Бахшҳо

Пешниҳоди таъини ҷазо барои мардоне, ки назди танфурӯшон мераванд

Дар тӯли чаҳор рӯзи гузашта дар ин бора даҳҳо шарҳи хонандагон дастраси мо шуд, ки аксари онҳо аз чунин иқдоми мақомот пуштибонӣ кардаанд. Ҳатто баъзе аз корбарон нишонаҳоеро навишта ва гуфтаанд, дар он ҷо маҳалли занҳое воқеъ аст, ки ба танфурӯшӣ машғуланд ё бозори кӯчаки фоҳишаҳоро ташкил кардаанд.


Сотим, яке аз корбарони “Озодагон”, гуфтааст, ин тасмим хеле дер гирифта шуд. Ба бовари ӯ, “агар хато накунам, 50 дарсади занон даст ба ин кори фасод задаанд. Ин сабаб дорад, ки он ҳам бекорист. Вазири мӯҳтарам, ба ҷои он ки кормандони мақомоти қудратӣ аз паси фоҳишаҳо гарданд, беҳтар аст, онҳоро бо кор таъмин намоед.” Вале дар посух хонандаи дигаре навиштааст, “беҳтараш дер бошад, то ҳеч вақт!”

Руслан, яке аз пуштибонҳои ин иқдом, навиштааст, “аҳсан вазир. Агар як фоҳишаро ҳам аз роҳи бад гардонед, ин хуб аст.” “Мулкӣ” аз он норизост, ки то аз боло амре нашавад, ҳеч кас кор намекунад. “Агар ин корро пеш аз содир шудани фармони вазир мекарданд, ҳоло ҷомеаи мо ин қадар фасод намешуд. Аз байни вазирҳо айни замон Рамазон Раҳимзода пешсаф ва беҳтарин аст! Идома диҳед, мо тарафдори ин иқдомем”,-гуфтааст ӯ.

“Сарипули Сирот” дар пайи хабарҳои пайдарҳами боздошти даллаҳо ва танфурӯшон ва ё онҳое, ки манзили худро барои робитаи ҷинсии занону мардони бегона гузоштаанд, навиштааст, “ба милисаи мо ИДЕЯ додан даркор, бас. Салла биёр гӯед, калла меоранд. Дигар ҳар рӯз ба хотири нигоҳ доштани мансаб ва содиқ буданашон ва супориши вазир зану шавҳарро ҳам ба “разбор” меандозанд. Гӯиё ки пеш аз ин, онҳо аз корҳои номатлуб дар ҷомеаи мо бехабар будаанд.”

Самад гуфтааст, “агар нафаре як бор хонаашро барои касе диҳад, омада ӯро боздошт мекунанд, лекин садҳо фасодхона дар пойтахт кор мекунад, чаро аз онҳо ягонтоаш фош намешавад?” Юсуф ҳам навиштааст, “...боз аҷибаш он аст, ки ин бизнес дар Душанбе (шояд дар дигар шаҳрҳо низ!) солҳост дар авҷ асту ҳеч як нозири минтақавии милиса то ҳол аз он "хабар надоштааст"?! Шояд он нозирон худашон "дар ҳамин чарогоҳҳо чарида аз ҳамин чашмаҳо об менӯшиданд?" Вале, ҳар чӣ ҳам ки бошад, ВКД-и кишвар нав ба таъқиби ин гуна фоҳишахонаҳо шурӯъ кардааст. Иқдоми хуб. Пирӯз бошед!”

Корбаре бо номи Гулғунча аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки мақомот танҳо фоҳишаҳоро боздошту муҷозот мекунанд, вале бо мардоне, ки аз “хадамот”-и онҳо истифода мебаранд, коре надоранд. Ӯ навиштааст, “аз баъзе ҷавонон нафратам меояд. Фикр мекунанд, ба мисли об поку ба мисли шир сафед ҳастанд. Охир, эй шармандаҳо, ба ҳамин фоҳишаҳо кӣ дастдарозӣ мекунад? Ҳамин мардҳо! Мардҳо боз шарм намедоранд. Баъзеҳо ба ҳамин корҳо машғуланд, лекин худро мусичаи бегуноҳ мегиранд. Бояд мардоне, ки бо танфурӯшон алоқа мекунанд, онҳоро ҳам ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашид.” Дар ҳоле ки ба бовари ин хонанда, “агар мардон ба духтарон нарасанд, онҳо аз куҷо фоҳиша мешаванд? Қабл аз ҳама бояд пеши роҳи ҳамин хел мардонро гирифт. Онҳо дар ҷаъмияти мо фоҳишагариро эҷод кардаанд.”

Хонандаи азиз, агар Шумо дар ин бора назари дигар доред, ё роҳҳои беҳтари мубориза бо танфурӯширо медонед, дар пайи ин матлаб бинависед.
Мӯҳр
ЭЭЭЭЭЭЭЭЭЭ сад ҳайф ин чӣ қонун аст! Беҳтар аст ин қонунро барои ҳарду тараф дар назар гиред чаро мард ҷазо шавад дар сурате ки зан танфурӯшӣ мекунад! Бояд дастгоҳҳои марбута коре кунанд ки занон даст ба ин кор назанан ҷои кор барои шавҳарҳои онҳо таҳя намоянд аз миллат пуштибонӣ шавад то вазъи зиндагияшон беҳтар шавад! То кай як идда хӯранду дигарон тамошо кунанд!!!!!

Tojik
Yagona roh in tarbiya meboshad. To vahte ki mardumro az masjid dur mekunand, az satr mahrum mekunand, ba donishgohho bo "mini yubka" duhtaronro ijozat dihandu bo satrdorho ne, in guna fohisha boz ham avj hohad yoft. Nigaron shudan lozim nest.

Ҳаким
салом
дар ниҳоят мехостам назари худро нависам ки дидам поёни матн хоҳарам Ғунча назари худро ки ҳамон назари ман ҳам буд навиштааст.

Агар хато накунам Афлотун инро дар ҷавоби марде ки ба занҳои фоҳиша бадгуйи кард, гуфт.
Ки зано ба танҳои фоҳиша намешаванд ин мардҳои фосид ҳастанд ки онҳоро фосид мекунанд. Як тараф ба танҳои гунаҳкор нест. Ҳарду тараф муқассиранд

skritaya kamera kuned ham mardu ham zanhoro ba internet partoed in rohi osonakash.

Darvesh
Vazir bisyor kori khato kardaistodaast chuki qismati zanoni beshu va dukhtarhoi beva az in hisob zindagi dorand. Khudo guftavu namoz khonda dar khona nishini hej ki ba tu non nameorad. Na Mullo Mirzo na Turajonho.. az pai zindagi bshaven!!!!

ислом.70mail.ru
Салому дуруди Худо ба Вазири ба ъору бо номус ки бар зидди ин чинояти аз хама вазнин муборизаро шуруъ намуд. Ва боз як хохиши дигаре дорам ки имруз боиси пешгирии фалокат дар чомеъа мебошад яъне мубориза барз мукобили пайравони кавми Лут ки чандин маротиба хамчун пайгом менависам аммо Озоди чоп намекунад барои чи..............................?Ба Вазири мухтарам барори кор Худо нигахбонат бошад

salmon
ба хамагон маълум аст ки хар коре ки бо зури анчом меёбад натичаи хуб намедихад.локин барои натича додан бояд бо ин тоифа хохарон муносибати хохарона бурд ва аз пай тарбия бо рохи фахмондадихи ва ба ояндаи бехтаре онхоро бовар кунонидан ба воситаи рухониён ва равоншиносон .

Гулгунча
ЭЭЭЭЭЭЭЭЭ ПАЙДО ШУДИ КУ МЕХОХИ БАРОИ ЗИНО КАРДАН ЗАН ЧАЗО ГИРАДУ МАРД НЕ АГАР НАХОХИ ЧАРО ТАРАФИ МАРДОНИ ЗИНОКОРРО МЕГИРИ ХОХ МАРД ХОХ ЗАН ВАКТЕ ЗИНО МЕКУНАД ХАРДУ ЗИНОКОР ХАСТАНД ХАРДУ ДАР НАЗДИ ПАРВАРДИГОР ЧАВОБ МЕГУЯНД ФИКР НАКУН ДАР НАЗДИ ПАРВАРДИГОР БЕ ГУНОХАНД АГАР ДАВЛАТ НАБИНАД ХУДОВАНД МЕБИНАД АЗ ХУДОВАНД БИТАРСЕД НА ИН КИ АЗ БАНДАГОН ХЕЧ КАС НАГАФТУААСТ КИ МАРДОН ГУНАХКОР ХИСОБ ШАВАНД МОДОМЕ КИ ХАМ МАРУ ЗАН ЗИНО МЕКУНАНД ХАРДУ БА ЧАВОБГАРИ КАШИДА ШАВАНД ПЕШИ РОХИ ИНХЕЛ МАРДОНРО ХАМ ГИРИФ ИНХЕЛ МАРДОНИ ФОХИША ЧАМЪИЯТРО ИФЛОС КАДАВУ БОЗ БА МИСЛИ МУСИЧАИ БЕГУНОХ ХУДРО ХИМОЯТ КАДА ЗАНОНРО ГУНАХКОР МЕКУНАНД САРЗАНИШ МЕКУНАНД МАГАР МО АЗ ЗАН МОДАР БА ДУНЁ НАОМАДАЕМ МАГАР МО АПАВУ ХОХАР НАДОРЕМ БАРОИ ЧИ БОЯД ИМРУЗ ТАФАКУРИ ПАСТИ БАЪЗЕ НАФАРОН ОБУРИ ЗАНОНИ ТОЧИКРО ПАСТ МЕКУНАД НАХАМА ЗАНОН ФОХИШАВУ НА ХАМА МАРДОН ФОХИША ХАСТАНД ЛЕКИН ХАСТАНД МАРДОНЕ КИ ЧУНИН АМАЛХОРО МЕКУНАНД БОЯД ПЕШИ РОХИ ИНХЕЛ НОЧАВОНМАРДОН ГИРИФТА ШАВАД

Ҳаким,
Худи ки духтарони сатрпуш ягон кори бад накунанд. Баръакс сатр пушхо корхоеро анчом медиханд ки миниюбкапушоя дар гушаи хаелаш нест. Гап инчо дар либоспуши нест айб айби духтар аст агар духтар хохад кори бадро кардан либоси оханин пушонида махкамаш кун рохи халаша меебад барои хамин инчо айб дар либос нест. Мо точико одат кардаги факат аз руи либос бахо додана.

Вазии мухтарам ин бехтарин корест ки шумо пеш гирифтаед. МАн хамчун як донишчу духтари точик аз шахри Москва бар шумо минатдории худро баен мекунам чунки шумо дарди миллатро пешгири намуда истодаед. Ин яке аз дарди имрузаи чомеаи мост ва хар як касе ки хисси ватандусти дар калб дорад ба ин хел дардхо чашм пушида наметавонад. Боз як хохиши диграм доштам ба хамон духтархое ки ба шахри Москва меоянд ба онхоям низ аз тарафи давлат назорат бурда шаванд. Чунки бисеранд духтароне ки шаъну шарафи точиконро хелохам паст кардаанд. Хелохам ба корхои бад даст мезананд. Агар ин масъалахам рохи халли худро меёфт хело хуб мешуд.

МУХОЧИР
ПЕШ АЗ ХАММА МО БОЯД ЯК ЧИЗРО ДАРК КУНЕМ, КИ ИН БАДБАХТИ ИМРУЗ Ё ПАГОХ ДАРИ ХОНАИ ХАР ЯКИ МОРО МЕЗАНАД, ЧИ ВАЗИР БОШИЮ ЧИ МУХОЧИР. ФИКРИ МАН ХОЛОХАМ ДЕР НЕСТ КИ БАХРИ ПЕШГИРИИ ИН БЕНОМУСИВУ ФАСОДИ МУБОРИЗА БАРЕМУ РЕШАКАНАШ КУНЕМ.

Кормандони Кудрати аксаран Аз ин фохишахонахо бохабаранд Гиран махкам кунаншона

Мухтарам масъулин ! ман навишта будам лекин раво надидед барои пешниходи мардум кардан ! Як бори дигар менависам ! Дар чомеае, ки фиску фасод хаст баракат мепарад ! Худатон медонед ки сарчашмаи инхама бадбахтихо аз бекори аз мухточи,аз ниёз ба пушидану шиками худу фарзандонро сер кардан аст бо чи рохе ки набошад !Дар Урумчии Хитои буддои агар марди уйгур зани уйгуриро бо бегонае бинад вой ба холи хардуяш ! дар мо баръакс шароит мухаё мекунем. (ман на хама мардони бо нанги точикро дар назар дорам). Бояд гурури миллии мо болотар аз хама чиз бошад ! Занхо ва духтарони кишварамонро бояд шароити кор мухаё кунем , Каме хам бошад шароити зиндагиашон хуб мешавад,ва рохи бад мумкин дигар нараванд ! Холо хам дер нашудааст

Аноним
Ҳазор сол пеш ҳам буд ин танфурушии занакон ва ҳазор зўр зада барзиддаш мубориза барад ҳам нест намешаваду баъди ҳазор сол ҳам мешавад ин фоҳишаги.

карим
Ман ба гуфтаи хохар Гулгунча розиам Мо мардхои точик 100 дар 100 гунахгарем,ки имруз зани тачик ба хол расидааст.сабаби асоси аз бечурати,беномуси ,бенанги мо мардон.ки шароити зисти онхоро бех карда наметавонем,ва хукумати мо ки заррае фикри мардуми худро надоранд

Бовар кунед агар ин пешниход ичро шавад. Точикистон нур ало нур мешавад ва баракат зиёд мешавад аллох аз ва зир рози бошад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)