Бахшҳо
28 апр 2014 15:27Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Ҳамла ба Сайидумар Ҳусайнӣ ва ронандааш дар Хоруғ

Сайидумар Ҳусайнӣ, вакили Маҷлиси Намояндагон ва ноиби раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), ки барои расонидани паёми раисиҷумҳур субҳи 28 апрел ба Хоруғ рафтааст, мавриди ҳамла қарор гирифтааст.

Ба гуфтаи ӯ, як гуруҳи 15-нафарӣ дар дафтари ҲНИТ дар Хоруғ ба ӯву ронандааш дарафтода, гуфтаанд, барояшон ин ҳизби исломӣ лозим несту бояд ҳарчӣ зудтар ин маконро тарк кунанд. “Ин 15 нафар мардони ҳамлагар буданд, ба ҷуз онҳо 4 чаҳор зан низ буду берун аз бино одами зиёде қарор доштанд”,-гуфт ӯ дар сӯҳбат бо “Озодагон”.

Ин вакили парлумон мегӯяд, ҳарчанд онҳо талаби афроди ҳамлагарро қонеъ карда, дафтари кории ҲНИТ-ро тарк кардаанд, вале ҳангоми савор шудан ба мошин ронандаи ӯро мавриди латту кӯби шадид қарор дода, ба худи Ҳусайнӣ низ ҳамла намудаанд: “Ронандаи маро чунон латту кӯб карданд, ки дигар қудрати пушти чанбарак нишастанро надошт ва ман ба ҷои ӯ нишастам, ки ба ман низ дарафтоданду қариб монда буд, аҳволи маро аз ӯ бад кунанд.”

Сайидумар Ҳусайнӣ мегӯяд, ҳадаф аз сафари онҳо танҳо расонидани мӯҳтавои паёми солонаи Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Хоруғ буд, на чизе бештар аз он. “Қарор буд, соати 14:00 бо раҳбарияти шаҳри Хоруғу вилояти Бадахшон мулоқот кунем, вале вақте рафтем, моро даромадан намонданду гуфтанд, раҳбарият нест ва аз мулоқот низ хабаре надорем. Чун ба дафтари кории ҳизб омадем, ҳамлагарон низ аз паси мо вориди бино шуданд ва ин ҳолат рух дод”,-афзуд ӯ.

Муовини аввали раиси ҲНИТ аз он нигаронӣ дорад, ки яке аз кормандони бахши ҳизб дар вилояти Бадахшон аз сӯи афроди ҳамлагар, ки либоси мулкӣ доштанд, боздошт шуда, ба шуъбаи умури дохилӣ интиқол ёфтааст: “Ин ҳамлагарон худро корманди милитсия муаррифӣ карда, нафари моро дасту пояшро баста, ба шуъбаи умури дохилӣ бурданд.”

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 23 апрел ба аъзои Маҷлиси Олӣ, ки шомили Маҷлиси Намояндагон ва Маҷлиси Миллист, паёми солонаи худро ироа кард. Дар ин паёми оқои Раҳмон дар бораи сиёсати хориҷӣ, масоили иқтисодӣ, аз ҷумла харҷи сокинон барои гутфугӯи телефониву харидории мошинҳо, амният ва ҳифзи ваҳдати миллӣ сухан гуфта шуд. Дар пайи ин, вакилони Маҷлиси Намояндагон муваззаф гардиданд, шурӯъ аз 28 апрел ба минтақаҳо рафта, мӯҳтавои паёми раисиҷумҳурро ба мардум, бахусус интихобкунандагон мефаҳмонданд.
Мӯҳр
Ин корро ҳукумати мо дониста барқастона мекунад

Парвиз
Ин корро касе карда бошад душмани мардуми Бадахшон ва дар мачмуъ душмани миллат аст. Зидди сиёсати Президент ин корро кардаанд. Сохторхои дахлдор фаври тахкик намоянд.

Бетараф
То чое мо огах хастем, хар як вакил бояд бо интихобкунандагони худаш мулокот анчом дихад дар доираи Паёми Президенти Чумхурии Точикистон. Сайидумар Хусайни, ки вакил аз Бадахшон нест бо кадом "нияти нек" ба Хоруг омада бощад???????????????

Ханифа
ин хамааш дуруг аст ин кори худи укумат аст мардуми Бадахшонро бо хизби нахсати ислом чанг меандозанд шарм намедоранд, ки аз ин дар байни миллат нофахми пайдо мешавад халки Бадахшон худашон хуб медонанд. ки ин чангандози хаст. аз хама тараф бар зидди нахзат заданд хамааш дуруг хаст мардум бовар накунед

ba badaxshoniho in xel guruho lozim nest.yak bor didand bas ast.

Часур
Рости аз шунидани чунин хабархо хандаи кас меояд. Ин Сайдумар ба кадом максад паёми сарвари давлатро ба мардуми Бадахшон мефахмондааст. Аввал он ки тамоми мардуми ин минтака паёми сарвари давлатро тамошо кардаанду аз мухтавою мазмуни он бохабаранд. Дуюм он ки агар вакили ин мардум мебуд хак дошт ки чунин суханхоро гуяд. Сеюм он ки ин суиксадро махз кормандони ХНИТ худашон ташкил кардаанду максадашон паст задани хукумату мардуми сарзамини Бадахшон аст. Сайдумар агар барои кормандони хукумати лозим бошад ба фикрам у на мухофиз дораду на чои махфигох хар замон метавонанд ки несташ кунанд вале ин мардак ба ки даркор аст. Биёед бародарони ХНИТ бас кунед хамин шармандагиро ва аз паси ободии ватану миллат шавед. То ба кай ислом мегуеду мардумро гайбат мекунед. Аз офаридгори худ акалан шарм доред..

саш
вакили мухтарам бо истифода аз хукукхояш расми чихати кушодани парванда аз руи ин ходиса ба прокуратура мурочиат кунад, Мардуми соддаи Помирро бадном мекунанд

zadanton pomiriho???pulhoi xorijira girifta bozor mexaredu koraton bad kunivu jangdozii hukumatu vatani xudaton.pas az xudo tarsed ki az in saxt mezanad.

Мардуми Бадахшон хушёр бошед,ки хукумат натавонист аз берун шуморо шикаст додан, мехохад , бо хар фиребу найранг аз дарун байнатон тафрикаву чудои андохта шуморо шикаст дихад... Дар фахмишу заковати шумо бовари дорем, ки ба ин хиллахо дода нашуда муттахидиатонро аз даст надихед!!!

Кулоби
tojik, ту умуман нангу номуси марди дори? Дар хама комментхоят тахкири хизби исломи асту тухмат кардан ба Кабири. Хама казияро бо айнакои хукумат нигох мекуни. Фабрикаи чавоб, бо ин хама тухмату бухтонхо дар киёмат ЧАВОБ хохед дод!

садокат
Бародарони арчманд! Ба ин бухтону ба ин сафсатахонихо бояд хотима дод. Чангу низоъ, нофахмихо байни мардум махз мана аз хамин гуна тухматбофихо огоз мегардад. Пас ба кадом максад мо хама ин корро анчом медихем ? Бас набуд хунрезихои чанги шахрванди ва ходисаи Хоруг. Харчанд зиндаги шуморо имтихон кунад хам, вале шумо хамонеду хамон. Ман бадахшониву ман точик гуфта, худро аз хамдигар дар канор мегирем, вале андеша намекунем, ки мо як миллати сохибтамаддуну сохибфарханг бо номи баланди "Точик" хастем.
Ба огои Сайидумар Хусайни гуфтаниям, чун шумо вакили парлумон набояд ба ин ангезахои шум рох медодед. Шумо агар чун вакил ва ваколатдор вориди Бадахшон мешудед, шуморо на лату куб, агар ин дар хакикат рост бошад, балки бо нону намак истикбол мекарданд. Чун намояндаи хукумат чаро низоъ меандозед? Магар Шумо хохони сулх, ягонаги, вахдати комили давлати точикон ва сарсабзиву хуррамии механ, хонаободиву хушрузгории мардуми сарбаланди точик нестед? Магар Шумо чун вакил роху равиши расонидани Паёми раисчумхурро намедонед? Чи сирру асроре дар калбатон чой кардаед, ки ин кадар шуру гавго бардоштед?! Бадахшон вакилони интихобкардаи худро дар парлумон дорад. Пас онхо вазифадоранд, ки Паёмхои тоза ба тозаи Чаноби Олиро ба мардуми кухистон бирасонанд. Аз ин баъд андеша намоед, ки чи корро анчом дода истодаед.

Карим
Бародарон!!!!! Хизбе, ки дар борааш сухан гуфта истодаед, аз дигар хизбхои мавчуда фарке надорад. Гарчанде худро хизби мубориз нишон дихад хам, максад на бехбуди балки чамъ намудани молу мулк мебошад. Агар бовар надошта бошед, интихоботи гузаштаро ба ёд биёред. Кабири дар чараёни интихобот ба чое, ки номзади пешниход намудаашонро бевосита дистгири намоянд, баромада бо оилааш ба кучое дамгири рафта буд. Дигар ин ки ин хизб ба монанди дигар хизбхо доимо кораш мачлисбозиву халос. БАРОДАРОН , Чуноне ки дар урфият гуфтаанд:

Одами (хизби) беамал, замбури бе асал аст. Пас барои чи тарофдораш бошем.

kishvar
barodar az nomi dugar mardum harf nazan tanho akidai khudro navis. az gaphoyat maalum ki yagon savodi siyosi nadori va loiki harf zadan dar in sohara sohib nesti.

Патриот
Аввалан ба хамагон салом. Баъдан, саволе ба миён меояд, ки чаро вакилони бадахшони, ё аз хизбхои дигар ба Бадахшон барои ташвики Паёми Президенти мамлакат наомаданду махз С.Хусайни, ки рабте ба ин вилоят надорад? Ва чаро у хамрох бо дигар намояндагон наомад ва чаро макомотро аз омадани худ огох накард? Чавоб худ аз худ пайдо мешавад:максад на ташвики Паём, балки таблиги хизби нахзат ва "пиаршинаи" хизби ба воситаи ангехтани игво. Воситаи дигари таблиги ин хизб дар Бадахшон вучуд надорад, зеро мардуми шарифи ин диёр ба "гояхои" хасакии он на тавачух доранду на хавсалаи пайрави. Асрхои аср ин мардум бе нахзатиён дар дину мазхаби худ коим буданд ва мемонанд. Барои хамин, хохиш, минбаъд на ба сифати нахзати, балки ба сифати мехмони холис биёед, ягон кас саги шумор чих намегуяд. Ба номи неку номусу шарафи точикони асил- бадахшониён игвои шумо ва шумохо барин хеч вакт иснод намеорад.

хамза давлатов
хуо бузур хаст бародарони исломи мо набояд ин сафсатахои дуругро ки зиди ХНИТ бовар кунем ин хама палитикаи давлатаст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Обхезӣ ва шаҳрдорӣ17:44Оғоз15:39Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33
ТАҚВИМ
«    Октябр 2026    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
БОЙГОНӢ
Май 2026 (2)
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)