Бахшҳо

Тоҷик кист: Ориёӣ? Тӯронӣ? Нажоди муғулу турк? Ё..?

Сарабек БЕКЗОДА

Тамоми аҳли башар асосан ба 3 нажод тақсим мешаванд: 1) ҳиндуаврупоӣ; 2) муғулӣ; 3) африқоӣ. Аз миёни онҳо нажоди калонтарин ҳиндуаврупоист, ки қисми зиёди аҳолии Аврупо ва Осиёро ташкил медиҳад.

Соли 1850 китоби олими Фаронса Артур Гобино бо номи “Опят о неравенстве человеческих рас” аз чоп баромад, ки тамоми мардумро ба нажодҳо тақсим намуда, аз ҳама нажоди пастро африқоиҳо ва нажоди муғулу турк дониста буд. Аз ҳама нажоди воло аз нигоҳи Гобино нажоди аврупоӣ буд. Албатта, ин тақсимбандӣ қобили қабул набуда, балки тамоми инсоният новобаста аз баромад, мавқеи ишғолкардаи он дар тӯли таърих ва ҳиссаи онҳо дар рушду нумӯи ҷамъият баробаранд ва онҳоро аз ҳамдигар ҷудо кардан қобили қабули ақли солим буда наметавонад. Ҳанӯз баробарҳуқуқ будани тамоми қавму қабоилро дар асри 13 милодӣ фарзанди барӯманди тоҷик Шайх Саъдӣ пешкаши аҳли башар кардааст:

Бани Одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як ҷавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.


Дар Осиёи Миёна ягона халқе, ки ба нажоди ҳиндуаврупоӣ ё ориёӣ ворид мешавад, халқи тоҷик аст. Тибқи гузориши бисёр олимони соҳаи таърих ва нажодшиноси Аврупою Осиё нахуст ватани мардуми ҳиндуаврупоӣ Осиёи Миёна мебошад, ки дар аҳди атиқа кишвари Таҷик-Тоҷик (Тӯрон) ном дошт ва ин таърих на кам аз 18 ҳазор солро дар бар мегирад. Дар рисолаи «Дарки таърих» Арнолд Тоинби изҳор медорад, ки асноди Мисри қадим шаҳодат медиҳанд, ориёҳо аз «Дашти бузург», аз он ҷое баромадаанд, ки баъд аз 3 000 сол туркҳо пайдо шудаанд».

Яъне, гузаштагони дури нажоди турку муғулӣ баъд аз 3 ҳазор соли пайдошавии нажоди ҳиндуаврупоӣ, ки ба он халқи ориё-тоҷик низ ворид мешавад, қадам ба арсаи ҳастӣ гузоштаанд. Воридшавии халқи нажоди турку муғулӣ ба Осиёи Миёна, ё бо ибораи дигар кишвари Тӯрон (Тоҷик), ки аҳолии имрӯзаи давлатҳои Қазоқистон, як қисми Узбакистон, Қирғизистон ва Туркманистонро ташкил медиҳад, таърихи дурро дар бар намегирад, ки он аз асрҳои 10-12 оғоз гашта, дар асрҳои 15-у 16-и милодӣ бо омадани қавми узбаки соҳиби нажоди муғулӣ дар асри 16-и милодӣ аз дараи Чу, Дашти Қипчоқ ва Енисей, ки ба хотири хони муғулон - Узбакхон худро узбак номидаанд ба охир мерасад. Тибқи таърих аввалин бор калимаи узбакро дар асри 14 ҳамчун номи қабоили туркию муғулӣ аз тарафи Ҳамдуллоҳи Қазвинӣ (1280-1350) дар китоби «Таърихи гузида» ба забон мегирад.

Як чизро бояд ба хонандаи азиз арза дорам, ки дар Узбакистони имрӯза зиёда аз 15 миллион аҳолиро, ки қиёфаи ориё-тоҷикӣ доранд ва қабилаҳои худро намедонанд ва дар шаҳрҳои Тошканд, Хоразм, Андиҷон, Фарғона, Намангон, Қӯқанд ва Марғелони Узбакистон ва деҳаҳои ободи он зиндагӣ мекунанд ва худро узбак муаррифӣ менамоянд, тоҷикони забонгумкарда мебошанд. Мо аҳолии шаҳрҳои Самрқанду Бухороро дар ин гуруҳ ворид намесозем, зеро дар Самарқанду Бухоро то ба имрӯз мардуми ориётабори тоҷик зиндагӣ намуда, бо забони ноби тоҷикӣ-форсӣ, ки ба қавли Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ забони аҳли миррихиён аст, ҳарф мезананд. Дареғу сад дареғ, ки ба воситаи зӯрӣ ҳуҷҷатан онҳо дар шиносномаҳошон худро узбак менависанд. Он узбакҳое, ки номҳои қабилаҳои худро медонанд, аз ҷумлаи лақай, қунғурот, батош, барлос, қипчоқ, бургут, қатаған ва дар атрофи шаҳрҳои Осиёи Миёна зиндагӣ намуда, шакли муғулӣ доранд, узбакҳои воқеӣ мебошанд. Дар бораи шаклу шамоили узбакҳо ва дигар қабоили турк ҳанӯз дар асрҳои мухталиф аз тарафи таърихнигорони арман, аз ҷумлаи Степанос Арбелян, Моисей Каганкатватси, олими рус Гумилёв Л.Н, инчунин, олими шинохтаи қазоқ Чукан Валихонов ва олими англис Роберт Ша дар асарҳои худ борҳо иброз доштаанд. Улуғбек низ дар китоби худ дар бораи намуди зоҳирии турку муғулони воқеӣ чунин баррасӣ намудааст: “Туркҳо ва муғулон ончунон шабеҳи ҳамдигаранд, ки кадоме аз онҳо турку кадоме муғул фарқ кардан бисёр мушкил аст”.

Шоири тавонои адабиёти классикии тоҷик, Мавлоно Ҳотифӣ, хоҳарзодаи Абдураҳмони Ҷомӣ дар асри 16 милодӣ сурату сирати туркҳоро дар шакли назм баён намуда, чунин иброз менамояд:

Аз он тангчашмони дуну данӣ,
На обистанӣ монду на растанӣ.


Имрӯз як гурӯҳ «олимон»-и узбак ё саҳеҳтараш олимони кирояи узбак аз ҷумлаи Левитин, Гога Ҳидоятов, Алишер Илҳомов ва Рустам Абдуллоеви нотавонбин ба ҳар роҳҳои ғайриилмӣ ва ғайритаърихӣ бо ҳарзагӯиҳои худ ба хотири ҳарчи ба дунёи куҳан расонидани таърихи узбакон мехоҳанд соҳибони марзу буми Осиёи Миёнаро, ки тибқи таърихи тасдиқшуда халқи ориё - тоҷик ва гузаштагони онҳо мебошанд, нодида гирифта, марзу буми таърихии ориётоҷикон, ки дар таърих бо номи Хуросон, Тӯрон (Тоҷик) шинохта мешавад, ватани узбакҳо бароварданӣ шуда, ҳақиқати таърихиро дидаву дониста нодида мегиранд. Ҳол он ки қавмҳои турку муғул Осиёи Миёнаро ишғол карда, ҷавонтарин халқ узбакҳо мебошанд, ки воридшавии онҳо ба ин кишвар ба асри 16 милодӣ рост мегирад ва фаҳмиши калимаи узбак тибқи гузоришҳои Маҳмуди Қошғарӣ, Амир Темур ва набераи ӯ Бобур Мирзо барои халқияти бумии Мовароуннаҳру Хуросон ношиносу номаълум ва бегона буд ва вожаи узбак чун нишондиҳандаи халқ дар ин марзу бум ҳанӯз истифода намешуд.

Амир Темур дар асри 14 милодӣ дар «Темурнома» иброз медорад, ки «ман узбаки палиди манҳус набуда, балки аз хонадони Чингизхон насаб мегирам». Дар «Темурнома» Темур оид ба Хуросон, ки ватани бумии халқи тоҷик аст, тазаккур медиҳад: “Шунидаам, ки сарзамини Хуросон бисёр сермаҳсул аст ва ҳар як хуросонӣ шоири бузург ва ё олими бузург аст. Дар ман ҳамин хел тасаввур пайдо шуд, ки чи хеле Самарқанд ширинтарин харбузаҳоро ба ҳосил меоварад ва назирашро дар дигар кишварҳо намебинӣ, Хуросон низ олимон ва шоирони беназирро додааст. Хуросон абармардонеро ба дунё меорад, ки назири худро надоранд ва мисоли он Фирдавсӣ мебошад. Ӯ китоберо иншо кардааст, ки хуросониён аз он ҳунарҳо меомӯзанд». Дар китоби Темурнома, ки имрӯз дар шакли асл дар осорхонаи Лондон маҳфуз аст, Темур иброз медорад, «шаҳри Самарқанд таърихан шаҳри тоҷикон аст ва ба халқи тоҷик ҳамбастагии ногусастанӣ дорад».

Бобур Мирзо дар асри 16 милодӣ иброз дошта, ки «қариб 140 сол шаҳри Самарқанд ба хонадони мо тааллуқ дошт, номаълум аз кадом ҳавза қавми узбаки ба мо бегонаю душман омада, онро ба тасарруфи худ даровардааст». (Бобур. Асарҳо, саҳ. 101)

Дар ҷои дигар Бобур Мирзо изҳор медорад, ки аҳолии шаҳрҳо ва деҳоти ободи давлати Кобулро халқи тоҷик ташкил менамоянд. Ин суханҳоро дар асарҳои худ Амир Темур ва наберааш Бобур Мирзо иброз дошта гуфтанианд, ки онҳо ба қавми узбак ворид намешаванд, зеро дар асри зиндагии онҳо узбакҳо, ки ҳанӯз ҳамчун халқ ташаккул наёфта, дар сатҳи қабилавӣ арзи ҳастӣ доштанд, аз дараи Чу, ҳавзаҳои Дашти Қипчоқ ва Ҳафтрӯд вориди Мовароуннаҳру Хуросон нагашта, балки қабила ба қабила, ки хоси ҷамъияти ибтидоист, дар ҳавзаҳои дар боло зикршуда зиндагии кӯчиро аз сар мегузарониданд. Олим ва таърихнигори рус Андреева В. дар китоби «Миф об узбекском государстве» (қисми 1): «Великие предки» и исторические фантазии Ислом Каримов»-ро таҳлил намуда, ба чунин хулоса меояд: «Именно Шайбониды на кончиках своих копии принесли в Среднюю Азию само название узбеки которые не имело в то время никакого реального этнического содержания. Узбеки это конгломерат пришлых кочевых турко-монгольских племён и по выражению Чокан Валиханов, союз племён пришедших на территорию Средней Азии в эпоху позднего средневековья. Нынешние узбеки являются весьма неоднородний в рассовом отношении этносом. Среди них есть представители как черезвичайно европоидных, так и сильно монголоидных и множество смешанных в разной степени индивидуумов». (Тарҷума: Маҳз Шайбониҳо дар нӯги найзаҳои худ фаҳмиши узбакро овардаанд, ки он ягон нишонаи нажодро дар он аҳд таҷассум карда наметавонист. Узбакҳо ин чамъи қабоили омадаи кӯчии туркию муғулӣ буда, тибқи гузориши Чокан Валихонов, қабоили муттаҳидшудае мебошанд, ки ба ҳудуди Осиёи Миёна дар солҳои охири асрҳои миёна омадаанд. Узбакҳои имрӯза аз чиҳати баромад, нажод якгуна нестанд. Дар байни онҳо мардуми бисёр шакли аврупоӣ дошта ва беандоза бисёр андоми муғулӣ дошта ва одамони омезишёфта дида мешавад»)

Ақидаи Андрееваро ҳанӯз олими англис Роберт Ша ба тарзи муфассал дар асарҳои худ баён карда, иброз медорад: «Узбакҳо дар кунҷи даҳон ва зери манаҳ якчанд тори мӯй доранду халос. Агар дар рӯи баъзеи онҳо ришу бурути комил бинед, бидонед, ки ин натиҷаи дар шараёнашон хуни тоҷикӣ доштан, асари муддати тӯлонӣ дар Бухорову Қуқанд дар байни тоҷикон зистан аст».

(Идома дорад)
Мӯҳр
Тошкул. Душанбе,
"БО форсхо хамин Бадахшонихоро аз Дарвоз то он тарф тиеду халос.Мо якчо шуда як халки бузурги узбек ташкил кунем.Шумоен хам зиндагии хуб мекунед."
Эхххеееее бародари чууууууун сааааахт хандондииии!!!!! Ту аввал Каротегин, Кургонтеппа бла-блаа гуфта мисол оварда ба "АКЛ"-и худат исбот кардани шудики ки аксарият номхо узбакиасту 85% узбакем, ва боз пешниход намуди: "Мо якчо шуда як халки бузурги узбек ташкил кунем.Шумоен хам зиндагии хуб мекунед."-о хамин бобои Алптегину Сабуктегинатба бовари карда 1000 сол бедавлат мондему ин Каротегину Кургонтеппахоро пайдо кардем. Имруз боз ту бамо "илтифот" нишон додаистодаи ки баъди 50 сол ба катори ин -теппа, -тегин-хо боз миллати нав ТОЧбак хамрох шавад ???!!!! Пеш аз моба инча дар бораи ки будану чи будани ин ду миллат ва ТОЧИКХО ин пайвандони узбекхо гуфтан якбор ба оина нигох кун!!!! Бовариям дорам вичдон дошта боши, кисми руйи Точикиатро хатман фарк мекуни!!!

Ofarin ogoi muhakkik,makola olijanob.Inchinin makolahoi baroi bedori wa hudshinosii milli saht kumak mekunand,chunki yak kismati mardumi mo namedonand,ki ki hastandu az kujo omadand.Az shumo samimona hohish merawad,ki silsilai makolotro dar in mawzu beshtar nawised.Barori kor.

Тошкул. Руи очат сиёх узбаки курнамак хоки Точикистон курат кунад. Вообше ту кати чи гап занем нома бин тошкул карочи кули

анвар
бисер мавзуи шавковар давомашро интизорем

Тошкул Душанбе
Wonder, Бародар хакикат талх аства шумо аз ин хафа нашавед.Ман худро дар оина нигох мекунаму руи узбекии худро мебинаму узбек мемонам ва фахр мекунам.Фахр аз таьрихи худ дорам.ки ачдодонамон осиеи маркази ва берун аз он идора мекарданд ва гайри узбекхо пешашон сари таьзим фуруд меоварданд.Дар муддати ин хазор сол хама мехостанд бо узбекхо хешу табори пайдо кунанд аз он чумла точикхо.агар ин хел халк вучуд дошт.Мехохед таьрихро инкор кунед.Агар ин инкилоб намешуд пеш аз хама худат бо узбек буданат фахр мекарди.Хохи нахои мо милати бузургем ва шумо аз мо пайдо шудед на мо аз шумо.Гап бисьер лекин бароятон бас.

Точикбача
Офарин Сарабеки Бекзод бехтарин макола, ташакур барои захматат бародари азиз, ман нав фахмидам, ки баъзе мансабдорон мухаббате ба ватану миллат надоранд, худашонро точик меноманд вале аз каворахояшон, ва чашмонашон маълум аст, ки барои ватану миллати мо точикон бегонаанд: Аклхоро аклхо ёри дихад...

форсибача
Тошкул, хе хандонди дэ, масхарабоз. Кани ба гузаштагонат касам ёд кун ки ба гуфтахои худат бовар дори? Агар ха пас рост назди духтур рав.

Заршинос
Тошкулбой хакикатан узбаки фос будаи!О наход надони,ки номи Кургонтеппа замони Сомониён Леваканд буда, 400 сол пеш узбакхо омада баландии шахрро дида онро Кургонтеппа ном доданд.Зиёиёни асили ин шахр холо максади ивази номри онро ба номи кадимаи Леваканд доранд.Каротегин ин номи як кумондони гуломи сулолаи Сомониён буда ин заминро ба у тухфа карда буданд,дар асл бошад номаш Рашт аст.Рашт имруз дар Бадахшон аст-Рошткалъа ва шахри калони саноати дар Ирон бо номи Рашт аст. узбакхо хеч вакт,хеч давр чизе надоштанд ва хамон 15 миллион точики узбакистон низ хеч гох узбак нахоханд шуд.Ин кабилаи хурди турки-мугули оянда надорад ва аз байн меравад.

Инсоф
Рустами Достон, Охир ҳамон Эрони Шарқӣ Турон аст ва турониён дар маҷмӯъ эрониёнанд, аз насли Тур, писари Эраҷ - барои ҳамин метавонед ҳисси тафохурро аз Шоҳномаву Ҳаким Фирдавсӣ коста накунед. Масъала он аст, ки ҳамаи ин ангезаҳо бе рушди комили иқтисодӣ ва амалӣ намудани иззати мардум имрӯз камтар фоида доранд. Ватандӯстию миллатдӯсти бояд тавъам бо рушди ҳамаҷониба сурат гирад.

турон туркия нест ва аслан ба туркон нисбат надорад. асли ин калима аз турон-писари Фаридун дар Шоҳномаи фирдавси хам хаст. Фаридун ба се писараш Салму Эраҷу Турон минтакахои муайянро таксим мекунад, аммо салму турон эраҷро мекушанд, ки боиси хашми фаридун ва ҷудоии минтакаи эрону турон мешавад. Яъне аз ому ин тараф мулки турон ва он тараф моли эрон. Лоакал шоҳномая хонед! Вале идаои муаллиф дар бораи кадимитар будани туронихо нисбат ба эронихоро намедонам то кучо асос дорад. Чун Фаридун шохи ҷаҳон ва аз чумла эрон буд, ки турон писари уст. Чи гуна мешавад, ки писар аз падар кадимитар бошад?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)