Бахшҳо

АКСУ ВИДЕО: 9 сол зиндони Усмоналӣ барои латту кӯби Шаҳбол

Алишер ЗАРИФӢ

Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе Усмоналӣ Ғайратов, фелдшери қисми низомии 2620-и нерӯҳои марзбониро, дар латту кӯби Шаҳбол Мирзоев гунаҳкор донист ва нуҳ сол аз озодӣ маҳрум кард.

Шарафҷон Нарзуллоев, додраси парванда, рӯзи 19 июн, ҳангоми қироати ҳукм, гуфт, Ғайратов бар асоси моддаи 373-и Кодекси ҷиноӣ муҷрим шинохта шуда, муваззаф аст, ба маблағи 8 ҳазор сомонӣ низ ҷарима супорад. Бар замми ин, додрас иброз дошт, беш аз 5 ҳазор сомоние, ки аз ҳисоби Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ барои табобати Шаҳбол сарф шудааст, аз ҷониби Усмоналӣ Ғайратов ба раёсат пардохт хоҳад гардид.



АКСУ ВИДЕО: 9 сол зиндони Усмоналӣ барои латту кӯби ШаҳболАбубакр Қулматов, вакили мудофеи Усмоналӣ Ғайратов, гуфт, аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва аз болои он шикояти кассатсионӣ хоҳанд бурд. Номбурда дар суҳбат ба “Озодагон” афзуд, қарори додгоҳ нисбати зерҳимояаш комилан ноодилона буда, додгоҳ ваҷҳҳои пешниҳоднамудаи онҳоро ба эътибор нагирифтааст: “Ҳатто далелҳои пешниҳодшудаи мақомотро низ ба инобат нагирифт. Дар масъалаи ҷуброн низ мо розӣ нестем ва сари ин масъала шикоят мебарем”.

Бар асоси ҳукми додгоҳ Гулрухсор Ширинова -- навбатдори нуқтаи тиббии қисми низомии 2620 як сол аз хидмати ҳарбӣ маҳрум шуда, даҳ дарсади маошаш ба фоидаи давлат рӯёнда хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки рӯзи 16 июн намояндаи додситонӣ ё айбдоркунандаи давлатӣ аз додраси Додгоҳи низомии гарнизони Душанбе хоста буд, то Усмоналӣ Ғайратовро ба 10 соли зиндон маҳкум карда ва 12 ҳазор сомонӣ (300 нишондиҳанда) ҷарима бандад. Дилшод Исломов дар ин баромадаш, Гулрухсор Шириноваро ба бемасъулиятӣ гунаҳкор дониста ва аз додрас хост, фаъолияти Шириноваро дар ду соли оянда маҳдуд ва 15 дарсади маошашро ба ҳисоби давлат биситонад. Ба қавли додситон, шоме, ки Шаҳбол Мирзоев дар нуқтаи тиббӣ латту кӯб шуд, Гулрухсор Ширинова бояд навбатдорӣ мекард, аммо дар он ҷо набудааст.

Худи Усмоналӣ Ғайратов рӯзи 18 июн ҳангоми ироаи сухани охиринаш дар Додгоҳи низомии гарнизони Душанбе гуфт, аз кори кардааш пушаймон мебошад. Ғайратов бо маъзаратхоҳӣ аз Шаҳболу волидонаш афзуд, дуо мекунад, то ӯ ҳар чӣ зудтар сиҳат шавад. Ӯ дар посух ба суоли Шарафҷон Нарзуллоев, раисикунандаи мурофиа, ки ба ин кирдораш чӣ ҷазоро муносиб медонад, илова намуд, “ҳар ҷазоеро, ки қонуну додрас таъин мекунанд, қабул хоҳам кард”.

Шаҳбол Мирзоеви 23-сола, сокини деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ва фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд, ҳамагӣ 7 моҳ қабл довталабона ба хидмати низомӣ рафта буд. Ӯ шоми 8 марти соли ҷорӣ аз сӯи ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди “латту кӯб”-и шадид қарор гирифта, сутунмуҳрааш мешиканад. Масъулини Додситонии низомии гарнизони шаҳри Душанбе, ки ин қазияро тафтиш доранд, гуфта буданд: “Гардани Шаҳбол Мирзоев дар натиҷаи маҷбуран гуштӣ гирондани ӯ бо кӯҳнасарбоз - Усмоналӣ Ғайратов шикастааст. Алайҳи Ғайратов тибқи моддаи 373-юми Кодекси ҷиноӣ (вайрон кардани қоидаҳои ойинномавии муносибат байни хидматчиёни низомие, ки тобеъи ҳамдигар нестанд) парванда боз шудааст.”

Вале Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон бо пахши як иттилоия қасдан латту кӯб шудани сарбоз Шаҳбол Мирзоевро такзиб ва айбдор будани масъулини саррраёсатро дар ин қазия рад кард. Дар иттилоияи ин ниҳод омада буд, “пеш аз ҳодисаи осебгирии Мирзоев Шаҳбол дар вақти гӯштигирӣ Ғайратов ягон маротиба мавриди лату кӯб қарор надошт. Ҳолати бо теғ (лезва) буридани пойҳои Мирзоев Ш.Н. ҳам ба ҳақиқат наздикӣ надорад, танҳо баъди гирифтани осеб аз ҷониби табибон барои муайян кардани ҳискунии пойҳои ӯ бо сӯзан пай монда шудааст.”


АКСУ ВИДЕО: 9 сол зиндони Усмоналӣ барои латту кӯби Шаҳбол

АКСУ ВИДЕО: 9 сол зиндони Усмоналӣ барои латту кӯби Шаҳбол

АКСУ ВИДЕО: 9 сол зиндони Усмоналӣ барои латту кӯби Шаҳбол
Мӯҳр
шахрванд
адвокати беадолат аввал ба холи Шахбол нигар, сипас писари худатро ба чои он тасаввур намо, баъд аз он аз паи хукми гайрат гард, ба у бояд зиёда аз 20 сол медоданд, ё ки харгиз бар намегашт

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)