Бахшҳо

Хонаи ҳукуматӣ, ГАЗ-24 ва насаби русии собиқ раиси Кумитаи амният

Хайриддин Абдураҳимов, собиқ раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва ҳоло раҳбари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, мегӯяд, дар сурати даст додани имкон қаср не, аммо як манзили хуб барояш бунёд хоҳад кард. Ӯ, ки дар нишасти хабарии 17 июл суҳбат мекард, гуфт, ҳоло дар Қӯрғонтеппа як хона ва Душанбе манзили чорҳуҷраӣ дорад, ки он ҳам давлатист.

“Хонае, ки дар Душанбе дорем, ҳукуматӣ аст. Агар шароитамон шавад, қаср не, аммо ягон хонаи хуб месозем. Ин чиз аз ҳаваси ҳар кас вобаста аст. Қасрро ҳар кас ба чен (андоза)-и кисааш месозад”,-афзуд ӯ.

Генерал Абдураҳимов дар идома дар бораи мошину фарзандонаш низ сӯҳбат кард. Ӯ гуфт, дар ҳоли ҳозир танҳо як ГАЗ 24-10 дорад, аммо барои писараш Тойота Кемрӣ харидааст.

“Панҷ фарзанд дорам. Як писарам 7 сол дар Маскав таҳсил карда, ҳоло дар дастгоҳи иҷроияи президент, дар раёсати муносибатҳои хориҷӣ, кор мекунад. Он камбудҳое, ки дар маҷлиси ҳукумат гуфтанд, мо омада таҳлил кардем ва гуфтем, онҳо ба мо низ дахл доранд. Ман аз аввал ҷӯрабозиро нағз намебинам, аммо ба ҳар ҳол бояд аввал сатҳи саводнокии кормандро бинем. Рост мегӯянд, агар аз рӯи малакаю дониш интихоб накунем, ҷамъият пеш намеравад. Мо сад бор шукр мегӯем, ки бо дастгирии ҳукумат як ё ним қадам ҳам бошад, ба пеш рафтаем. Як деҳқон агар аз кишту кораш ё ҳосили нағз гирад, хурсанд мешавад. Роҳбар ҳам вақте бо кормандонаш кор кард, ягон пешравӣ шуд, хушҳол мегардад”,-гуфт Абдураҳимов.

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон афзуд, солҳои наздик пасвандҳои русии “ов”-у “вич”-ро аз насабаш гирифтанӣ нест. “Танҳо ба хотири сафарҳои хориҷӣ доштан наметавонам ному насабамро тоҷикӣ кунам. Тамоми мо медонем, баъди ба тоҷикӣ гардондани ному насаб дар хориҷ ба мушкил дучор мешавем. Баъзеҳо ба мушкил дучор мешаванд аммо намегӯянд. Вақте муҳоҷирон бори аввал насабашонро тоҷикӣ карда, ба Русия рафтанд, азоб кашиданд. Баъд аз он боз насаби худро русӣ карданд. Ҳамин хел мушкил аст. Ман, ки сафари хидматиам зиёд аст, агар иваз кунам, шаш бори дигар дар хориҷа дар кашмокаш мешавам”,-афзуд Хайриддин Абдураҳимов.

Хайриддин Абдураҳимов афзуд, “пеш аз як корро кардан бояд таҳлил кардан зарур аст. Агар ба иваз кардани ном одам миллатдӯст ва ватандӯст шавад, ба Ватан хиёнат накунад, пас ман ҳам иваз мекунам. Тӯли чанд сол ман вазир будам, раиси Кумитаи амният будам, ки инҳо дар “учет”-ҳои махсус ҳастанд. Як сол - ду соли дигар мондааст, ҳамин корҳоямонро яктарафа кунем, баъд иваз мекунам, то дар вақти сафарҳо мушкил нашавад.”
Мӯҳр
Рахмат, Юсуфали!Инсони босавод будасти! Бо генерал якчоя кор кардагии, ки суханхои ошкоро гуфтаи? Ба кормандони " ОЗОДАГОН" х,ам барор мехохам, барои чопи суханхои хак,!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)