Бахшҳо

Супориши ғайриодии Қодирӣ дар бораи танӯру нон ва “ошпазӣ”

Бо дастури Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд, дар аксар макотиби миёнаи шаҳру навоҳии минтақа танӯру “дегдон” (оташдон) шинондаанд. Аз Раёсати маорифи вилояти Суғд бо тасдиқи ин хабар ба “Озодагон” гуфтанд, маъракаи танӯршинонию “дегдон”-монӣ аз моҳи феврали соли ҷорӣ ба ин сӯ идома дорад ва ҳадаф омода кардани духтарон ба рӯзгордорист.

Ба иттилои манбаи мо аз Раёсати маорифи вилояти Суғд, феълан дар макотиби миқёси вилоят 278 танӯр, 509 дегдон шинонда шуда, 109 маҳфили қолибофию кашидадӯзӣ ва рӯзгордорӣ ба роҳ монда шудааст. “Вобаста ба мавзӯи дарси таълими меҳнат ва ё дар маҳфилҳои иловагӣ хонандагон метавонанд, боз аз наздик бо танӯру ошдон шинос гарданд”,-афзуд манбаъ.

Дар мавриди харидорӣ ва шинондани танӯру дегдон манбаъ гуфт, он бо ташаббуси бархе аз падару модарон, маъмурияти мактаб сурат гирифтааст. Ин дар ҳолест, ки як сокини 45-солаи шаҳри Хуҷанд бидуни бурдани номаш гуфт, “танӯрро монданду вале доир ба маҳсулоти он фикр накарданд. Чун духтари ман гӯиё навбаташ расидааст, аз хона барои дарси таълими меҳнат орд мебарад. Худатон медонед, имрӯз нархи орд ва дигар маҳсулоти ғизоӣ чӣ қадар аст ва дар баробари ин, шахсан ман барои духтарам чӣ тавр дар танӯр нонро часпонидану дар ошдон ғизо пӯхтанро омӯзонидаам ва меомӯзонам.”

Мақомот харидории маҳсулот барои хӯрокпазиву нонпазиро ба хоҳиши падару модарон вогузор карда, мегӯянд, «он маҷбурӣ набояд бошад» ва дар ҳолате, нонро пухтанд, метавонад, онро ба хонаашон бубаранд.
Мӯҳр
Ана аку вируси Абдучабор Рахмонов птичи грипворй томоми Точикистона фаро гирифт. Хоричиён аз ин вабо эхтиёт шавед!

Эълон шудани озмун дар мактабхо ва телевизионхо ба шарафи j Сайлигул Лолаевна моро рухбаланд намуда, дар дарсхо бо супориши муалимон тарики SMS овозаш медихем.

Ман аз Мачохи кухй. Хамин шумо маорифчиён ва рохбарони... аклатонро хурдед. Ман ба духтарам орд дихам, шукрона, ки зурам мерасад. У ба куху пушта ба мактаб равон шавад. Дар рох буи орд ба димоги сагу гург расад, баъд чй мешавад? Ин тарафи масъаларо надидед, мухтарам Танурчихо?

Офарин, Кодирй! Фарзанди фарзонаи миллат. Дар хакикат зардуштии хакакй будай. Офарин.

Ин икдоми сари вакти аст. чудошавиии оиларо пешгири мекунад. Хушунат дар оила бисер вакт аз натавонистани пухтани таом байни арусу хушдоман сар мезанад. Кани гуед ки аруси панч дасташ хунарро гам медихад. Ба фикрам хеч кас
Чаро чоп намекуни озодагон

Хандидам
Вакте ки шахс аз ичрои вазифаи асосияш набарояд, барои сафед кардани худ ва рози намудани хочааш даст ба дигар кор мезанад. Икдоме, ки А. Кодири пеш гирифтааст, бисёр хандаовар мебошад. Дар асри 21 норасои ва мушкилии асосии чавонони точик ин савод аст. Мо бояд таргиб ва таблиги илмро дар чойи аввал гузорем. Раис бошад аз холо ба донишчудухтарон гуломиро омухтани аст. Кори хонаро бояд дар хона омухт ва волидайн махз барои хамин масъул хастанд. Масъулияти шумо бошад, саводнок кардани мардум аст. Илм бояд омухт на ин ки пухтани нону тарзи дуруст гузоштани хиштро.

Раиси вилоята дигар кораш нест, асри 21 техника технология пеш рафтааст вай насли навраса асри 15 бурдост. Дигар афзалиятхое хаст, бачои сохаи социалая бардоштан, чалб намудан кадрхои баландихтисос (инноватсия), байрак бунед намудааст ба маблаги 3.1 млн сомони, бо ин маблаг 2 мактаби бунёд мешуд. Доходный части пули бюджет факат барои гулхари сарф карда истодааст, ёфтааст чихел обу лой куния, гула шумурда намешад хар сол расход кардан мегирад. Аз гулии депутатои вилояти истифода бурда истодааст. Ягон конкретный пешрави нест, системаи хочагии кишлока вайрон карда буд боз батар вайрон кардост, хамаи стат даннихо сохта, вилояти Сугд дар каламрави чумхури яке аз вилоятхои пешрафта, вилояти саноати буд, лекин афсус, ки руз аз руз батар шуда истодааст https://www.news.tj/ru/news/v-sogde-byut-trevogu-v-svyazi-s-vozrosshei-prestupnos

tyu-sredi-nesovershennoletnikh-i-molodezhi чинояткори афзуда истодааст. Хамаи ин аз пушти бекорию маърифат пасту, лидери вилоят суст буданаша.

Тавоно бувад хар кй доно бувад. Кандата зан Кодирй. Ана аку дар чаласаи чамбастии хукумати ЧТ хам мавзуи руз ёфт шуд. Кандатона занед Кодирй ва Абдучаббор Рахмонов бо ин кашфиётхо ва мияи точикиятон.

худи наврузи арбобба 100 дег ош кадагиш боин шуд ку, кайф кайфи дастгоху ресторан хушбахти

Кодири танурсозиро ки фармудааст, ордашро хам ёфта дихад!!!!!!!!!!!

1212
Аз асри 15 кор карда истодааст чи.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)