Бахшҳо
24 июн 2014 12:20Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Кабирӣ: "Агар... натавонистанд, ҲНИТ омодааст, масъулияти кишварро ба дӯш гирад"

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар хитоб ба аъзо ва тарафдорони ҳизбаш гуфт, вақти он расидааст, то ҳаққи ҳалоли худро аз дигарон талаб кунанд. Оқои Кабирӣ ин ҳарфҳоро рӯзи 24 июн, дар ҳамоише бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар қароргоҳи ҲНИТ ва дар ҳузури намояндагони сафоратҳо, созмонҳо ва аҳзоби сиёсӣ баён дошт.

Ӯ гуфт, ҳар чи қадаре ки аъзо ва ҷонибдорони ҲНИТ сатҳи талаботи худро поинтар мекунанд, ҳамон андоза болояшон фишор бештар мегардад. “Ошкор бояд бигӯем, чаро на, ин ҳизб метавонад масъулияти кишварро ба даст гирад. Агар натавонистанд дуруст рафтор карда, Наҳзати исломии Тоҷикистон омодааст масъулияти кишварро ба ӯҳда гирад”,-таъкид дошт ӯ. Дар идомаи суханронии худ оқои Кабирӣ аз Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ёдоварӣ кард, ки дар як паёми худ чунин гуфта будааст: "Агар ҳукмати Тоҷикистон тавонист давлатро идора карда, миллатро ҳамчун миллати сарбаланду озод идора бикунад, вазифаи ҲНИТ кумак кардан аст. Агар дидем, ҳукумат дар идораи давлат мушкил дорад, аз ӯҳдаи он намебарояд, камбудӣ дорад, қудраташ намерасад, пас Наҳзати исломӣ омодааст бо роҳи муколама ҳукуматро ислоҳ бикунад. Вале агар бубинем, ки ҳукумат на инро метавонанд на онро, на давлатро идора карда метавонанду на иқтисоду сиёсатро дарк карда, камбудҳоро ислоҳ намекунад, вазифаи як ҳизби дигар аст, ки биёяд ва бигӯяд, ки ҷойро холӣ кунед ва масъулиятро ба ҳизби дигар бидиҳед.”

Раиси ҲНИТ дар ин суҳбаташ, инчунин, аз бархӯрди номуносиби мақомот бо намояндагони аҳзоби мухолиф шикоят кард ва гуфт, дар ҳоле ки ҳизбу ҳаракатҳои дунё мансабу мақому вазорат мехоҳанд, ҳизбҳои оппозитсионии Тоҷикистон мехоҳанд, фақат мақомот иҷоза диҳанд, ки ҷаласаашонро баргузор кунанд. “Дар ҳоле ки бояд як ҳизби сиёсӣ даъвои аз ин бештар дошта бошад, даъвои президентиро дошта бошад”,-афзуд ӯ.

Муҳиддин Кабирӣ илова кард, “вақте Сарқонун ва қонун ҳимоя намекунад, аъзои ҲНИТ ва дигар аҳзобро ҷузъи ин миллату Ватан баъзеҳо ҳисоб намекунанд, боқӣ мемонад танҳо ҳамин созишномаи сулҳ, санади ҳамдигарфаҳмӣ ва ёде аз он рузҳо ки бо такя ба он бори дигар ба ин дӯстон хотиррасон кунем, ки ин мардум ҳам шаҳрвандони ин кишвар ҳастанд. Дар инҷо таваллуд шудаанд, ба воя расидаанд ва мехоҳанд, ки насли ояндаашон ҳам инҷо озода зиндагӣ бикунад. Аз ин бештар чизе намехоҳанд.”
Мӯҳр
РУСТАМИ ДОСТОН
ДАРДИ ДИЛИ БИСЁРИ АЗ ХАМВАТАНОНИ ТОЧИК БА ЗАБОНИ ШЕРИ НАРИ ТОЧИК ГУФТА ШУД ! МАРХАБО ЧАНОБИ КАБИРИ МАРХАБО ! ХАРЧАНД МЕБИНАМ КИ СУХАНОНИ ЗАХР ОЛУДИ БЕ АНДЕШАВУ БЕ АСАРИ АНДАКЕ АЗ ХАМВАТАНОНАМОН РУБАРУЯНД ВАЛЕ ШУМО АРЗИШИ СУХАНИ ВОЛО РО ГУФТЕД . МИННАТДОРАМ КИ ДАРДИ ДИЛИ БИСЁРИ АЗ МАРДУМИ ШАРИФИ ТОЧИКИСТОН РО БА ЗАБОН ОВАРДЕД . ДУОИ ГУЕМ КИ ДОИМ ДАР СОЯИ АМРИ ПАРВАРДИГОР БОШЕД . ИНШОАЛЛОХ ХЕЧ КУДРАТЕ ТАВОНИ МУКОВИМАТИ КУДРАТ ВА ХОСТИ ПАРВАРДИГОР РО НАДОРАД .

фикр мекунам.ки ин матлаб боз мутааллик ба калами хамон (Хумайрои бахтиёр) аст.ки хамеша атрофи шахсиятхо худро парвона месозад..Хок дар дахони ин гуна бефаросат...Абдуллох,

Бале, сухани рост гуфтед ҷаноби Каири. Дар ҳақиқат ҳукумати раҳмонуф натавонист дар ин муддати тулони кишварро обод кунад, натавонист байни халқ муҳаюбату ҳамдигар фаҳми эҷод кунад, натавонистанд ҷавононро ба савод ва ихтирокор созанд, натавонистанд мардумро аз свет ва газ таъмин кунанд, ратавонистанд давлатро аж қарз раҳо кунанд, натавонистанд меши роҳи фоҳишаги ва бадахлоқиро гиранд, натавонистанд муҳлҷирони кориро аз мусофири ба ватар баргардонанд ба таъмин кардани ҷойҳои кор ва натавонистанд мардумро аз хори ва муҳтлҷи наҷод диҳанд. Ошкор ааргуем ин ҳамаро нахоастанд. Бас аст дигар намехоҳем онҳоро, мехоҳем равшан фикрон, ғамхорон, бо илмон ва сиёсатмадорони ба номуси ҳақиқи сари ҳукумат ояд.

Мурод
БИСЕР ДАЬВОИ БАЛАНД........
МОШОАЛЛОХУ КОНА ВА МО ЛАМ ЯШАЬ ВА ЛАМ ЯКУН.....

Мебахшеду шумобаринхо як бор Президенти конунии Точикистон Рахмон Набиевро бо автомат ба истеъфо фиристода, масъулиятро ба ухда гирифта будеддд! Ёдатон хаст, ки баъд чи шуд... Кур як бор асо гум мекунад, он сахтихореро, ки бо кадами манхуси ёрони шумо дидаем, касе фаромуш накардааст. Намешавад, ки хамин шурандозихоро бас кунед, Ислом ба хомие мисли Хайит ва ба у монандхо ниёз надорад!!! Хомии Ислом имони комили фард фарди Точикистон аст.... Бехтараш як хизби сирф сиёси, ори аз мазхаб таъсис дихед, шояд се чор кас аъзоятон шавад....

Албатта Озодагон ин фикрро пахш намекунед, лоаакал ба спонсоратон барои маълумот пешниход кунед, то донанд, ки ба чуз чаласаводхои муллотарош, ки Исломи азизро догдор кардаанд, касе тарафдорашон нестай...

Парвардигорро, хамаи бадхохон ва душманони ин чавонмардро фалач гардон, Газаби Иллохиат онхоро гирифтор шавад, Омин

Саид ба ту гуфтаниам ,ки хукумати имрузаи ту чи коро анчом дод дар 21 сол???? мухочират . бе свети. фишор болои озод андешон. Точикистонро ба торикистон табдил доданд ин аст магар хамаи корхои анчомдодаи чанобони ту? дар 21 сол агар як кудак призидент мешуд мушкилии бебаркиро аз байн мебурд вале чанобони ту чи дар фикри киссаи худ аз пайи мошиндузди .Умар ба ту гуфтаниам ки туи ин хукумати имрузаи ту нахоста истодааст сулху вахдатро на ХНИТ сафи ту барин зиёд шавад ва куркурона нигох куни худо хохад боз 21 соли дигар дур аз ватанем . Инро фаромуш накун ки 60 фоизи бучаи ватанро мухочиро хурондаистодаанд на мансабдорони ту

aku 22 sol ika kalkhoz4i tonist rahbari kardavu hnit boshad hama bosavodu khondagian nakho ay hami khub kada natona hami ba hamiruz ovardan mora hama muhojir

як бори дигархам хоста будед дар Ҷумхури чи сар шуда буд зиёда аз 20000 зану фарзанд доштан кучо шуданд. ОФАРИН фаромуш кардед.

Asad
Bale ! Na tanho a'zoyoni hizb balki tamomi mardum boyad haqqi haloli xudro talab namoyand!

Бойбача
22 сол шуд аз дасти ин хукумат барои бехтар кардани хаёти шахрвандон хеч кор намеояд. 22 сол пеш хуб буд, ки барк доштем, дар Русия тахкирамон намекарданд, порахури дар вазоратхо набуд, конунхои зидди Исломро кабул намекарданд ва гайра... Бо ба сари кудрат омадани ин режим, Точикистон дар ботлок то гушхояш руст шуд. Кайхо вакташ расидааст, ки зимоми кудратро Хизби нахзат бар даст бигирад ва Кабири президент шавад. Бас дигар ин режим. Дар чахоряк аср коре карда натавонистанд дигар аз онхо буи умед нест! КАБИРИ БА ПЕЕЕЕЕЕЕЕЕЕЕЕЕЕЕЕШШШШШШ!!!

tjk
Bale muhtaram janobi Kabiri drust qaid kardaen shumo Xudovan shumoro dar panohash nigah dorad Nahzat ba pesh ..mo bo shumo hastem.Абдуллох,

Dev
Fikr namekunam,ki HNIT ba sari hokimiyat oyad, chun holo hele hom ast.Agar dar hayati HNIT chun hudi Kabiri 30-40 nafar boshand, bad hususi boloshini metavon fikr kard. Vale az tarafi digar kori hizbi hokim umuman ba 90 da sadi mardum pisand nest va dar hakikat hukumati mo hele kadamhoi noustuvoru beparvo dorad va hub ki kase jo hizbe ruirost , tundu tez hukumatdoronro ba bedori taklif dorad...

Масчаи аз Хочаи АЪЛО
Фабрикаи чавоб ба кор шуруъ кардааст.Ин бенангу беномусон,аниктараш шахсоне,ки барои чанд сомонак тайёранд ИМОНАШОНРО фурушанд,тайёранд шабу руз назди интернет нишаста РУИРОСТ шири сафедро сиях гуянд.Эй фабрикачиён о хамин чанобатон бо хукуматаш дар муддати 21 сол барои миллати точик чи НАВОВАРИЕ кардаст?Эй шармандахои асри 21.Шумо дар муддати 21 сол натавонистед оддитарин шароит,кувваи баркро дар асри 21 ,дар кишваре,ки шароити осонтарин ва арзонтарини истехсоли барки арзонро дорад таъмин намоед.Боз шумо шармандахои хукумати хукуки маънавии сухан куни доред?Эй шармандахо!Наълат овардед ба давлату давлатдори.Номи точикро ба замин баробар кардед.НАТИЧАИ 21 СОЛ ХУКМРОНИИ РАХМОН ИН АСТ:Пасттарин маош,пасттарин нафака,пасттарин дарачаи зиндаги,пасттпарин иктисодиёт,пасттарин ввп дар байни давлатхои СНГ.Кимматарин андоз,бочи давлати,фасодзадатарин давлат,пораву ришва дар тамоми риштаи чомеа,азобу шиканча ва одамкуши дар милисахона,говсуд ва гайраву хоказо.Дар муддати 21 сол ба чузъ омори ДУРУГИН дигар чизе паз хисоби давлат барои мардуми ЧТ сохта нашудааст..Конун барои онхо ва фарзандони онхо эътибор надорад(мисол фарзандони Хукумов)40 фоизи ахоли дар мухочират,ки дар ДУНЁ аз хисоби фоизи ахоли дар чои аввал.ЭЙ ШАРМАНДАХО шумо ба чузъ байраку,калонтарин китобхона ждигар ьбо чи фахр мекунекд? миллати точикро ба чунин рузи табох овардеду боз шумо хукуки хандидани касеро доред*?Номи точикро бо калимаи гастарбайтер синоним кардед.Точик чамшуд шуд.Пораи ВАТАН-МОДАРРО ба ХИТОЙ фурухтед ?Шумо фикр мекунед мардум ин хамаро намебинад?Б

олим
Аз Худо тарседу игвоангезиро бас кунед. Дар бораи кадом масъулият гап мезанед. Масъулияте, ки худ онро сохиб нестед. Коратон факат худсафедкуни. Симои асосиатонро акнун шинохта истодаем. "Кабирии дипломат" магар ин даъват ба фитнахои нав нестанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)