Бахшҳо

Пурсиш дар бораи истеъфо: Девонаев вақт надорад; Абдураҳимов худдорӣ кард; Неъматов ҷавоб дод

Ҳумайрои БАХТИЁР

Рӯзи шанбеи 16 ноябр дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ Эмомалӣ Раҳмон барои 7 соли ояндаи кораш ба унвони шахси аввали ҷумҳурӣ савганд ёд хоҳад кард. Мақомот мегӯянд, расми адои савганди оқои Раҳмон дар муқоиса ба дафъаи гузашта хеле “хоксорона” баргузор хоҳад шуд.

Аммо чизи муҳиме, ки аксарият гӯшу ҳушанд, истеъфои аъзои ҳукумат ва баргаштан ва ё барнагаштани онҳост. Бар асоси қонунҳои Тоҷикистон баъд аз маросими савгандёдкунӣ раисҷумҳури тозаинтихоб бояд аъзои ҳукуматро ба истеъфо фиристода, тимашро аз нав ташкил кунад. Бисёре аз коршиносон мегӯянд, ба эҳтимоли зиёд баъзе аз аъзои ҳукумат баъд аз истеъфо дубора ба курсии худ барнагарданд.

Хеле талош кардем, то бо чанде аз аъзои ҳукумат ҳам дар ин бора сӯҳбат карда, назарашонро бифаҳмем. Аммо аксари аъзои ҳукумат ё ба телефонҳои мо ҷавоб намедоданд ва ё ба ҷои онҳо ёвар ё котибаҳояшон мегуфт, “саволатонро мерасонам”.

Бо ин ҳол, рақами телефони чанде аз онҳоро, ки дар даст доштем, чидем. Сафиаллоҳ Девонаев, раҳбари Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, дар аввал хуб сӯҳбат карда, аммо бо шунидани пурсиш гуфт, ки кори зиёд дорад.

Озодагон: Аз шумо дар мавриди истеъфои мувақатии ҳукумат пурсиданӣ будем...

Девонаев:
“Шумо кори дигар надоред? Ман, Хадамот... кори бисёр дорад.”

Озодагон: Танҳо пурсиданӣ будем, ки ин истеъфоро чӣ гуна қабул мекунед...?

Девонаев: “Кори ман бисёр. Вақт надорам. Тамом.”

Генерал Хайрииддин Абдураҳимов, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, ҳам барои сӯҳбат чандон алоқамандӣ зоҳир накард.

Абдураҳимов: “Ҳар саволе доред, тавассути хадамоти матбуот ба мо расонед.”

Озодагон: Ин саволи мо марбут ба фаъолияти Шумост, на кумита.

Абдураҳимов: “Ба шахсияти ман чӣ савол медиҳед, корӣ бошад, марҳамат.”

Озодагон: Аммо ин масъала ба коратон рабт дорад, на шахсӣ...

Абдураҳимов:
“Не. Тамом. Ҳар чизе ҳаст, тавассути хадамоти матбуот бигӯед.”

Ҳамин тавр, чанде дигар аз раҳбарони идораҳои давлатӣ бо шунидани савол дар бораи истеъфо аз ҷавоб додан худдорӣ мекарданду серкории худро баҳона пеш меоварданд. Дар ин миён танҳо Маликшо Неъматов, раҳбари Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, аз посух ба ин пурсиш худдорӣ накарда, онро ба оромӣ қабул намуд. Оқои Неъматов гуфт, дар бораи истеъфои аъзои ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла худаш, аслан фикр ҳам накардааст.

Вай афзуд, умуман орзу надошт, то курсиеро дар ҳукумат соҳиб шавад: “Аммо ин насиб будааст. Ман дар як давраи кӯтоҳ сазовори боварӣ ва эътимоди роҳбари давлат шудам. То ҳадди имкону қудрату дониши худ барои рушди бахши мазкур талош доштам.”

Маликшо Неъматов дар идома гуфт, маросими савгандёдкунии дувуми Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар он ба ҳайси аъзои ҳукумат ширкат мекунад: “То имрӯз фикр накардам, ки баъд аз истеъфои навбатии ҳукумат ба вазифаи худ бармегардам, ё не. Инро ҳукумат ҳал мекунад. Агар ба дониш ва малакаи ман ниёз дошта бошанд, ба вазифаам бармегардонанд, ё ба вазифаи дигар мегузаронанд. Ҳар чизе бошад, онро қабул мекунам.”

Бо ин ҳама, коршиносон аз истеъфои навбатии ҳукумат интизории зиёд надоранд. Ба гуфтаи онҳо, шояд Эмомалӣ Раҳмон “рамзан” ба ислоҳот даст зада, бархе аз аъзои ҳукуматро ба нафақа гусел бикунад. Ин ҷо бештар аз нахуствазири 70-солаи кишвар Оқил Оқилов ном бурда мешавад. Аз аъзои ҳукумат, аз ҷумла синни Руқия Қурбонова (57), ноиби нахуствазири кишвар, Ҳамрохон Зарифӣ (64), вазири умури хориҷӣ, Гул Шералӣ (63), вазири саноат ва энержӣ ба нафақа расидааст.
Мӯҳр
Ман
Инхо барвакт вазифаро харидаанд.

Behtarin kor meshavad agar ogoi Nematov az varzish istefo ravad. Qasam ba khudo arzanda nesti Maliksho ho dar dictori hamto nadori vale afsus varzish in nes chand sole budi varzishro kharob kardi

Давлат
Бо ин хукумати хозира бовар кунед,хеч вакт зиндагии мардум ру ба бехбуди намеорад. Хамаи вазифахо харида ва фурухта мешаванд.

Ман дар мухолифи хукумат на ХНИТ ва Хсд ро мебинам балки азоени сатхи миенаи худи хукуматро охир ин номардист ки вазир хеч гох аз вазифааш рафтан намехохад сохибиансабони сатхи миена бошад ба сини нафака наздик мешаванд аз интизори ба хар намуд касалхо гирифторанд

kadome az vazironu raison bosavodu kordonand biguzor kor kunand.charo istefo metiyand?dar joi okilov ubaidulloevro monand ba fikram xubtar ast.

хусайн
Хамин Девонаев фомилашро дигар мекард хуб мешуд. Аз чаноби оли ибрат гиред!

вафо
факат модари дангараву модари кулобу фархор вазир мезоянд чи??

Кулоби
вафо,
Нафарони дар хакикат аз шахри Кулоб лагандбардор ва чоплус (подхалим)
нестанд ва хеч вакт нахоханд буд, барои хамин аз худи ш.Кулоб, ягон вазир дар хукумат нест . Хукуматдорони моро бисёр маъкул аст,ки зердастони онхо ба г....зи онхо лабайк гуянд,зеро худи онхо ин хислатро
доранд.

Э Р
кадр надоштабошен маҶбурем ай Данғара вазир монем

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Феврал 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)