Бахшҳо

Қозии собиқи мусулмонҳо: “Ба донишгоҳе, ки бо сатр намемонад, наравед”

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, собиқ қозии мусалмонони Тоҷикистон, худдории донишҷӯдухтарон аз таҳсил дар макотиби олие, ки пӯшидани рӯсарию ҳиҷобро барои донишомӯзони худ манъ мекунанд, авло донистааст.

Оқои Тӯраҷонзода дар посух ба суоли яке аз корбарони сайти Turajon.org гуфтааст, “агар мусъулини донишгоҳ духтарони мусалмононро иҷоза нидиҳанд, бо риоя кардани либоси исломӣ таҳсил кунанд, пас, барои зани мусалмон ҷоиз нест дар чунин донишгоҳ илм омӯзад.”

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода таъкид кардааст, риояи либоси мазҳабӣ барои зани мусулмон фарз мебошаду набояд ба хотири таҳсил дар чунин як донишгоҳе аз он сарпечӣ кард: “Иҷро кардани фарзи Илоҳӣ ва ҳифз кардани номуси исломӣ болотар аз таҳсил кардан дар чунин донишгоҳҳо аст.” Ӯ дар охир илова кардааст, маҳрум намудани зани мусулмон аз либосҳои исломӣ, аз ҷумла рӯсарию ҳиҷоб поймолкунии ҳаққи онҳо мебошад.

Ин посухи собиқ қозии мусулмонони Тоҷикистон дар ҳолест, ки дар макотиби миёна ва олии кишвар пушидани рӯсарӣ ва ҳиҷоб қатъиян манъ мебошад ва дар Тоҷикистон танҳо як донишкада ва литсеи исломӣ фаъолият доранд, ки ба донишомӯзони худ чунин маҳдудият ҷорӣ накардаанд. Мақомоти расмӣ борҳо дар ин бора сӯҳбат карда гуфтаанд, бояд донишомӯзон ва толибилмон низомномаи Вазорати маориф ва илм ва худи донишгоҳҳову мактабҳоро, ки пӯшидани сарулибоси ягонаро талқин мекунанд, риоя намоянд. Ба бовари онҳо, чунин тасмим нақзи ҳуқуқи мусулмонҳо набуда, балки ҷорӣ намудани сарулибоси ягона дар донишгоҳҳову мактабҳост.
Мӯҳр
rtr,
шахрванд,
Вой бар холи шумо шумо барои худ хаиинро фарханг медонед ки занхоятон бо либосхои нимбарахна гарданд духтару хохаратон бо ронхои сап-сафеб чавонхоро ба шахват биёранд чандин чавонхо хавасашонро хуранд барои шумо хаминаст фарханг рост гуфт Расули Акрам (с а в) ки чаннат бар марди дайюс харом аст

иброхим
хамаш хуб ощуро кардани эшон мо мусулмонора дар газаб овард эшонзодахо дигар ошуро карданатонро набинем
саломат бошед точикон

карим
пушидани руймолро барои духтарон дар донишкадаву донишгоххо хеч кас манъ накардааст. Он либосе, ки Шумо исломи мехисобед либоси миллии халкхои дигар аст охир , ба фикрам тарзи духти либос мухим нест мухим он аст, ки тан пушида, яъне сар, дастон то чои муайян, пой тобучулак ва гайра бошад. Гайр аз ин боз масъалахои дигари мухимтар аз либос хам хастанд, ки бояд дар мавриди онхо бахс кард, ба дигар миллату халкхо нигаред, тараккиёту пешравии онхоро дар илму техника бинед, дигар монда шудем аз ин гуна бахсхо.

чура
е дигар кор надоред шумо хами либоси гумрохии арабхоро бар сари точикон бор кардани ку я бор бинед арабхо атласи мо точиконро бипушанд чунин нест ухо ба он хотире ки сарзаминашон сахт гарм аст чунин либосро мепушанд хато мардакош хам сатрпушанд бад чи мардакхо хам шахвати хамдигарро мехезонанд даф шавед бо ин гапхои бемантикатон

Саломуалейкум бародарони Исломи ва бандагони ХУДОВАНД. Харяки мо рузе бомарг вомехурем ва моро дарнасиб бошад кафан мекунанд ва бозгашт баназди ХУДОВАНД мебаранд.Ва бояд мо аз конуни,ки АЛЛОХ амр кардааст набароем.Ва ин либосе,ки сатр аст шумоён либоси Араб ва Эрони мегуед ин хато аст.Ин либос барои МУСАЛМОНОН аз чониби АЛЛОХ бовоситаи ПАЁМБАРОН фиристода шудааст,ки МОДАРОНАМОН ХАМСАРОНИ ПАЁМБАРОН МЕПУШИДАНД.Арабхо ва Эрониён ин хел либос надоштан ва ин либос либоси сатр барои тамоми Мусалмонони Оламиён аст.Ва АЛЛОХ И БУЗУРГ БА ПУШИДАНИ БАНДАГОНАШ НИЁЗ НАДОРАД.ВАЛЕ БАРОИ ЗАНИ МУСАЛМОН ФАРЗ ГАРДОНДААСТ.КАСЕ КУНАД ХУДОВАНД ПОДОШАШРО МЕДИХАД.КАСЕ НАКУНАД ХУДАШ ЧАВОБАШРО ДАР НАЗДИ АЛЛОХ МЕДИХАД.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)