мушкилот дучор шудааст.агар русхо мебуданд 1-м заминро ба хамсояхо намебахшиданд.имруз самарканду бухоро мекунем ин даъворо бояд соли 91-92 мекардем.

Сад дар сад рост ман тарафдори Юсуфчон чун ки дар рагхояш хуни Форси-Точики чуш мезанад хар касе мухолифи ин суханхо баромад аз мо нест

Salom awalash ki tu Tojik nesti Duwumash ki Afghono az tu barin be sawodda behtar zindagi dorand. wa in Rusho budand ki baad az baromadanshon hamai Silohoshona ba mardumi Afghon dodan wa fitnaro da baini uno taksim Kardan tu sawod nadoshtai

Hamwatanoni Aziz charo ki Shumo hama chizro az Rusho mebined? Az kadom Jaholat Rusho moro barowardand ? Rusho ki hastand wa ki budand ? Oyo shumo Torixi Xudatonro namedoned ki shumo ki buded wa ki hasted ? Bo farhangtarin dar tamomi Shurawi in Tojikon budand, wa Rusho budand ki sawodu marifati tojikro gum kardand. Bubined dar wakthoi pesh Ghulomro ghair az Kor Kardan dar digar korho hamroh namekardan u Ghulomast Aynan hamin chizro rusho dar haki millati tojik Kardan. Kame bedor shawed Duston Dawlatdoroi mo mardumro hamixele kardand ki diga Ghair az Russia mo pesh rafta nametonem mo Metawonem agar Mustakil fikr kunem

Бояд дур аз Руссиё мамлакат дид ва дур аз Рус миллат

Ба огои Аброр аз номат маълум ки аз мо нести

Ба огои шурави номаъкул гуфтед чаро чун ки дар замони шурави ягон чиз бепул набуд хар чизе ки ройгон буд аз хисоби худи Шумо буд

Оффарин Юсуфчон кайф кардам дуогу хастам ки сафи Шумобаринхо рушанфикрон зиёд шавад

Ман ба суханони Юсуф бародар сад дар сад розиам ин русхо аз аввали таъсисёбии шурави то хол аз хама зиёд ба зарари миллати бузурги точик амал намудаанд чун,ки онхо аз миллати форсу точик тарс доштанд ва тарс доранд чун,ки аз хамон давра ба русхо тавсия шуда буд,ки аз хама мардуми саркаш ва дар акидахояшон устувор ин мардуми точиканд аз хамин хисоб аз хамон давра то холо хама намуди фишорро болои мардуми точик меоранд ва ба хар рох мехоханд моро горат кунанд далели ин гуфтахо бавоситаи русхо аз даст додани мулкхои таърихиамон Самарканду, Бухоро ва далели возехи дигараш ин миллати точикро ба хуну огушта намудан дар авоили солхои 90-ум ин кудаки хамон давра медонад,ки кори руссия ва аз эхсосоти истифода бурда мора ба хун огушта намуданд ва то хол аз ин ниятхои нопоки худ даст накашидааст холо он,ки мо хеч чизи дигар хам надорем лекин ин аждахо дар фикри ана хаму сархади мову Рогуни мо аст лекин иншоллох мо бо рохбарии Сарвари хирадманд Рогунро месозем ва ба рушди босуботи кишвар орзу дорем ва ба хеч кас пушида нест,ки ходисахое,ки дар кишвари ободу зебои Украина ба вукуъ омадааст кори дасти абаркудрато махсусан хамин руссия хаст,ки ба хотири манфиатхои худаш шуда хатто фикри бародари словянии худро накард ва Украинаро ба хун огушта кард ва аз кучо фикри мо точикони мусалмони форсзабонро мекунад.Дар ин холат бояд миллати сарбаланди точик хушёр бошад боз ходисахои шуми солхои 90-уме,ки руссия дар точикистон амали намуда буд ва онро холо дар украина амали намуда истодааст ба сари мардуми мо наорад боки дар панохи аллохи пок бошед.Ва ман аз Озодагон хохиш мекунам,ки хамин вокуниши маро дар сайт ба монанди макола партояд бисёр хуб мешуд хохиш мекунам Озодагон доим озода боши худо нигахбони мадератор бошаду хами хохиши мора ба инобат гирад зиёд хуб мешавад.

а
Точикистона ояндеш нест. Мо хама тарапдори пайвастан бо русия хастем. Мардумро аз нестшави халос каран даркор.

хамфикр
Сад дар сад дуруст Акаи Юсуф

Салом! Дуруст кайд карди Озод!
Ба Аброр, шурави ва хонанда! Чаро чунин фикр мекунед, ки агар русхо моро аз фартаи феодали бурун намекарданд, мо худ ончо мемондем. Наход ин кадар мафкураи чахонбиниатон кам аст (бубахшед). Ман итминони комил дорам, ки агар шурави намебуд, на танхо мо, тамоми осиёи маркази мисли Эрону Туркиё ва дигару дигархо пешрафта ешудем. Хох нохох ин феодализми гуфтаи шумо умрашро дида буд ва гузариш дошт ба як давраи нави давлатдори. Ман фикр мекунам, аз ин русхо дида барои мо галабаи олмонихо дар чанги дуюми чахони хубтар мебуд (албата, агар мо мукобилашон намебуромадем). Баъд ин ки, хар як корро аз хар пахлуяш нигох кунед, омадани русхо дар вакташ аз хуби дида ба мо зарараш зиёб буд, Юсуф рост мегуяд. Боре наандешидаед, ки хато дар хайати узбекистон будани мо, аз руи накшаи кашидаи Фитарат хубтар мебуд, аз ин мустакилияте ки моро додаанд ин русхои муфтчу ва худкома, чунки имруз мо метавонистем мустакилияти комилро бо тамоми каламравамон ба даст оварем...гап зиёд асту инчо хамаашро намешавад гуфта, БА ЧУЗ МИЛЛАТИ ТОҶИКУ ФОРС, КАМ МИЛЛАТЕ ҲАСТ, КИ ДАРАҶАИ МОРО ДАР ОЛАМ ДОШТА БОШАНД, ЗИНДА БОД ФОРСИЗАБОНОНИ ОЛАМ!

Вайс
Юсуф нодуруст мухокимарони мекунад.
Дар бораи кадом давлат ва сарзамини точикон сухан мегуяд? Точикон баъди империяи Сомониён дигар давлат Н-А-Д-О-Ш-Т-А-Н-Д. хамин русхо буданд, ки точикро сохиби давлат, илм, маориф, рушди иктисоди, заводу фабрик, роху пулхо, барку газ ва дигар воситахои зиндагии пешрафта карданд. Дар 23 соли истиклолият, рушди иктисоди Точикистон ба сатхи солхои шурави нарасидааст. танхо вилояти Сугд соли 2012 ба сатхи рушди соли 1990 расидааст. хулоса бароред. дар бораи хистати гуломии халки точик рост мегуяд. Лекин ин чо айби миллат нест, айби сарварон ва пешвоёни миллат аст. Миллатро дар рухияи гурури милли тарбият бояд кард. аз тарафи рохбарон, зиёиён, рухониён ва маорифчиён. Лекин дар Точикистон баракс, саркарда аз сатхи боло то поён хама дастхо руи сина, таъзим дар пеши сарварон, шукронагуи. хакикатро гуфтан касе чуръат намекунад. Ҳамин аст, ки хислати ғуломиро ҳеч наметавонем тарк бикунем. Пас аз кучо Гурури милли мешавад?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)