Бахшҳо

Убайдуллоев: Такя ба имони тоҷирон кардем, ки нашуд...

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе зимни ҷаласаи васеи корӣ аз болоравии беасоси нархи маводи ғизоӣ дар моҳи шарифи Рамазон изҳори нигаронӣ кардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ Убайдуллоев изҳор доштааст, ки имсол шаҳрдорӣ ба имону инсофи соҳибкорон такя намуд ва барои ҷилавгирии нархҳо санадеро таҳия накард. “Аммо тавре воқеият нишон медиҳад, имондорию инсофи бархе аз соҳибкорони мо мисли сухани каҷрафторон аз ҳам тафовути зиёд доранд, ки боиси бе ягон асос болобарии нарх ва поймолшавии ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар шаҳр гардидааст,”- афзудааст, Убайдуллоев. Дар гузашта шаҳрдорӣ барои моҳи шарифи Рамазон нархномаи маҳсулоти ниёзи аввалро таҳия мекард, ки тоҷирон уҳдадор буданд, онро риоя намоянд.

Имсол шаҳрдори Душанбе аз тоҷирон ва соҳибкорони пойтахт даъват кардааст, ба хотири дастгирии табақаҳои ниёзманду иҷтимоии шаҳр ва дарёфти савоби моҳи мубораки Рамазон нархи 20 навъи маводи ғизоӣ, аз ҷумла гӯшт, орд, нон, равған, биринҷ, макарон, шакар, шир, тухм, сабзӣ, картошка, пиёз, чака, бодиринг, помидор, карам, тарбуз ва харбуза то 10% ибтикоран поин бурда шавад. Инчунин раҳбарияти бозорҳои пойтахт, аз ҷумла бозори “Шоҳмансур”, “Саховат”, “ Деҳқон” ва бозори “Қарияи боло” муваззаф гардидаанд, ки фурӯши гушти гов бо нархи 36 сомонӣ дар моҳи Рамазон ба роҳ монда шуда, ба фурӯш гузоштани равғани чарбу аз сӯи қассобон манъ карда шавад.

Дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе мегӯяд, барои назорати супоришҳои мазкур қарор шудааст, дар тамоми дуконҳои гӯштфурӯшии бозорҳои пойтахт дурбинҳои назоратӣ насб шавад: “Баҳри таъсиррасонӣ ва ба масъулият даъват кардани соҳибкорон бо дарназардошти тайи ду рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазон бисёре аз дуконҳои гӯштфурӯшӣ худсарона фаъолияташонро қатъ кардаанд, 2 нуқтаи гӯштфурӯшӣ аз бозори “Саховат” ва 6 нуқта аз бозори “Шоҳмансур” аз соҳибкорони хилофкор гирифта ба ихтиёри ҶДММ “Ёвар” вобаста карда шуданд.

Ба иттилои манбаъ, шаҳрдории Душанбе ба хотири дастгирии соҳибкорону тоҷирони саховатманд, ки ба воридот ва фурӯши анвои маҳсулоти ниёзи аввалияи мазкур машғуланд, омодааст, аз ҳисоби буҷети шаҳр қарзҳои бефоиз ҷудо кунад. Назорати фаъолияти бозорҳо ба зиммаи ВАО ва фаъолони шабакаи иҷтимоии Фейсбук вогузор карда шудааст.
Мӯҳр
абубакр
Шахс бояд аввал аз худ пурсад,ки имонаш аст е не? Вале сад афсус ин инсонхо чунон бешарму хаеанд,ки ин гапро мегуянд.Охир раиси шахр худат имону инсоф дори?Кани он имонат.ки аз халк пули манзилро мегири лекин шахр пури ахлот,куча шахр аз дехот фарк намешавад,барк нест,оби гарм нест.хонахо хунук.муассисахои тибию томактаби фалач.Агар баьди ин шумо имон доред ин точирон худро бо имонтар хисоб мекунанд.

Дониш
Хар сол хамин ахвол аст. Сабаби асосиаш сустии иктисодиёт ва паст будани даромади мардум аст. Иктисодиёт конунхои худро дорад ва онро бо даъват ба инсоф ва фишорхои маъмури идора карда намешавад. То иктисодиёт таракки накунад, заводу фабрика ва гайра сохта нашавад нарххо минбаъд хам боло хоханд рафт.

ЧАМШЕД
ХАМИН УБАЙДУЛОЕВ ХАСТ КИ ДАР ШАХРИ ДУШАНБЕ ХАМИН КАДАР ТАРТИБОТ ЧОРИ ХАСТ НАБОШАД МО МАРДУМИ ТАВАРМУСУЛМОН КАЙХО ДУШАНБЕРО БА ОГУЛХОНА ТАРТИБ ДОДА БУДЕМ ШАХРРО МО ХУДАМОН ИФЛОС МЕКУНЕМ ДАР НАЗДИ БИНОХОИ ИСТИКОМАТИ ТАМОМАН БА ТОЗАГИ РИОЯ НАМЕКУНЕМ ПАРТОВХОИ ХУДРО ДАР КУЧОЕ КИ НАБОШАД МЕПАРТОЕМ БО ИНКАДАР БЕТАРТИБИЯМОН БОЗ АЗ ДИГАРОН ТАРТИБУ ИНТИЗОМ ТАЛАБ МЕКУНЕМ ХАМИН МАРДУМИ МО НОШУКРБАНДА ХАСТАНД АГАР ХАР ЯКИ МО БА ХУД НАЗОРАТ КУНЕМ ЧУНИН БЕ МАСЪУЛИЯТИ РУХ НАМЕДИХАД ВАЛЕ САД АФСУЗ МО ТАВАРМУСУЛМОНОН ФАКАТ БА ЗАРБИ ЗУЛМУ СИТАМ ОДАМ МЕШАВЕМ ЧИХЕЛЕ КИ БАРОДАРОНИ РУС МЕГУЯНД МО ОХАНИ КАЧЕ ХАСТЕМ КИ БОЯД РОСТ КАРД.

БЕНОМ
Гражданин,
МАГАР ТОЧИРОНРО МАЧБУР КАРДАН ИН КАХРАМОНИ ХАСТ ? У СУПОРИШИ ЧАНОБРО ИЧРО КАРДА ИСТОДААСТ

ок
Мухтарам Раис як пешниход буд агар ичро мегардид худ мешуд. Мисол баъд аз сохибистиклол шудани Ватанамон сафи кордонону корчалонон ва раису раисхо хох корманди хукумати бошад хох корманди хусуси хар кадом надоштагида аз 500 ва зиёда аз ин моли майда чамъ овардаасту хама сахрохои Чумхуриро хусуси кардаанд. Чи мешавад, ки як хукм баровариву хамин молдорора як - як ба наздат хони дар Мохи Шарифи Рамазон аз хами молхои чамкардагиашон биёранду нархи гуштро арзон кунан намешавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)