Бахшҳо

Латту кӯби Меъроҷ барои он ки формаи мактабӣ нахаридааст

Саидхон Азизхонов, як сокини ноҳияи Ашти вилояти Суғд, ки дар ҳоли ҳозир дар муҳоҷирати корӣ қарор дорад, бо ирсоли номае ба унвонии “Озодагон” кумак хостааст. Ӯ дар номаи худ менависад, рӯзи 26 майи соли ҷорӣ Аҳрор Мирзоҷонов, омӯзгори тарбияи ҷисмонии мактаби рақами 42-и ноҳия, писараш – Меъроҷро барои он ки либоси ягона (форма)-и мактабӣ надоштааст, задааст.

Ба қавли Азизхонов, дар натиҷа майнаи сари Меъроҷ осеб дида, ҳоло ӯ дар бемористони марказии Ашт, воқеъ дар шаҳраки Шайдон, бистарӣ мебошад. Ин сокини Ашт, ки номаи худро дар муҳоҷират навиштаву баъдан телефонӣ бо мо сӯҳбат кард, гуфт, нав вориди Русия шуда, ҳанӯз пул кор накардааст ва аз ин рӯ натавониста буд барои харидории либоси ягонаи мактабӣ ба писараш пул фиристад.

“Дар нимаи дувуми моҳи май маъмурияти мактаб аз талабагон талаб кардааст, ки либоси ягонаро аз мактаб харанд. Вақте писарам ин хабарро ба ман расонд, гуфтам, ки ҳозир маблағ надорам ва таҳсил ба охир расида истодааст, формаи мактабиро моҳи сентябр мехарам. Дере нагузашта ин ҳодиса рух дод”,-афзуд ӯ.

Азизхонов мегӯяд, агарчӣ латту кӯби писараш аз сӯи Мирзоҷоновро муаллимаи ибтидоӣ -- Ҳадиса Ҳаитова ва дигарон низ дидаанд, аммо чорае наандешидаанд. “Баъд аз ин ҳодиса рақами телефони директори мактаб Насибҷон Қодировро ёфта, 27 май ба ӯ занг задам ва дар бораи ин ҳодиса пурсидам. Гуфтам, ки дар Тоҷикистон ҷои кор надорам ва ба Русия ба наздикӣ омадам. Ҳоло кор наёфтаам ва аз куҷо пул ёфта, формаи мактабиро мехарам? Ӯ ба ман гуфт: “Мошинаатро фурӯхта, формаи мактабиро гир”,-нақл кард Саидхон Азизхонов.

Падари Меъроҷ мегӯяд, баъд аз он ки гуфт, аз рӯи ин ҳодиса ба додситонӣ шикоят мебарад, сарвари мактаб дарҳол роҳи мусолиҳаро пеш гирифтааст: “Гуфт, ки ин хел накун. Ҳамаамон аз як маҳаллаем. Ту на пули мактабро деҳу на формаи мактаби гир. Мо чораи ин муаллимро худамон мебинем. Вале то ҳол ягон чорае надида, аз ҳоли писарам низ напурсидааст.”

Баръакс, ба гуфтаи Саидхон Азизхонов, баъд аз бистарӣ шудани Меъроҷ дар бемористони марказӣ директори мактаби рақами 42 ба хонаи падари ӯ омада гуфтааст, “агар аризаатонро аз додситонӣ нагиред, 8-10 муаллим бар зидди Шумо мактуб тайёр мекунем”. Дар ҳоле ки ба гуфтаи Азизхонов, онҳо то ҳол ба ягон ниҳод барои расидагӣ ба қазияи писараш муроҷиат накарда, додситониву пулис дар ин бора аз табибон иттилоъ гирифтаанд. “Азбаски рӯзҳои наздик бо сабабҳои иқтисодӣ ба Тоҷикистон рафта наметавонам, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ба ман роҳнамоӣ кунед ва барои ба ҷавобгарӣ кашидани ин афрод, ки боиси бистарӣ шудани писарам гардидаанд, кумак кунед”,-дар охири номааш хоҳиш кардааст Саидхон Азизхонов, сокини ноҳияи Ашт.
Мӯҳр
111
Что скажет министр на этот счет школу превратили в большой базар побори по всем статьям несмотря на то что они финансируется за счет налогоплательщиков еще ежемесячно приходится платить, преподаватели грубо нарушают права ребенка,у них одно в голове как сдирать денег с школьника,кто будет отвечать?При СССР который был мощным государством ребята ходили даже в шароварах никто не упрекал их зато они били грамотными.

Искандар
Чаро дар Хучанд медузанд? Дар худамон хам хаст ку ателе! Ё дар хаминчо хам сиёсати хучандихо? Безор шудем ку аз ин маркази вилоят!

беном
То чи андоза одамон аз худ рафтаанд, ки даст ба кудак мебардоранд.Оё ин номард фарзанд надорад ё ин ки девона аст!?Чазои чунин нобакорон бояд дода шавад! Кучо шуданд конунгузорон, наход дар мактабхо кор то ба ин дарача омадаасту хама хомуш. Охир фарзандро ба мактаб медихем, то ки тарбияаш кунанд, на ин ки латтукуб.Барои точикон дар ягон чои чахон ороми набудааст..

Омузгор бояд чазояшро бинад

мухочир
Конунгузорони точик худро нишон дех, аз паи ин кор шав, ё ин ки конунгузории шумо факат барои пулгундори? Конун барои хама баробар аст.100% муаллимон айбдор. У чи хак дорад, ки мачбури пул талаб кунад, бе ин хам холи мухочирон соз нест, охир пулаш набошад аз кучо меёбад? Конунгузорон! Халки парокандаи точикба ёри дода наметавони, аккалан дар дохили точикистон ороми баркарор кун, то ки мухочирон бо хотири чамъ нонашонро ёбанд.

Уже двадцать с лишним лет учителя таджикских школ выполняют работу продавцов газет, журналов, билетов для музеев, театра, цирка и т.д. и т.п., незаконно собирая денежные средства с учеников. Теперь еще и форму школьную начали продавать. Замечательно!
Вот только они (школы) обязаны перерегистрироваться как коммерческая организация, и не должны функционировать как образовательное учреждение.

man
Хамааш фахмо!муаллим бо пулу мол прокурора мехарад,кора ба фоидаи худаш хал мекунад.Боз айб айби ки-айби кудаку бобо.дар точикистон конун нест, ба гайр аз шикоят кардан ба Аллох дигар чора нест.хамачо бардак

Намедонам дар кучои кадом конун гуфта шудааст, ки муаллим хукуки ба хонанда даст бардоштанро дорад. Хол он ки он муаллими бетаълим бачаро зада бистари кардааст. Акли аксаран, ки дар чашмашон гуё бошад, то он замоне, ки ягон нафарро барои чунин амалхо чазо надиханд, дигархо сабак намегиранд.

Орзуев Салимчон
Мухтарам Саидхон Азизхонов ман ба шумо мегуям ба фикри ман бошад шумо метавонед ба кумитаи вазорати нохияи Ашт шикояти худро кунед шояд онхо рохе пайдо кунанд

Юсуф,
Юсуф,
Юсуф,
Юсуф,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)