Бахшҳо

Суоли писарони Зайд аз масъулин: “Агар ба ҷои мо мебудед, чӣ кор мекардед?”

Ҳумайрои БАХТИЁР

Фарзандони Зайд Саидов, соҳибкор, вазири пешини саноат ва раҳбари зиндонии Ҳизби Тоҷикистони нав, мегӯянд, дар тӯли як соле, ки падарашон боздошт ва маҳкум ба зиндон шудааст, зиндагиашон низ тағйир карда. Аммо чӣ тағйироте? Ба ин ва дигар суолҳо хабарнигори “Озодагон” аз Муҳаммадиқбол, Хусрав ва Хуршед – писарони Зайд Саидов ҷавоб гирифт.


Муҳаммадиқбол: “Дар ин муддат баъзе аз дӯстони падарамро шинохтем, ки танҳо барои молу сарвати ӯ дӯстӣ доштаанд. Ҳамааш барои обрӯ будааст. Чунин ашхос робитаи худро зуд бо мо канданд.”

Озодагон: Муносибати мақомот ҳам тағйир ёфт?

Хуршед: “Бале. Мисоли одӣ аз мурофиаи додгоҳии фурӯшгоҳи “Модная точка”. Дар он ҷо намояндагони Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар Тоҷикистон ҳам буданд. Мушоҳида мекардем, ҳеч эҳтироме надоранд. Онҳо медонистанд, ки тамоми кор ҳал шудааст. Ҳатто нописандӣ ба додгоҳ мекарданд. Як бор дар мурофиа ширкат кардам, дидам. Дигар нарафтам, табиатам набардошт.”

“БА МУҲОҶИРАТ МЕРАВЕМ...”

Озодагон: Соле қабл Шумо аз ҷумлаи ҷавонони муваффақ будед. Кор, таҳсил ҳамааш хуб буду мушкиле ҳам шояд бароятон эҷод намешуд...

Муҳаммадиқбол: “Ҳар як зарбаи зиндагии хонаводаро падар ба худ мегирифт. Ҳоло зиндагии мо комилан тағйир ёфтааст. Вақте миёни мардум мешинем, эҳсос мешавад, ки онҳо дидгоҳи худро иваз кардаанд.”

Озодагон: Акнун Шумо чӣ кор карданӣ ҳастед?

Хуршед: “Натиҷаи мурофиаи додгоҳиро интизорам. Ҳамааш гузарад, меравам, муҳоҷир мешавам.”

Муҳаммадиқбол: “Эҳтимол дар мавриди пайдо кардани ҷойи кор мушкил пеш ояд. Мо муносибати мардумро ба худ дидем. Аз ин хотир, ман ҳам ба кишвари дигар меравам. Ҳоло умедамон ба хулосаи Додгоҳи таҷдиди назар аст, инсон ҳамеша ба умед аст.”

Озодагон: Мушкили иқтисодӣ пеш омад?

Муҳаммадиқбол: “Бале. Хароҷоти қаблии худро ба 50 дарсад кам кардаем. Дигар бо мошини шахсӣ намегардам, чун мошинҳоямон аз рӯзи аввал дар ҳабси коррупсия мебошанд.”

ЭЪТИМОДИ ПИСАРОНИ ЗАЙД БА ҚОНУН

Озодагон: Бо боздошти падаратон фарзияҳое паҳн шуданд, ки шояд моликият ва тиҷорати хонаводаи Шуморо мусодира бикунанд. Оё ҳамон замон талоши дар фурӯш гузоштани моликиятро надоштед?

Муҳаммадиқбол: “Падар моро ҳамеша дар рӯҳияи қонун ва адолатпарварӣ тарбия мекард. Бароямон мегуфт, агар кори бад кардед, ҳатман дар назди қонун ҷавоб мегӯед ва дар чунин ҳолат такя ба ман накунед.”

Хуршед: “Мо бовар ба қонун доштем. Умед доштем, ки ин ҳама бӯҳтон расман рад мешавад. Бубинед, ҳамин фурӯшгоҳи “Модная точка” соли 2012 ҳам бо даъвои Оҷонсии зидди фасоди молӣ як мурофиаи додгоҳӣ дошт. Вале, он замон, додгоҳ ҳалномаро бар фоидаи мо баровард.”

Озодагон: “Ду сол қабл “Модная точка” чӣ мушкил дошт?

Хуршед: “Соли 2012 Оҷонсии зидди фасоди молӣ фаъолияти ин фурӯшгоҳро ғайриқонунӣ гуфта ба додгоҳ шикоят бурд. Вале додгоҳ комилан ба тарафи мо ҳал кард. Чун он вақт мо мушкили сиёсӣ надоштем. Аммо ин дафъа додгоҳ ҳамон қарори худро комилан бекор кард. Маълум аст, ки ҳамаи ин супоришӣ аст.”

ВАЪДАВУ ХИЛОФ БАРОИ ДИДОРИ ЗАЙД БО ФАРЗАНДОН

Озодагон: Як сол мешавад, ки падаратонро надидед. Кӯшишҳо барои мулоқот кардан буд?

Хусрав: “Вақте Оҷонсии зидди фасоди молӣ падарамро боздошт карда буд, ҳамон вақт танҳо бародарам Хайруллоҳро иҷозаи дидор доданд. Баъд аз интиқоли падарам ба СИЗО охирҳои моҳи майи соли 2013 иҷоза доданд, ки ҳамроҳи бародарам Хайруллоҳ хоҳарамон Омина ва бародари хурдӣ Ёсин бо падарам дидор кунанд. Муҳаммадиқбол ҳам дар як мурофиа барои шоҳидӣ падарамро шояд 10 дақиқа дида бошад. Дигар касе надид. Ҳамон рӯзҳое, ки падарамро аз боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амният ба бинои Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ мебурданд, мо ҳамаи бародарон мерафтем, ки шояд аз дурӣ падарамонро бубинем. Аз 100 метр дур медидем, ки падар аз бино баромада ба мошин менишаст. Албатта, рӯяшро намедидем, танҳо сояи падарро медидем. Бо ҳамин, ҳамон рӯз худро орому хурсанд мегирифтем. Ё худ дар рӯ ба рӯи дарвозаи Оҷонсӣ менишастем ва падар дохили мошин бароямон табассум мекард, мо дастафшонӣ мекардем. Ин хеле сахт буд, вале мо худро бо ҳамин ором мекардем. Барои ман он тааҷҷубовар аст, ки то ҷое медонам, ҳар як касе, ки дар зиндони муваққатӣ ҳаст, ҳуқуқ дорад дар як моҳ як бор наздикони худро бубинад. Нисбат ба падари ман ин меъёр нақз гардид. Ин бисёр беинсофӣ буд. Мо инро комилан ғайриинсонӣ медонем. Чунки як сол шуд, ба касе иҷоза намедиҳанд, то падарамонро бубинем. Ҳамеша имрӯзу фардо гуфта ваъда медиҳанд. Раисикунандаи мурофиа мегуфт, ки номҳоро нависед, ин навбат иҷоза медиҳем. Мо номҳоро менавиштем – Хайруллоҳ, Хуршед, ман, Муҳаммадиқбол, Ёсин ва Оминаву Сайёра. Вале он мулоқотро ба рӯзи дигар мегузошт. Ҳамин хел як сол барои мо танҳо ваъда доданд.”

Озодагон: Ба фикратон чаро иҷоза надоданд, то бо падар дидор кунед?

Хусрав: “Ин ҳамчун фишори маънавӣ барои падарам аст. Ба мо ваъда медиҳанд, мо худро ором мекунем, вале ваъдаи дидор бо фарзанд додан ба падару хилофи он амал кардан, ин сахт аст. Ҳатто ҳамон замони дар бинои Оҷонсии зидди фасоди молӣ нигоҳдорӣ шудани падарам бародари дигарамон -Фаридун, ки дар Амрико таҳсил дорад ба Тоҷикистон омада буд. Мо, вакилон ва ҳатто падарам хеле хоҳиш кардем, то иҷоза бидиҳанд Фаридун падарамро бубинад. Чун як сол надида буд. Вале иҷоза надоданд. Бо ҳамин, ӯ баргашт ба Амрико ва ҳоло бештар аз ду сол мешавад, ки падарамонро надидааст. Ин хеле беинсофӣ буд. Агар ҳар фармоне ҳам буд, он инчунин набуд. Агар фармони овардани салла буд, бо эҷоди ин сахтиҳо онҳо калла бурданд.”

Муҳаммадиқбол: “Мо падарро хеле ёд мекунем. Барои модарон ҳам сахт аст, вале дастгирӣ мекунанд. Мо бародарон сахтиро намедидем. Зиндагиро бо сахтӣ надида будем. Мардум бо хонаводаи мо бо ханда ва эҳтиром сӯҳбат мекард. Ин ҳама на ба хотири мо, балки ба хотири падар буд. Вақте мо савори мошин мегузаштем, ҳатто нозирони роҳ истода бароямон ташаккур мегуфтанд. Худи падарам ҳам чанд бор мегуфт, офарин бар шумо, ки аз шумо таъриф мешунавам. Падарам ҳамеша таъкид мекард, ки такаббур ва худнамоӣ накунем. Падари мо пулдор буд ё не, ин аз ӯ буд. Нисбат ба мо хеле сахтгир буд, ки камхарҷ бошем. Хайрдиҳии падари моро тамоми кишвар медонад.”

Хусрав: “Мушкил аст, вақте ба хона медароӣ мебинӣ, ки модарат чӣ хел азоб мекашад. Мо бародарони хурдиро дида диламон реш мешаванд. Мо ба бегуноҳии падарамон бовар дорем ва умед дорем, ки ин нофаҳмӣ дар марҳилаи кассатсионӣ ҳал шуда, падарамон бо сари баланд ба назди мо меояд. Ҳама медонад, ки падари ман мариз аст, дарди меъда ва маълули дараҷаи дувум буда, зиндон барои ӯ мушкил аст. Мо такя ба Худо дорем.”

"АЗ ХУДУ ПАДАР ВА МОЛАМОН ДИФОЪ ХОҲЕМ КАРД"

Озодагон: Дар сад рӯзи боздошти падар Шумо флешмобе ташкил карда будед. Аммо Шуморо ҳам боздошт карданд...

Муҳаммадиқбол: “Аслан мо хеле дар аҷаб ҳастем. Мантиқро дарк карда наметавонем, ки агар ҷойи мо дигар кас мебуд, чӣ кор мекард? Вақте медонӣ падарат бегуноҳ аст, чӣ кор мекунӣ? Ҳуқуқро поймол карда зиндон карданд. Ба болои ҳамаи ин боз моро ҷазо доданӣ шуданд, ки агар хомӯш набошед ҳолатон аз ин бад мешавад. Ман аз ҳамон масъулин як суол дорам, агар Шумо ба ҷои мо мебудед, чӣ кор мекардед? Мо муҳаббати падарро бо ҳамин роҳҳо баровардему ором мешудем, лекин дигарон чӣ кор мекарданд?”

Озодагон: Мегӯед, ки баъд аз боздошт рафтору муносибати баъзе аз наздикон ва дӯстон дигар шуд. Вале то ҷойе мушоҳида мешавад, ҳар хабари марбут ба падари Шумо пахш шавад, аксарият дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба тарафдории Зайд Саидов ва ё муқобили ӯ сухан мекунанд. Ин ба Шумо таъсире дорад?

Муҳаммадиқбол: “Шояд 90 дарсади он фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ, ки аз падари мо дифоъ мекунанд, нашиносем. Вақте мушкил болои сари падар омад, онҳо пайдо шуданд. Дастгирии онҳо барои мо нерӯи маънавӣ аст. Гуруҳҳое буданд, ки талош доштанд, то моро аз нигоҳи маънавӣ хароб кунанд, Худоро шукр, ки аз чунин гуруҳ дурӣ ҷустем. Мо бо хоҳиши падар ва ҳамон эҳтиром нисбати қонун ба ҳамаи ин сабр мекунем. Сабр мекунем, ки ин суитафоҳум аз байн мераваду падари мо озод мешавад.”

Озодагон: Баъзе аз соҳибназарон мегӯянд, шояд бо ин фишор болои хонаводаи Шумо анҷом наёбад...

Хуршед: “Аз ҳама муҳим падарамон буд, ки зиндонӣ карданд. Мо аз падар ва моли худ дифоъ хоҳем кард. Ҳамаи он чизе, ки мо дорем бо тамоми масъулият мегӯем, ки он қонунӣ ҳаст ва як зарра пули ҳаром нест. Моли мӯъмин хуни мӯъмин гуфтаанд. Мо мисли дигарон бо суистифода аз мансаб, дуздӣ ва ё нашъа ин моликиятро ба даст наовардаем, ки бигӯем аз ҳаво буду ба ҳаво рафт. Баъдан ҳар чизе қонун гуфтааст, мо бо истифода аз он муборизаро идома хоҳем дод.”

Озодагон: Аз як сӯ мегӯед, умедворӣ ва эътимод ба қонун доред, аммо аз сӯи дигар мегӯед, меъёрҳои қонун дар мавриди боздошти падаратон нақз шудааст. Бо ин ҳама чӣ гуна ба адолат бовар мекунед?

Муҳаммадиқбол: “Илоҷ надорем. Бисёр хонаводаҳое ҳастанд, ки ҳастии худро дар сармоя мебинанд. Худоро шукр мо чунин нестем. Падарам моро ҳамин хел тарбия додааст, ки арзиши зиндагӣ дар маблағ нест. Мо сбар мекунем. Умед аз Худо дорем, ки падарамон бо сари баланд озод мешавад.”
Мӯҳр
э косалесак кори хта кн ба шиштани одамо чи кор дори падари тра баран бегунох махкам кнан ана бад мебинм шиштанта!! кори т чи и бародаро кор мекнан ё нмекнан кори хта кн!Кулоби,

Парвиз
Хуршед? таккабури намекарди? дар пеши журналистон худро мусичаи бегунох мегири? оё ин мардист? ман дар бораи падари шумо афсус мехурам,аммо ин сухбати хиндии шуморо кабул надорам. дар пуфи дахани ту истода намешуд. мард шудан даркор.медони ки падаратро рахо намекунанд.аз худ Виджай насозу аз паи зиндагиат шав. ин рузи ки ба сари шумо омад,худо ба хеч кас нишон надихад.аммо ма чанд борхо шунидам,ки мардакхо касами туро хурда буданд.ана акнун ту худро ба чои хамом камбагалон мону фикр кун. озодагон ман медонам,ки шумо ин шахри манро чоп намекунед.аммо навиштам ба хар хол.

Али
Аз худои таъоло барои Шумо фарзандони ин марди бузург сабру тахаммул мехохем. Иншооллох бародар Зайд Шерович бо амр ва хости худои бузург озод мешаваду Шумо бародарон ва фарзандон хурсанд мегардед.

Валичон не ин Фабрикаи чавоб аст. Иктибосхо аз асархои Марксу Ленин ва Хозирахо. Яъне аз Шукруло.

Аличон
Ахсант шербачахои Зайд Шерович, чи симои зебо ва ориёи доред, номбардори падар бошед, бештар мутолиа кунед ва хеч гох дил бой надихед, ки хосидон хушхол мешаванд. ба хорича равед ва зиндагии шоиста ва озодро пайгир бошед, сабрро пеша кунед. Дар амони АЛЛОХ.

Pistai be magz agar lab vo kunad rasvo shavad , khato kadi barodar az bachahoi Zaida khoksorsha kovi mumkin nayovi , tuhmat naku peshi Khudoda javob meguy!

Ба Парвиз
Парвиз,
Парвизчон ман на Зайда ва на бачахои Зайда мешиносам локин хамин кадр мегум ки бародар сураи алакро хон барои аз ту барин хасудон панох бурдан нозил шудаги аст.
барои Зайд ва хонаводааш сабри чамил мехохам. худо хамаи моро хидоят кунад

Чалол,
in kommentariya ba rasmi onhost yo ki, digar chiz? oidi rasm in az somonai onho girifta shudaast, na in dar vakti rasmgirii xabarnigoron. Baroi farzandoni Zaid Saidov Xudoi mehrubon sabrro pesha kunad,
navmed naboyad shudan az gardishi aiyom,
har shom ki oyad zi pasi on sahare hast.
on kore ki padar ba muvaffakiyat narasid, shumo darsi ibrat girifta, oyanda joi padarro gired!

Сабр намоед Худо бузург ва назараш хамеша дар пастист. Ман ва хамфикрони ман бар он астем ки Зайд Саидов аз махбас рахо мешавад. Магар подоши хубихо паси панчара аст. Оё собик вазирро чунин чазо медиханд миллати моро чи шуд ки бахшандатарин миллат буд.
Хар ки по кач менихад хуни дил мо мехурем,
Шишаи номуси миллат дар багал дорем мо.
Худованд бо шумост Зайд Саидов.

Лето фат
Бачачоно иншоаллох падари шумо аз зиндон озод мешавад лекин бадии одамон мемонад ва шуморо худованд аз Сари нав медихад зик наша вед факат душманони шуморо сураи ояталкурси мекушад илоч кунед аз ед кунед бачахои хушруи холаКулоби,
Кулоби,
Кулоби,
Кулоби,
Кулоби,

Шумо бародарони Азиз рухафтода нашавед иншоаллох хак ба хакдор мера сад ва падаратон аз зиндон озод шуда меояд ва душманонатон шарманда мешаванд Иншоаллох... Омин. Омин. Омин. Илтимос чоп кунед

Худованд бар ин бародархо сабр тиад. Ин ша Аллох хамааш нагз мешавад. Дар санчиши Худовандед бародархо. Сабр кунед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)