Бахшҳо

Сухангӯи собиқи президент: “Чаро худамонро бо хаёлбофиҳо хушҳолу хотирҷамъ мекунем?”

Китоби нави Зафар Сайидзода, мушовири калони бахши ёрдамчии президент, собиқ сухангӯи раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва раҳбари пешини Оҷонси иттилоотии миллии “Ховар” бо номи “Густариши ахлоқи миллӣ - посух ба пайомадҳои манфии ҷаҳонишавӣ” аз чоп баромад.

Муаллифи дар ин китоб аз донишмандон, пажўҳишгарон, таърихшиносон, ҳуқуқдонон, нависандагон, рўзноманигорон ва ҳамаи соҳибназарони коршинос ва касоне, ки салоҳияти тарбияи афроди ҷомеаро доранд, ба баргузории як бозсозии фарҳангӣ даъват мекунад.

Инчунин бобҳое зери унвони “Тарбияи ахлоқӣ - меҳвари ғояи миллӣ”, “Таъсирҳои мусбат ва манфии ҷаҳонишавӣ ва осебҳои падидаи истеъмолгароӣ”, “Асари манфии ҷаҳонишавии арзишҳои оилавӣ”, “Вазифаҳо, нақшҳо ва масъулиятҳои ниҳодҳои иҷтимоӣ дар тарбияи ахлоқӣ”, “Тарбияи фарзанди нек”, “Нақши оила дар тарбияи ахлоқии фарзандон”, “Нақши мактаб дар шахсиятсозӣ”, “Нақши расона дар фарҳанги иҷтимоӣ”, “Нақши таълиму тарбия дар рушди ахлоқии фарзандон” ва “Чанд сухан дар бораи усулҳои тарбияи фарзанд” баррасӣ ва ба баҳс кашида шудаанд.

Китоби “Густариши ахлоқи миллӣ - посух ба пайомадҳои манфии ҷаҳонишавӣ” дар нашриёти “Контраст”-и шаҳри Душанбе ба нашр расидааст.

Сухангӯи собиқи президент: “Чаро худамонро бо хаёлбофиҳо хушҳолу хотирҷамъ мекунем?”Порае аз китоби нави Зафар Сайидзода бо номи "Ба худамон дурӯғ нагӯем!":

Яке аз хусусиёти ҷомеаҳои дар масири тараққӣ ақибмонда худситоиву худтаърифкунӣ ва ба иғроқ кашондани дастовардҳои кӯчакашон дар ин ё он ҷанбаҳои зиндагӣ мебошад.

Масалан, мо одат дорем, ки худамонро боахлоқтарин ва бофарҳангтарин миллати дунё номем. Чаро ба иғроқ роҳ медиҳем? Чаро намехоҳем воқеъбинона иқрор кунем, ки кишвари мо ва ҷомеаи мо дар бархе аз бахшҳои фарҳангӣ ва иҷтимоӣ ба сарҳади буҳрон расидааст? Чаро худамон худамонро бо хаёлбофиҳо хушҳолу хотирҷамъ мекунем?

Вақте дар кӯчаҳои шаҳр наврасону ҷавонон бо садои баланд ба якдигар суханони қабеҳу фаҳш мезананд ва дар ин маврид вуҷуди калонсолонро умуман нодида мегиранд; вақте тамошочиёни бозиҳои варзишӣ ба мухлисони тарафи муқобил дармеафтанд; вақте ронандагони нақлиёти мусофиркаш ҳатто ба мусофирони куҳансол дағалона рафтор мекунанд…, мо мегӯем, ки инҳо “баъзе аз ҷавонон” ҳастанд ва чунин ҳодисаҳо “баъзан” рух медиҳанд. Дар сурате ки чунин ҳодисаҳоро дар ҳар сари қадам мушоҳида мекунем.

Чаро вақте занҳо ва духтарҳои авон бо шармовартарин либосҳову ороиш дар хиёбонҳо гаштугузор мекунанд ва дар тарабхонаҳову дигар маконҳои саргармӣ бо тани тақрибан нимурён ҳозир мешаванд ва рафторҳои қабеҳу зишт аз худ нишон медиҳанд, мо инро “таъсири фарҳанги бегона” меномем? Чаро вақте медонем, ки донишгоҳҳо ва ҳатто мактабҳои таҳсилоти умумӣ барои духтарони наврасу ҷавон ба макони мусобиқаи либоспӯшиву зебу зиннат табдил шудаанд ва фасоди молӣ – бадтарин бемории имрӯзаи ҷомеаи мо –дар ин қонунҳои ахлоқӣ низ дар ҳоли шукуфтан аст, ин ҳамаро нодида мегирем?

То замоне ки бемор напазирад, ки бемор аст, ҳеч табибе наметавонад ӯро табобат кунад. То вақте қабул накунем, ки ҷомеаи мо ба бемориҳои гуногуне дучор шудааст ва бемориҳои дигаре дар ҳоли таҳдид ба саломатии кишвар ҳастанд, ҳеч гоҳ ба ҳалли мушкилот нахоҳем расид.

Мо бояд бипазирем, ки бо тамоми пешрафтҳои дурахшону мусбате, ки дорем, дучори бемориҳои гуногуне шудаем. Ҷомеаи мо ниёз ба дармон ва таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба масъалаҳои иҷтимоӣ дорад. Бо худсензура ва пӯшондани ҳақиқати вазъи воқеӣ ҳар рӯз ҳоламон бадтар мешавад. Бо ҳарф задану таъкид кардан аз мушкилоти ахлоқиву иҷтимоии кишварҳои Ғарб ва бо ҷилва додани бартарии фарҳангу ахлоқи миллии худамон ҳеч мушкилоти фарҳангиамон аз байн намеравад. Рӯзе ҳазор бор ҳам бо таърихи чандҳазорсолаву миллати бофарҳангу дорои ахлоқи ҳамидаамон ифтихор кунем, дардҳои имрӯзи ҷомеа даво намеёбанд.

Камбудиҳои ҷомеаро пинҳон намудан хизмати хирсона кардан ба мардуми хеш аст. Бидуни ошкор кардани сабабҳо ва омилҳои бемориҳои иҷтимоӣ решакан кардани онҳо комилан ғайримумкин аст. Ватандӯст он касе нест, ки фақат сухан аз пешрафт мегӯяд, балки ватандӯсти ҳақиқӣ он касест, ки дардҳои ҷомеаро меёбад, меандешад, барояш посухе ҷустуҷӯ мекунад ва ин посухро ба баҳси иҷтимоӣ мегузорад ва аз ба чолиш кашидани камбудҳои ҷомеа ибое надорад.
Мӯҳр
Китобро ҳатман дастрас карда мутолиа менамоям!
Устоди мӯҳтарамро хуб мешиносам ва аз наздик чанди борҳо сӯҳбат намудаам. Ман ба пӯрагӣ тарафдори андешаҳои Шумоям.
Офарин Устод, чунин суханҳоро бояд дар тамоми ВАО овоза намуд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)