Бахшҳо

Суоли “Озодагон” аз мансабдорони тоҷик: Қаср доред?

Дар пайи даъвати Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои қатъи қасрсозиҳо ва оғози сармоягузорӣ ба истеҳсолот “Озодагон” аз чанд мансабдор, вакили парлумон, фаъолони ҷамъиятӣ ва сокинони оддӣ дар бораи дороияшон суол кард:

Умед Давлатзод, муовини вазири рушди иқтисод

Ман чанд то хона дораму амволи дигар, инро декларатсия карда ба ҳукумат пешниҳод кардаам. Ман як ҳавлӣ дорам, ки дар давраи дар бонки тиҷоратӣ кор карданам, ба тариқи қарзӣ харида таҷҳизонидагиям ва баъди анҷоми он дар ҳамонҷо зиндагӣ дорам. Барои ман дача зарур нест вақте, ки ман ҳавлӣ дорам.

Ҳасаналӣ Карамалиев, муовини раиси палатаи Савдо ва саноат

Ман як хонаи дуҳуҷрагӣ дорам тамом ва дигар ҳеч чӣ надорам.

Маҳмадалӣ Ватанов, вакили парлумон

Ман як хона дорам, хонаи шахсӣ, хонаи хуб аст. Ман намедонам дигар қасру кушкаш чист?

Исмоил Талбаков, вакили парлумон

Ман як хона дорам ва онро ҳануз такмил накардам. Онро қарз гирифта сохтмон карда истодаам. Агар дача медоштам рафта ҳозир истироҳат мекардам.

Муҳаммад Эгамзод, корманди сафорати Тоҷикистон дар Русия

Ман ҳам дар Душанбе як хонаи 2 ҳуҷрагӣ дорам ва берун аз пойтахт чизи дигаре надорам.

Иззат Амон, раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Маскав

Ман як хонаи дуошёна дар шаҳр дораму як мошин. Дар маскав як хонаи дуҳуҷрагӣ дораму як мошину як офис. Дар душанбе хонаи дуошёнаи иборат аз 8 дар хона. 5 тояш дар табақаи 1, 3 тои дигараш дар табақаи 2 ва мошин низ дорам. Вале он ки вазир як хонаи дуҳуҷрагӣ дорад ҳеч кас бовар намекунад. Гуфтаи президент, ки қасру кушксозиро бас кунед ба мансабдорон таъсир надорад. Аллакай ҳама ҳама чизро сохта гирифтанд ва агар ҳам созанд ба номи худашон намесозанд. Ҳеч таъсире нахоҳад гузошт. Ин як худнамоишдиҳӣ буд, ки гӯиё ғами мардумро мехуранд.

Шариф Муллоев, устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистон

Банда дар зиндагии хеш ҳеч гоҳ аз паи сохтани қаср набуд ва намешавад. Инсон худ бояд огоҳ бошад, ин қаср ва кушкҳоро ба олами дигар намебарад. Банда дар ҳавлии хоксорона бо аҳли байт иқомат дорад. Ба фикри банда ба ҷои қасру кушкҳо иморатҳо барои мардум созанд ва бо нархи на он қадар гарон фурӯшанд ин кори неке ҳам дар ин дунё ҳам дар олами дигар мешавад. Чизи дигареро бигӯям, ки агар корхона ва ҷойхои кории бо маоши хуб таъмин шавад, шояд муҳоҷирони мо ба ватан ба назди хонавода баргарданд. Ин амалҳоро пиёда созанд беҳтарин мешавад.
Мӯҳр
Исмоил Талбаков айбаст, ростша гап зан! Барои чи дар майдони футбол бозии бачагон хона сохтаи? барои чи Вакил мардуми хастиву гами мардумро намехури? майдони футбол бозии бачагона гирифта як чанд таксим кардеду хонаи 3 ошёнаи ниму нимкола карда, ба ичора додаед. ОЗОДАГОН ЯКБОР РАФТА САНЧИДА БАРОЕД. РОХИ МОШИН БОЗОР РУ БАРУИ БОГЧАИ БАЧАГОНА МАЙДОНИ ФУБТОЛ ХАСТ. ЛЕК НАМЕГУЕД ОНЧО МАЙДОН БУД, АЗ ЯК ТАРАФ ХЕШИ УДАЙДУЛЛОЕВ ЯК ДОМИ 4-5 ОШЁНА КАРДАСТУ ДИГАР КИСМИ ЗАМИН БА ХАВЛИГИ ТАКСИМ КАРДА ШУДААСТ. ХОХИШ МЕКАРДЕМ ДИДА БАРОЕД ХАМИН МАСЪАЛАРА.

мусулмон
РОСТГУФИ ТОЧИР и ойлуки чандсум бошад агар дар як мох 1000 долар бошад дар яксол 12000 хазор мешава дар 10 сол 120000 дар 100 сол 1милиоу200хазор дар 400 сол 4милиону 800 хазор меша. барои 5 милион коркардан 401 солу 8 мох даркорай у бечораи ика сол коркардабдай.

Озодагон гапои мусулмона чоп кунен интереснияй илтимос

Пас ин касрхо аз нафароне хастанд ки рафта дар Россия мардикори кор мекунанд.Худо шуморо тавфик дихад вазифадорон дар хамин мохи рамазон дуруг намегуфтед мешуд.

Барно
Ба худододагон ситеза макун, ки ба онхо Худо додааст, мегуянд. Бигузор мансаб дошта бошанд, касру зиндагии бе мушкилот дошта бошанд хама точикон, вале аз хисоби мо бечорагон факат не...:)

Чи ба шумо гапхои дуруг гуфта истодаед. Ба хама маълум аст ки одамони парлумон аз 10 хона зиёд доранд.

Асалому алайкум хонандагони озодагон...
Ман як чанд мудат пеш бо як нафар дар бораи шахракеки чумхури исломи КАТАР дар Душанбе сохтаистодааст ки ба номи ДИЁР-ДУШАНБЕ маъруф аст сухбаткардем.. У ба ман чунин гуфт Бисёри хонахи ин шахракро коргарони хукумати яъне Вазирон ва дигар ашхосонеки дар хукумат ба хайси рохбар кор мекунанд харидаанд.. Як хелош гуфт то 4 ошёнаро як бора хариданд...Тамоми вазиру дигар ашхосони ки дар хукумати феъли хамчу рохбар кор мекунанд дорои Касру мошинхои хричи кимат астан. Ва боз як гурухаш аз Аллох натарсида дугуг мегуянд ки мо хечиз надорем.. Агар тафтишам куни конуни инхо хечизе надоранд!Хама чизхои дуздидаашон дар номи хешу таборонашон аст..

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)