Бахшҳо
01 июл 2014 08:35Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Баҳси нархи гӯшт, футбол ва қурби доллар дар ҷаласаи ҳукумат (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳукумат аз болобарии сунъии нархи маводи ғизоӣ, хусусан гӯшт дар моҳи шарифи Рамазон изҳори нигаронӣ карда, барои муайян намудани сабабҳои он дастур додааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 30-юми июн ба масъулини ҳукумат супориш дод, раванди болобарии сунъии нархҳо бартараф карда шавад. Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид намудааст, ки дар моҳи шарифи Рамазон, мувофиқи расму оин ва суннатҳои мусулмонӣ, нархҳо бояд арзон карда шаванд на баръакс. Ин дар ҳолест, ки бо фарорасии моҳи Рамазон нархи гӯшт дар бархе аз дӯконҳои Душанбе аз 35 сомонӣ то ба 40 сомонӣ боло рафтааст.

Ба иттилои манбаъ баробари нархҳо Эмомалӣ Раҳмон масъалаи футболро низ ба миён гузошта, барои оммавӣ шудани он супориш додааст. Дар ин робита раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ба раисиҷумҳур гузориш додааст, ки дар асоси супоришҳо аз соли 2010 дар ҷумҳурӣ 19 варзишгоҳ ва 100 майдони гуногуни футбол бунёд ёфтааст: “Дар 103 мактаби варзишии кишвар 603 гурӯҳи футбол ташкил шудааст, ки ба онҳо 5756 футболбоз ва 261 мураббӣ шомил мебошанд. Фаъолияти 5 мактаби махсуси футбол ва Академияи футбол низ назаррас аст.”

Дафтари матбуот дар идома афзуд, ки зимни ҷаласаи ҳукумат инчунин дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 маъқул дониста шуд: “Тибқи ин санад, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2015 дар ҳаҷми 52,8 миллиард сомонӣ бо суръати афзоиши 7,2% пешбинӣ шудааст. Дар солҳои 2016 ва 2017 бошад ин нишондиҳандаҳо мутаносибан ба андозаи 60 миллиард ва 68,4 миллиард сомонӣ ва 7,2% ва 7,4% дар назар аст. Барои муқоиса зикр гардид, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли равон ба андозаи 46,3 миллиард сомонӣ бо суръати афзоиши 7,1% пешбинӣ шудааст.”

Тибқи дурнамои тасдиқкардаи ҳукумат сатҳи таваррум барои соли 2015 7,5% ва қурби миёнасолии асъори миллӣ нисбат ба 1 доллари амрикоӣ 5 сомонӣ пешбинӣ шудааст. Қурби асъори миллӣ нисбат ба 1 доллари амрикоӣ дар солҳои 2016 ва 2017 мутаносибан ба андозаи 5,05 ва 5,10 сомонӣ дар назар аст.


Баҳси нархи гӯшт, футбол ва қурби доллар дар ҷаласаи ҳукумат (АКС)

Баҳси нархи гӯшт, футбол ва қурби доллар дар ҷаласаи ҳукумат (АКС)

Баҳси нархи гӯшт, футбол ва қурби доллар дар ҷаласаи ҳукумат (АКС)

Баҳси нархи гӯшт, футбол ва қурби доллар дар ҷаласаи ҳукумат (АКС)

Баҳси нархи гӯшт, футбол ва қурби доллар дар ҷаласаи ҳукумат (АКС)
Мӯҳр
дехоти аз хучанд
Рост гуфти Сугди! Аз кухпора бошаду мард бошад. Аз ин тоифаи номардону махалчихо хазар. Хучандихо наранчед, аммо бисёрии шумо дар магзи устухонатон махалчиги чой шудааст. Гуё Хучанд аз шумо бошаду дигарон беватан. Хучанди шумо 3 гектар шахри кухна. Дигарашро дехотихову русхо бунёд кардаанд! Ба худ оеду "шахри худамон", "хучандии худамон" нагуед инкадар. Бояд харгиз ба ягонтои шумо ба мансаб рох надод. Бояд вилоятбози бархам дода шаваду хамаи нохияхо бевосита ба Душанбе итоат кунанд. Дар як кишвари хурд чи зарурат аст ба вилоятхо таксим шудан? Ин кор ба фоидаи ягонагии миллат хохад шуд.

Мухтарам Президенти Чумхурии Точикистон, Чаноби Олй Эмомалй Рахмон. Агар Шумо як чуръат карда, раисони бозорхои ш. Душанберо аз кор гирифта, кураторон - кришаи онохо бародарон ва наздикони Убайдуллоевро лачомашонро кашед, мардум рохат карда, дар хамин мохи Шарифи Рамазон хаводорият мекунанд. Ва барои тинчиву осудагии кишвар ва бакои давлатат дуоят медиханд. Мухтарам Чаноби Олй инсофро факат дар Шумо мебинем. Умракат дароз боз, Сарвари Хирадманд!

charo hukumati viloyati sugdu shahri xujandro az xudashon memoned?hisori-rashti yovoni dushanbegivu kulobihoro charo namemoned janobi oli???

ami sarvazirho az sugdu vahdatu hisoru boz xujandiho kor karda natavonistand yak sarvazir az kulob memonded janobi oli.

Мухтарам Хукумат халк аз Шумо хохиш дорад ки базе Вазирон фарбех шудаги намешавад

Мухтарам Хукумат халк аз Шумо хохиш дорад ки базе Вазирон фарбех шудаги намешавад...

Сугди
Озодагон, назари ман нисфаш нест? Дар бораи Косиму Чаъфар навишта чаро нест? Ягон гапи хато буд? Чинояткорон чояшон зиндон аст на вазирию озоди. Рост гуфт ин бародар. Фарбеххоро ба додгох кашанду номаи аъмоли худашону бародарашонро бардоранд.

Озодагон, назари ман нисфаш нест? Дар бораи Косиму Чаъфар навишта чаро нест? Ягон гапи хато буд? Чинояткорон чояшон зиндон аст на вазирию озоди. Рост гуфт ин бародар. Фарбеххоро ба додгох кашанду номаи аъмоли худашону бародарашонро бардоранд.

Ман
Магозаву фурушгоххои Давлати ташкил шавад пеши рохи кимматиро мегирад

250
Камчичин будани як гушт то ба мачлиси хукумат рафтааст значить иктисодиет ягон поя надоштаст де.Худи хукумат бачои паст кардан нархи барк хамчун тухфа ба рамазон гарон кард худтон як инсиатива кунен баъд дигарон низ амал кунанд.Шиори хама хусусан бозорчиен чи кор карда ду тангаи гастрабайтеро рои мекардагира кашида гирем ана ба ту иктисодиет,хочагии кишлок.ачоиб ин ки махсулот нест вазорат хаст?Даромади ахоли нест нархи барк киммат.

Зарафшон
Шархи ман ку озодагон?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)