Бахшҳо

Умаралӣ Қувватов: “Эмомалӣ Раҳмон ҳам мисли мо як инсон аст, ки боло бардоштаем" (ВИДЕО)

Ҳумайрои БАХТИЁР

Мусоҳибаи хабарнигори мо бо Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони сиёсии “Гурӯҳи 24”, тариқи интернет сурат гирифта, дар оғоз аз ӯ пурсида шуд, баъд аз раҳоӣ аз зиндони Дубай дар куҷо буду ҳоло чӣ вазъ дорад.


Қувватов: “Аз Дубай ба Қазоқистон рафтем. Он замон фаҳмидем, ки барои боздошти мо як гурӯҳи бузург аз Тоҷикистон омадааст. Бархе аз дӯстони қазоқ, ки дар мақомоти пулис ва ҳукумати он кишвар кор мекунанд, ба мо дасти ёрӣ дароз карданд, то ба даст наафтем. Баъд аз он ҷо ба Қирғизистон рафтем ва панҷ моҳ онҷо иқомат доштем. Худро тавассути Созмони Милал ба қайд гирифтем, ҳеч мушкиле пеш наомад. Баъзе роҳбарони қирғиз меомаданд, сӯҳбат мекардем. Ҳадаф ва дурнамои кори худро мефаҳмондам. Мегуфтам, ҳадафи мо огоҳ кардани мардуми Тоҷикистон аст, ки ояндаи кишвари мо бисёр дар хатар аст. Дар Ӯш, ба марзи кишвар бисёр наздик будем. Аз вазъи кишвар пайваста хабардор будам. Медонистам, ки чӣ вазъ доранд мардуми мо, марзро чӣ гуна бастаанд. Дар он ҷо ҳеч гурӯҳи мухолифи Тоҷикистон набуд, ин суханҳо ҳамааш дурӯғи маҳз аст. Ин танҳо як ҷанги иттилоотӣ аст.”

Озодагон: Дар ин муддат аслан Шумо ҳарфе нагуфтед. Ҳатто аз худ дарак надодед. Бисёриҳо ба ин фикр буданд, ки шояд роҳи Шумо то ин ҷо буд ва бо мақомоти кишвар тавофуқ кардаед...

Қувватов: “Масъала ин хел буд, ки баъд аз берун шудан аз Қазоқистон ва Қирғизистон аксари дӯстон бо мо тамос гирифта ва гуфтанд, ки баромад накунем. Яъне, хоҳиш аз тарафи мо набуд. Агар мо баромад мекардем, баъзе аз “фиристода”-ҳои ҳукумат метавонистанд ба амният ва ё пулис муроҷиат карда хоҳиш кунанд, то ҷойи моро барояшон бигӯянд. Дар он ҳолат метавонистанд, маро нобуд созанд. Барои ҳамин, дӯстон хоҳиш мекарданд, ҳамин ки аз сарзамини мо берун шудед, метавонед баромад кунед. Ҳамон замон мо бо роҳи пинҳонӣ як бор баромад кардем. Кӯшиш кардем, бо роҳе ҳарфамонро расонем. Вале муборизаи худро ҳеч гоҳ қатъ накардем, ҳеч ба ин набудем, ки мо майдонро тарк карда аз он хориҷ мешавем. Барои мардуми Тоҷикистон пайдо кардани ҷойи кор ва нон 5-6 сол лозим аст, ки ҳудуди 50 дарсади муҳоҷирони мо баргарданд ва дар кишвар машғул бошанд. Вале ҳамаи мушкил дар худи ҳукумати Тоҷикистон аст.”

Озодагон: Баъзе хабарҳое буд, ки гӯиё ҳамсару фарзандони Шумо таҳти фишор буданд, таҳдид мешуниданд. Дуруст аст?

Қувватов: “Воқеан, дуруст аст, ки ба ҷони хонаводаи ман фишорҳо зиёд шуд. Вақте мо дар Қазоқистон будем, дӯстон омада гуфтанд, ки давоми 24 соат бояд мо ин кишварро тарк кунем. Онҳо гуфтанд, “фиристодаҳо” ҷойи иқомати Шуморо медонанд ва ҳар вақт метавонанд ҳозир шаванд. Ҳамсару фарзандонам маҷбур шуданд, то аз онҷо ба Туркия парвоз кунанд.”

Озодагон: Ҳоло, ки Шумо дубора бо расонаҳои хабарӣ тамос гирифтед, шояд омода бошед барои мардум аз нақшаҳои худ бигӯед. Мегуфтед, ки Шумо ва гурӯҳатон бо чӣ нақшаҳо омадед?

Қувватов: “Нахуст аз ҳама муҳим барои мардуми мо ин расонидани ҳақиқат аст. Мо бояд ба мардум бирасонем, ки аз ин ба баъд болои сари онҳо мушкилоти бештаре меояд. Чӣ шуд, ки мо Ватани худро гум кардем. Барои чӣ муҳоҷирони мо дар кишвари Русия кушта мешаванд? Чӣ қадар мардуми мо дарбадар ва ғулом шуданд? Мо бояд ба мардум бирасонем, ки айб дар худи мост. Агар ҳуқуқи худро талаб накунем, пас, гурӯҳи ҳоким бо ин роҳ мардумро зери дасти худ мегиранд. Қабл аз ҳама мо ба мардум мерасонем, ки демократия чист. Ин низоми 22-сола моро ба ғулом табдил дод ва ҳоло касе гуфта наметавонад, ки оянда чӣ мешавад. Чӣ кор мекунанд барои оянда? Тоҷикистон чӣ хел рушд мекунад? Мо дидем, ки тиҷорат дар Тоҷикистон пеш намеравад, на ҳама тоҷир кор карда метавонад. Гап сари як оила аст. Шахсан 28 нақшаи тиҷоратӣ дар Тоҷикистон доштам. Баъзе аз корҳоро ҷорӣ кардам, хеле мушкил буд, аммо баъдан якбора ҳамааш хароб шуд. Ман гуфтаниам, мо бо роҳи демократӣ ҳамон низоми бойкотро ҷорӣ карданием.”

Озодагон: Фикр мекунед, нафароне ҳастанд, ки ин нақшаи Шуморо дастгирӣ мекунанд? Аз он фикр намекунед, ки ҳангоми ба майдон рафтан шояд танҳо бимонед?

Қувватов: “Гумон намекунам, ки мо танҳо ҳастем. Зеро ҳукумат бисёр хатоиҳо кардааст. Одамони ҷабрдида зиёданд. Мардум ҳам нафаре меҷӯяд, ки ҳақиқатро бигӯяд, то бифаҳманд, ки ояндаи Тоҷикистон чӣ мешавад. Ҳақиқат, адолат пайдо мешавад. Ҳозир ҳамагӣ дурӯғ мегӯянд. Он кадрҳое, ки таъин мешаванд, ҳамааш ба худи раҳбарият наздик аст. Аз ин хотир, нахуст кӯшиш мекунем, ҳақиқатро ба мардуми худ бирасонем. Ин соли 1992 нест, ки бидуни ҳеч нақшае даъво кунанд. Ҳоло мардум маълумот доранд, медонанд, ки дар дигар кишвар инсон чӣ гуна зиндагӣ дорад. Дар Тоҷикистон мо давоми 22 сол ба ғайр аз гап дигар ҳеч пешравие надоштем. Як парчам дорем, як Қасри миллат ва роҳҳои бо қарз сохташуда. Он се нақби сохташуда низ пулакиянд. Ҳамааш бар фоидаи худашон аст. Мо ин гапҳоро гуфта будем, вале ҳозир мо ба мардум расониданием, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳам ба мисли ману Шумо як инсон аст. Мо, мардум, ӯро бардоштаем. Чаро давоми 22 сол як бор надидем, ки касе дар телевизиони Тоҷикистон рӯ ба рӯ аз раисиҷумҳур пурсида бошад, ки чӣ корҳо кардӣ. Мо бо ин кори худ аз раисиҷумҳур як шахсияте сохтем, ки худ дигар метарсем. Як муддат гуфтем, ки сояи Худо аст. Он рӯҳониёни аз шариат бехабари мо гуфтанд, ки подшоҳ сояи Худо аст. О, ин давлати мо демократӣ аст.”

Озодагон: Аз вазъи сиёсии кишвар ва фишор ба афроди мухолиф огоҳӣ доред. Дар чунин шароит фикр мекунед, ки муваффақ мешавед?

Қувватов: “Нахуст ҳаминро гуфтаниам, ки ин иштибоҳ ва камилмии худи ҳукумат аст, ки ба ин шева, яъне бо туҳмату таҳқир бо мухолифини худ мубориза мебарад. Ин таблиғоти ҳукуматро медонем. Мо шоҳиди он будем, ки чӣ гуна бар зидди Раҳматилло Зойиров, роҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мубориза бурданд. Мо мебинем, ки чӣ гуна бар зидди Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ ва ҳизби ӯ мубориза мебаранд. Ҳамаи ин хабарҳоро мушоҳида мекунем. Ман медонам, ки ҳоло аксар мардуми Тоҷикистон аз ояндаи худ ноумеданд. Масъалаи фишор ба мухолифину мардумро гуфтан ҳам лозим нест. Ҳамааш ошкор аст. Мо дидем, ҳатто бо он ашхосе, ки аъзои ҳизбе набуданд, чӣ гуна мубориза бурданд. Дар Тоҷикистон вақте ҳақиқатро касе мегӯяд, ҳамагуна туҳмат мекунанд. Ин ҷанги иттилоотӣ ҳаст ва мо талош мекунем дар ин маврид хомӯш набошем.”

Озодагон: Ҳоло гуфта метавонед, ки “Гурӯҳи 24” чанд узв ва чӣ қадар тарафдору пуштибон дорад?

Қувватов: “Вақте мо аз Маскав баромад доштем, гуфтем, ки давоми 24 соат ба мардум хабар мерасонем, вале нагуфта будем, ки 24 нафар ҳастем. Агар бо ҳамон баромадҳои мо талоши маҳбас кардани мо дар Дубай пеш намеомад, бовар дорам, ҳокимияти феълӣ интихоботро баргузор карда наметавонист. Ҳамон замон 130 нафар бештар будем. Дар он гуруҳи мо ҳама буд, ҳуқуқшиносон ва дигар қишри ҷомеа. Вақте дар Дубай боздошт шудам, ин гуруҳ як андоза хомӯш буд, чун намедонист, корро кӣ пеш мебарад. Баъд аз раҳоӣ кушиш кардем, ҳарфи худро бигӯем. Он нафарони тарафдор боз омаданду бо мо пайвастанд. Ҳар кадоме аз тарафдори мо боз тарафдорони худро дорад.”

Озодагон: Гуфта метавонед, ки тақрибан чанд нафар ҳастанд онҳо?

Қувватов: “Фикр мекунам, тақрибан се ҳазор нафаранд.”

Озодагон: Он тарафдорони Шумо дар дохили Тоҷикистонанд ва ё берун аз он?

Қувватов: “Вақте бо онҳо суҳбат доштам, медонистам, ки қисме аз онҳо дар Русияанд. Дар асл, намепурсидем, онҳо аз куҷо бо мо тамос мегиранд. Хабар дорем, ки тақрибан 200 тарафдори мо дар Тоҷикистон ҳаст. Ин аслан ҷанг нест. Ин танҳо мубориза бо як таблиғоти яктарафаи ҳокимият аст. Мо хунрезӣ намехоҳем. Мо инро бояд ба мардум бирасонем. Мо мехоҳем, мардум ҳаққи худро талаб кунад ва ҳукумат ба истеъфо биравад. Ин як ҳарфи одӣ аст.”

Озодагон: Барномаи мушаххасе барои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ тарҳрезӣ кардаед? Фарз кардем, инҷо омадед, дар фурсати аввал ба тағйири чи чизҳо талош хоҳед кард?

Қувватов: “Гап сари он меравад, ки мо барномаҳо дорем, вале ошкор карда наметавонем. Зеро ҳар он чизе, ки мо ошкор кардем, ин бар фоидаи мақомоти Тоҷикистон хоҳад буд. Як каме вақт лозим, то ҳамаи нақшаи худро ошкор кунем.”


Мӯҳр
САЛОМ ба ту эй фарзанди миллат дар воқеъ ту ғамхори миллат ҳасти Худованд мисли шумо одамони диндусту миллатдусту ғамхори камбағалонро зиёд кунад
Бародар мо интизори суханони шумо ҳастем
Мардуми хоболуди моро аз хоби ғафлат бедор кун

Ватандӯст
Ҳамаи гапҳоят аз китоби дӯстдоштатаринам дар хурдсолӣ "Афсонаҳои халқи тоҷик", Умаралии ҷун! Аз гуфтагиҳоят маълум, ки на саводи сиёсӣ, на саводи иқтисодӣ дорӣ ва аз фарҳанг ҳам хеле дурӣ. То ба дараҷаи Эмомалӣ Раҳмон расидан барои худат камаш 200 соли дига даркор.

Захр бодо шири модар бар касе,
К-у забони модари гум кардааст.
(Лоик Шерали)
Инами ду мисра шеъри устод барои ту борин забонгумкардахо бас аст. Ту ба забони модарии худ дуруст харф зада наметавони, лахчаи Афгонира омехта кардаи ва боз мегуи, ки миллати Точик? Ту худ барои миллати худ чи кор кардаи? Ту мисли хамун Додочон Атовуллоев як бесаводи Точир хасти, ту барои мансаб (Кресло) ин хама талошора дори

Хамава понятно ки давлат камбудияш хаст, давлат камбагал халк камбагал, мухочирон бисер шуда истодаанд, бало батар, ин чиз дар тамоми дуне хаст, лекин дар дигар давлатхо оппозиция, ин хел танкиди хушку холи не балки КОНКРЕТНАЯ ПРОГРАММА ПО РЕФОРМАМ ИЛИ ПОВЫШЕНИЮ УРОВНИ ЖИЗНИ НАСЕЛЕНИЯ доранд, ин хел вагар вагари бекорая кучанги кавутифурушам метонад.

.
Иброхим,

Чи пат-пат дори? Мон мардак корашро кунад.

умарали? дар вакте лаганбардори хеши призидент буди онхоро насихат накарди.имруз доду нола мекуни.хамин шайтониву хилларо ту ба онхо нишон доди.имруз чи мехохи.БОЗ БА ХОТИРЕ КИ ТУ АЗ ТИЧОРАТАТ МОНДИ ГУФТА МО ЧАНГ КУНЕМ.ХОБОТА БА ОБАТ ГУЙ.МО СОЛИ 1992 ЯК БОР ЧАНГ КАРДЕМ БАС. БАЪДИ СОЛХОИ 92-ЮМ ТУ БАРИН МОШЕНИКХО ДАР НАЗДИ ХЕШУ ТАБОРИ ПРИЗИДЕНТ БО РОХИ ФИРЕБ МОЛУ МУЛК ЧАМЪ КАРДИ.ИМРУЗ КИ АЗ ДАСТ РАФТ ДАР НОЛА ДАРОМАДИ.ИН КОРХОР БАС КУН.ХУБ МЕШУД КИ РАФТА ЯГОЧО КОР КУН.АГАР ТУ ТОЧИР БОШИ.

Ман Донишчу дар РК
Ман Чавон астам. Чизе ки шумо гуфта истодаед ин хамаш дуруг аст. Вакте, ки Бизнемен будет дар таи дастатон мошинои баъд воимаи Мерседес пул дар киса ишкаро писанд намекардед? А хозир бепул мондааед намедонед чихел кунед.

Хаким
барои чи факат дуруг мегуед, як бор тамоми далетона ба воситаи расонахо ба мардум расонед. Ин гапхои худат аз сафсатае беш нест. хубаш барои манфиати шахсият шуда сари мардума гаранг накунед!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)