Бахшҳо

Шеърҳои антинаҳзатӣ дар “Адабиёт ва санъат”, нашрияи Иттиҳодияи адибон

“Адабиёт ва санъат”, минбари эҷодкорон ва нашрияи расмии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, дар шумораҳои охираш ашъореро алайҳи Ҳизби наҳзати исломии кишвар ба табъ расонидааст. Дар яке аз ин шеърҳо ҲНИТ аз “шохаҳо”-и Ҳизби таҳрир, ҳаракати ифротии фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон хонда шудааст.

Муаллифи шеър, ки аз ӯ Шамси Шариф ном бурда мешавад, гуфтааст:

Шеърҳои антинаҳзатӣ дар “Адабиёт ва санъат”, нашрияи Иттиҳодияи адибон“Ҳизби наҳзат, наҳзати исломи пӯшиши ниқоби Тоҷикистон,
Бо “ҷиҳод”-и Ҳизби “таҳрир” тарҳи паймонест.
Ҳарду аз як чашма оби сард менӯшанд,
Ҳар ду дар як дег меҷӯшанд.
Ҳар ду дар як шикофе шоша мерезанд,
Дар таги як кӯрпа ҳар шаб хоб карда, субҳ мехезанд.”


Дар ин шеър, ки дар шумораи 17-и нашрияи “Адабиёт ва санъат” ба табъ расидааст, инчунин, муаллиф ба Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ низ ишораҳое кардааст. Муаллиф гуфтааст:

“Дар сари китфи Кабирӣ,
Пешвои Ҳизби наҳзатхори тоҷик, Халтаи қасди гадоӣ,
Хонда худро дар раҳи ислом "фидоӣ".”


Табъи ашъори “антинаҳзатӣ” дар ин нашрияи адабию фарҳангии кишвар дар ҳолест, ки ахиран рӯзномаи “Ҷумҳурият”, тайи чанд шумораи охири худ раиси ҲНИТ-ро зери тозиёнаи танқид қарор дода, сафарҳои ӯ ба хориҷ аз кишвар ва ширкатҳои мутааллиқ ба ӯву наздиконашро баршумурдааст.
Мӯҳр
Точикак
Шоирон мурданду ту шоир шуди....Хе хе, шояд ин худи Бозор бошад....Номарди аз ин хам зиёд намешавад., вакте ки метарсанд значить Кабири кувва будааст...

muhojir
ruznomae ki chunin gapho va she`rhoi bema`niro chop mekunad dalel abr besavodi va pastfitratii boniyoni khud dorad.
mardum hama khub medonand ki khub astu ki bad!!!!
bo doman nameshavad ki oftobro pushond!!!!!
in janobon kushishi kardani chunin korero dorand!!!
haihot haihot!!!!!!!!!!!!!!!!!

точикбача
Шамси шариф хушдор медихам ба ту ин косалеси касб нест тахкири кас лозим нест.

salmoni fors
in shoir ne, KHOIN ast inro agar adolat vujud medosht in buzzdilro ba javobgari boyad kashid. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон az in koraton muradnton behtar ast. behuda hoknazaned va boloi rudai rosti hud fishor naored mardum kur nest. Janobi Kabiri shumo bar zidi inon shoir arz kuned . nomi shоirro ham HARROM karded inro handa ksro sharm meoyad. Ozodagon HOHISH mekunam chop kuned

сарбадор
Ман фикр мекунам ки ин шеъри Шамси Шариф нест ин шеъри Бозор Собир ҳаст.

Гариб
Обуруро Худованд медихад нигаред Бо ин хама тухматхо Кабири обуруяшро заррае гум накардааст. Зинда боши Кабири Худованд нигахбонат бошад.

Чалил
Ман аъзои ХНИТ нестам аммо аз ин корхое, ки хукумат мекунад маро бе тараф намегузорад! Ин корхо дар чомеаи мо наинки хашми нахзатихо балки тамоми мардумро меорад! Бас будагист ин ахмак гарихо. Мо аз дасти хамин корхоямон тули 1000 бедавлат будем. Бо ин 8 миллион нафар мо аз ухдаи худ намебароем сад афсус. Агар мисли Хиндустону Хитой мешудем чи кор мекардем? Ба хама мардум даъват карда мегуям, ки ба ин сафсатахои анти нахзат бовар накунед инхо хама кори дасти хукумат аст.

Адабиётро хам харом карданд ин зиёиёни мо!

Мухочири Овора
Ба фикрам танхо одами аз акл бегона метавонад чунин харфхоро бизанад

Ба фикрам танхо одами аз акл бегона метавонад чунин харфхоро бизанад

99
"Шоирон мурданду" ту луччак нашав,
Мисли Шамси шоири пуччак нашав,
Аз барои як "бале"-и хоҷаат,
Мисли ғелонак шикампечак нашав!

Байни мардум тухми иғво коштан,
"Шоша"-ро дар шеър мафҳум доштан,
Аблаҳие нест бешак ин амал,
Нест инсонро халосӣ аз аҷал...

Гар нависам: "Шошаи вай аз ту боло буду ҳаст!",
ту намеранҷӣ?
Гар бигӯям: "Шеъри ту пастию нодонии туст!",
худ намесанҷӣ?
Пас, каме андеша кун, гар шоири!
Гарчи обу оташу боду фалокат мекунад дунёт хароб,
Дон, ки аз лутфи сухан обод гардад ин сароб.
Пас, биё андеша кун!
Одамият пеша кун!...

ман аслан Тарафдори Кабири нестам. лекин инхел шоири тамаллукору думчунбонро чашми дидан надорам. хайфи номи шоири наход дигар мавзу наеби, ки эчод куни. дар итифоки нависандагон кам хам бошад зиеиени хакики хасстанд. намедонам сармухарири ин нашрия ки бошад ба хар хол касе бошад мисли хамин шоир чоплус будааст, ки барои чопи ин шеьри пастсифату тахкиромез ичозат додааст. ин хел шоирхо дар хама давру замон буданд. мумкин ин шеьро касе фармоиш надода бошад, ин хел чоплусхо барои ширин кардани худашон шеьр мегуянд

Рахмдил
Агар ХНИТ хизби хоким мебуд Иттиходияи адибон бар зидди ХХДТ ин шеъра менавиштан. Хайфи шумоён.

нигин
ОФТОБ ОМАД ДАЛЕЛИ ОФТОБ
ГАР ДАЛЕЛАТ БОЯД АЗ ВАЙ РУ МАТОБ
ЗИНДА БОД ХНИТ

99,
Ана ин шеьри хакики аст!!! Иншеьрро бояд дар он мачалла чоп мекарданд!!! Худованд нигах дорад Шумора бародари азиз!!!

Зиеи ин Олга Тутубалина аст на ин шоирони пучак!!! Як зан бахои шумора бисер дуруст дод хамон бас набуд боз манро мачбур мекунед дар хаккатон суханхои болохонадор гуям!!!
ХНИТ алакай галаба карду Шумо рохи номардира пеша кардаед!! Чаноби Кабири алакай дар дили мардум чой ефтаасту меебад!!! Бинед бозори Кабирира бо рохи номарди гирифтанду Кабири исбот карда тавонист, ки бозор конуни шахси карда шудаасту ба халку миллат дар хакикат хизмат карда истодааст!!!

бо сад сиехкунихо Шумо наметавонед хакикатро аз байн баред!! Хакикат хамеша дастболост!!! Пас чони бехуда наканеду лаганди хочахотона бардошта гардед!!! Ва якин бидонед, ки лагандбардорон дар ду олам хору шармсору залиланд!!!! Мард бояд буд!!! Мард!!!!!

Эй и шоир нест кадом беаклай шоир шидан Осон нест.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)