Бахшҳо

Дидгоҳ: Таъини сафири Исроил, мо ва яҳудиёни Бухоро

Таъйини Кармелла Шамир - сафири нави Исроил дар Тоҷикистон баъзе садоҳоеро баланд кард, ки воқеан боис ба нигаронист. Иддае зери ливои бегона мехоҳанд, миллати моро низ ба чоҳе, ки худашон қарор доранд, биафкананд.

Ман мисли ҳукумат аз "нерӯҳои номаълуми бегона" намегӯям, чунки аз ягон нерӯ муттаҳам нестам. Ошкор мегӯям, ки нерӯҳои саудӣ, қатарӣ ин идеяро маблағгузорӣ мекунанд ва мафҳумҳоро таҳриф карда, моро ба тори дурӯғи худ мепечонанд. Ва мо бовар мекунем.

Аммо мақсад мӯшикофӣ нест, ки кадом нерӯ аз куҷо "заряд" мегирад. Медонанд, ки медонем ва медонем, ки медонанд. Ин ҷо бояд дар мавриди мову яҳудиҳои Бухоро нависам. Биёед, аз аввал таҳлил кунем:

А) Мо бо яҳудиҳо шиносоӣ ва ҳамзистии беш аз дуним ҳазорсола дорем. Агар ба Таврот имон овардаем, дар ин Китоб ояҳое ҳастанд, ки дарак медиҳанд, Парвардигор Куруши Кабирро озодибахши яҳудиён интихоб кард ва дунёро зери дасташ даровард. Куруш фармони сохтани ибодатгоҳ барои ибодати Худои Ягонаро ба яҳудон дод. Онҳо маҳз бо фармони Куруш ва зери ҳимояи ӯ Хонаро сохтанд. Ва аз ин замон шиносии миллати Яктопарасти ориёии мо бо миллати Яктопарасти сомӣ оғоз шуд. Дар Таврот Худованд Курушу Дориюшу... тухмаи эшонро ба ёрии яҳудиён раҳнамоӣ кардааст. Оғоз аз он замона миёни мардуми мо ва яҳудиён ҳеч ихтилофе набуд. Баръакс, ҳамдигарро дастгирӣ мекардем. Ягон ихтилофи динӣ ё даъвати ҳамдигар ба қабули дини ҳамдигар нашудааст. Ва ягон бор сари ҳамдигар лашкар накашидему қатли ом накардем. Баръакс, мо бо арабҳо ихтилоф доштему дорем. Аз Қутайба то имрӯз аз араб ғайри шикасти ғайрат чизи дигаре надидем. Кофир мешавем агар гӯем, ки динро аз араб гирифтем. Дурӯғи маҳз аст. Парвардигори Якто динашро Худ ба дилҳои мо ҷо кард, мувофиқи ваъдааш дар Калом. 300 соли баъди Қутайба мо ба араб ҷизя (доля) медодем, аммо Исломро қабул накарда будем ба зӯр. Вақте қутайбаҳо заиф шуданд, миллати мо Исломро шинохта, ба ҷон қабул кард. Муҳим аст, ки мо Ислом ва арабро як нашуморем.

Б) Таърих гувоҳ аст, ки миллати мо ҳеч гоҳ инсонҳоро аз рӯи дину сиёсату забону... ҷудо намекард. Аз ин сабаб, Бухоро то ғасби русҳо амнтарин давлат дар дунё ҳисоб мешуд. Зиёда аз ин, яҳудиён қисми таркибии таъриху фарҳанги мо шуданд. Фавҷ-фавҷ дар мо ҳал шуданд. Ҳоло ҷудо кардани онҳоеро, ки ҳал шудаанд, хеле душвор аст, аммо деҳаҳою авлодҳое то имрӯз баромади яҳудии худро медонанд. Аҷаб, ки имрӯз байни онҳо ҳам яҳудситезон кам нестанд. Ин таъсири сиёсати тафриқаи русист, ки Павлик Морозовҳоро тавлид кардааст. Дар Бухоро яҳудиён аз ҳама хуқуқи шаҳрвандӣ бархӯрдор буданд. Баробари мо ғаму шодӣ доштанд. Дар мансабҳои давлатӣ низ буданд. Аз ҷумла, Арони Кандин вазири молия ва мушовири иқтисодии амири Бухоро буд.

В) Яҳудиҳо дар ин садсолаҳои зиндагии муштарак то ҷое расиданд, ки баъзе рукнҳои фарҳанги худро во гузошта, фарҳанги моро қабул карданд. Бо тамомии саъй бар фарҳанги мо афзуданд. Аввали солҳои ғасби комунистии рус, ки яке аз вазоифаш нест кардани миллати мо буд, маҳз ба порсӣ сухан кардану узви фарҳанги мо будани яҳудиҳо сабаб шуд, ки миллатшиносони мо шунида шаванд. Мо зери нақораҳои сиёсӣ гӯши шунидан надорем. Аммо Парвус-спонсори инқилоб, дар Бухоро шогирди яҳудие дошт бо номи Гаспаринский. Устоди бузург Ғасфаронӣ ёдатон омад? Зиёиёни яҳудии Бухоро дар паҳлӯи миллати дар муҳосира афтодаи мо истоданд. Ёварӣ карданд. Аммо номҳояшон паси пардаи сиёсатҳо монд.

Г) Дар замони шӯравӣ низ қисми яҳудиёне, ки худро бе мо тасаввур карда наметавонистанд, хонаҳои ободи худро дар Самарқанду Бухорою... партофта, ба Тоҷикистон омаданд. Онҳо мардуми шаҳрҳои қадимии мо буданд. Омаданд ва бо мо барои нигаҳдорию рушди фарҳанги мо хидматҳои бебаҳо карданд. Бенсион Кимёгаров, Барно Исҳоқова ва садҳо сарсупурдагони фарҳанги моро мешиносем, ки дарак аз фарҳанги муштараки мо медиҳанд. Хизматҳое, ки яҳудиёни Бухоро замони шӯравӣ ба илму фарҳанги тоҷик намудаанд, арзиши бебаҳо доранд.

Е) Имрӯз, ки мо аз баҳри назофати фарҳангии худ гузашта, атласу адрасу кимхобу махмалу ҳариру дебою.... ба дигарон таслим карда, танҳо домони чакан медорем, қурутобро ягона ғизои миллӣ эълом медорем, маҳз яҳудиёнанд, ки дар ақсои дунё назофати фарҳангии моро ҳифз карда, тарғиб мекунанд. Онҳо аз фарҳанги воло, забони шево, санъати баланди мо ҳарф мезананд. Имрӯз дар тамоми дунё мактабҳои фарҳангии муштараки моро зинда медоранд.
Бар ҳамин асос, набояд ба хотири ақидаҳои ифротии бегона аз таърих ва воқеияти зебои ҳамзистии худ сарфи назар кунем.

Сафват БУРҲОНОВ

Аз идора: Ин матлаб назари шахсии муаллиф аст.
Мӯҳр
Муаллифи мухтарам сафсатагуира бисер дуст медоштаед! Яхудиен душмани ошкорои мусалмононанд, навобаста аз он ки Шумо арабед е ачам!!!

Muslim
zardust,
эй зардушт ту худат медони ки чи гуфта истодаи инсон бо Ислом иззат меёбад ту хам боре фикр накардаи ки чи тавр инсони устувор хасти туро Аллох инсони комил офаридай динашро ба ту барин инсони заиф нишон додааст чаро бознамегарди ....

......Сафват братан чи хел гайрат карда як точики бомаърифат ин кадар пуштибони яхудихо шудаи кори ачиб аст....
.........хокзани хам як хадду канор дорад, бо умед нашав яхудихо туро вазир намемонанд...
.......магар ту кур асти намебини ки мусибати тамоми дуне аз дасти ин яхудихост - хох дар олами мусулмони ва хох дар олами гайри исломи.....
.....
......як бор китобхои КОМИТЕТ 300 ва СИОСКИЕ ПРОТОКИ-ро бихон..

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)