Бахшҳо

Номаи Сулҳиддин: “Додамро ба кӣ гӯям? Милиса? Додрас? Додситон?”

Расонаҳо нуқтаи охири муроҷиати шаҳрвандон ё додхоҳии онҳо шудааст. Ҳар рӯз тақрибан як номаи пурсӯзу гудози сокинонро дар бораи дарёфти замин, мушкили манзил, баҳси додгоҳиву парвандаҳои “сохта” дастрас мекунем. Баъзеи ин номаҳо аз рӯи мазмуни худ бояд ба додситонӣ ё мақомоти дигари интизомӣ навишта шаванд, аммо мардум онро ба расонаҳо меоранд. Ба расонаҳо меоранд, чун дар мақомот ё ба додашон нарасидаанд ва ё ҳалли мушкилашонро ба таъхир гузоштаанд ё ҷавоби манфӣ додаанд. Ҳоло номае аз Сулҳиддин Мирмаҳмедов, сокини шаҳри Хуҷанд расидааст, ки аз дасти як ҳамсояи худ ба дод омадааст ва шикоят дорад, ки дар пайи азиятҳои ӯ писару духтари хурдсолаш бемор шудаанд.


НОМА:

“Ман, Сулҳидин Мирмаҳмедов, истиқоматкунандаи маҳаллаи 18-уми шаҳри Хуҷанд. Ҳамсояам – Наим Ашӯров тақрибан ҳар рӯз дар ҳолати мастӣ дари хуҷраи маро сахт мекӯбад. Духтарчаи дунимсолаам аз тарс ба бемории зардпарвин гирифтор шуд. Ҳамсарам низ аз тарс гирифтори беморӣ гардидааст. Рӯзи 16 апрели соли ҷорӣ Ашӯров дари ҳуҷраамро бо оҳан зада, корношоям гардонд. Маҷбур шудам, ба қимати 1 ҳазору 200 сомонӣ дари нисбатан мустаҳкамтареро насб кунам. Аммо он ҳам аз дасти ҳамсоя эмин намонд. Ӯ ин дарро ҳам зада чашмак (глазок)-и онро шикаст ва қуфлашро корношоям гардонд. Аз ин кори ӯ ба шуъбаҳои назорати тартиботи ҷамъиятӣ (воқеъ дар маҳаллаи 18, хонаи 4 ва маҳаллаи 19, шафати “Ҷумъа-бозор”) ҳам хаттиву ҳам даҳонӣ муроҷиат намудам. Билохира, санаи 4 июн дар Додгоҳи шаҳри Хуҷанд дар утоқи кории додрас Раҳмонов (утоқи №11) бо иштироки ӯ парвандаи Наим Ашӯров дида баромада шуд. Додгоҳ Ашӯровро 280 сомонӣ ҷарима кард (Да здравствует наш суд, самый гуманный суд в мире!)

Пас аз анҷоми баррасии парванда ва эълони ҳукм аз додрас Раҳмонов суол кардам, ки дар сурати такрор шудани амалҳои Ашӯров чӣ кор бояд кунам. Судя ҷавоб дод, ки ба кормандони шуъбаи назорати тартиботи ҷамъиятӣ (участковый) занг занам, онҳо ӯро ба ҳабс хоҳанд гирифт. Пас аз суд муносибати Ашӯров бо ман аз пештара ҳам бадтар гардид. Санаи 7 июн, соати 17-55, дари хонаи маро кӯфт. Вақте ки дарро боз кардам, маро бо суханҳои қабеҳ дашном дод. Мувофиқи маслиҳати судя Раҳмонов ба нозири минтақавӣ тавассути телефони (3422) 2-93-13 занг зада муроҷиат кардам. Шахси дар телефон ҷавобдода худро муааррифӣ накард. Гуфт, ки ҳама нозирон дар консертанд (!). (Он рӯз дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд консерти Далер Кутузов баргузор мегардид)

Ба 02 занг задам. Худро Солиев муаррифӣ кард. Вазъиятро фаҳмондам. Гуфт, то ба рақами (3422) 2-93-13 занг занам. (!) Гуфтам, алакай ба рақами гуфтааш занг задам, вале касе ба додам нарасид. Гуфт, ба минтақаи мо яъне микроноҳияи 18 онҳо масъуланд. Санаи 8 июн бо ҳамин ҳолат такрор ёфт. Ашӯров Наим баромада бо ман дастбагиребон шуд. Духтарам тарсида чунон фарёд кард, ки ҳамсояам Муҳаммадҷон, ки дар кӯча будааст (ман дар ошёнаи панҷум зиндагӣ мекунам) шунида давида ба ошёнаи панҷум баромад. Бо мадади ӯ Ашӯровро ба хонааш фаровардем. Аввал ба рақами (3422) 2-93-13 занг задам. Касе ба имдодам наомад. Сипас ба 02 занг задам. Ҷавоб ҳамон буд, ки рӯзи қабл дода буд (яъне гуфт, ки ба (3422) 2-93-13 занг занам.

Хулоса, касе намехоҳад вазифаи худро иҷро намояд. Духтарчаамро ба масҷид бурда хонондам, то тарс бартараф гарад. Акнун ӯ аз ҳар овози баланд тарсида фарёд мезанад ва худро ба оғӯши модараш ва ё ман мепартояд. Ҳамсарам рӯзона дар хона бо кӯдаки семоҳаам мемонад. Ӯ ҳам ҳамеша хавотир аст, ки мабодо боз Наим Ашӯров набарояд. Рӯзи 11 июн писарчаи семоҳаамро ба назди духтур барои муоина бурдем. Духтур гуфт, писарчаам аз тарс ба бемории асаб гирифтор шудааст, яъне ё худи кӯдак сахт тарсидааст ва ё ҳамсарам пас аз тарсидани худаш дар ҳолати шок ба ӯ шир додааст.

Намедонам, чӣ кор кунам. Худое накарда ба фарзандонам ягон ҳодиса рух диҳад, дигар барои ман зиндагӣ бемаъно мегардад. Он вақт дигар маро на қонун боздошта метавонад ва на чизи дигар.

Хонандагони азиз. Хоҳишмандам кумакам кунед. Додамро аз ин пас ба кӣ гӯям? Милиса? Додрас? Додситон? Кӣ? Кӣ метавонад, воқеан, кумак кунад ва маро аз ҷабри ҳамсоям бираҳонад. Ӯ маст шавад, гуноҳи мост, ки дари моро мекӯбаду азият медиҳад? Магар дигар миёни тоҷикон ҳаққи ҳамсояву ҳамсоядорӣ аз байн рафтааст?”
Мӯҳр
Дуст
Оиди бемасъулиятии нозирон ин бори аввал нест, ки мешунавем. Боз як маротиба ба прокуратура мурочиат намо агар натичае набахшад аз руи маколи "то нагири чуби тар, ибрат нагирад гову хар" амал мекунем. Барои шахсоне ки мепурсанд,ки барои чи сабаби чунин рафтор кардани хамсояи алкашатро нанавишти чунин мегуям. Девона гурез ки маст омад. Шояд ин бадмасти харом бо сохиби пештараи ин хона ягон хел муносибати бад дошт ва хар боре ки маст мешавад хамон муносибат ба хотираш омада дари Сулхиддинро мекубад ё мешиканад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)